Пажӯҳиши ахир, ки дар ин замина дар Тоҷикистон анҷом шудааст, муайян кард, ки пас аз иқомат дар Русия ағлаби муҳоҷирони ҷавон бо тағйироти куллӣ дар хулқу атвор, донишу фаҳмиш ва муносибат ба атрофиён ба ватан бармегарданд.
Ин пажуҳиш мегӯяд, дар ҳоле, ки муҳоҷират боҷуръатӣ ва озодандеширо дар аксарияти муҳоҷирони корӣ афзудааст, аммо теъдодеро ҳам ғарибтару каммасъулият кардааст.
Фирӯз Саидов, таҳлилгари Маркази мутолеоти стартегии назди президенти Тоҷикистон, ки дар гузаронидани пажӯҳиш саҳм дорад, мегӯяд, таъсири ин раванд бештар дар онҳое, мушоҳида мешавад, ки зиёда аз ду солро дар Русия сипарӣ кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ҳоло нисфи муҳоҷирон тоҷик, дар муҳоҷирати дарозмуддат қарор доранд. Вай мегӯяд, «ҳангоме, ки онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд, ба ватани худ аз зовияи тоза менигаранд ва камбудиҳо баҳои дигар медиҳанд. Зеро дар Русия онҳо нисбатан озод мешаванд ва на ҳама чизро, ки дар Тоҷикистон мегузарад, пазируфта метавонанд ва бархе ҳатто ин воқеиятро қабул накарда ба Русия бармегарданд. Зеро аллакай фикру ақидаи онҳо ивазу онҳо дунявӣ шудаанд.»
Ба гуфтаи Фирӯз Саидов, пажӯҳиши мазкур соли гузашта аз ҷониби Маркази мутолеоти стартегии назди президенти Тоҷикистон бо ҳадафи омӯзиши таъсири муҳоҷират ба шуурнокии ва рафтори муҳоҷирони корӣ анҷом шудааст. Дар доираи тадқиқот ҳудуди 1 ҳазору 500 хонавода аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мавриди назарпурсӣ қарор гирифтааст. Хулосаи аслии ин пажӯҳиш низ он будааст, муҳоҷират бештар ҷанбаҳои мусбат дорад ва муҳоҷирон пас аз баргаштан ба ватан ба ҷомеа нерӯ ва «хуни тоза»-ро ворид мекунанд. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, муҳоҷиронеро, ки аз Русия бармегарданд, аз сокинони дигар фарқ мекунанд. Зеро онҳо нисбатан фаъоланд, фикри худро озодона баён мекунанд ва мафкураи маҳдуд надоранд.
Муслиҳиддин 26 сол дорад ва зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ панҷ соли пеш баъда аз хатми факулати таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мисли дигар ҳамсолони худ барои кӯмак ба хонаводааш озими Маскав шуд. Муслиҳиддин мегӯяд, панҷ сол шояд чандон муҳлати зиёд нест, аммо барои дигар кардани тафаккури ӯ кофӣ будааст:
«Муҳоҷират ба фоида ман буд, зеро ҷаҳонбинии ман таъғйир ёфт ва метавонам бигӯям, ки ман тамоман одами дигар шудам. Ва агар ҳоло мушкиле пеш ояд, ман қабл аз ҳама фикр мекунам, ки ҳамин мушкилро дар Русия чӣ гуна ҳал мекунанд ва пасон бармегардам ба воқеяте, ки ман қарор дорам. То ҳадде рафтори ман нисбат ба тарбияи кӯдак дигар шуд. Зеро дар кишварҳои пешрафта тарбияти кӯдак аз ҳама муҳим арзёбӣ мешавад ва дар он ҷо кӯшиш мекунанд, ки бо онҳо муносибати дигаргун дошта бошанд. Яъне бо кӯдакон на чун бо кӯдак, балки чун ҳамсину соли худ бархӯрд мекунанд.»
Муслиҳиддин мегӯяд, ҳоло муносибаташ дар нисбати атрофиён низ мисли солҳои пеш нест ва ӯ акнун аз ғаразҳои шахсӣ кор намегирад. Агарчӣ ба гуфтаи Муслиҳиддин, ғурбат пайванди ӯро бо волидайн ва хешу ақрабо мустаҳкамтар намудааст, вале Аршиёри Абдуманнони 36-сола, яке аз дигар муҳоҷирони тоҷик, ки солиёни зиёд дар шаҳри Твери Русия ба тиҷорат машғул аст, мегӯяд, ки аксари ҷавонони муҳоҷир дар зери таъсири фарҳанги ин кишвар монда, бегона ва дар нисбати хонаводаҳояшон каммасъулият шудаанд.
Аршиёр мегӯяд, «рафтору кирдори эшон бештар ба рафтору кирдори насли мудерни Русия монандӣ дорад, онҳо менӯшанд, дар клубҳо сархӯшанд, ки ин ҳама онҳоро аз масъулият дур кардааст. Масъулияте, ки бояд падарони пири худро нигаҳбон бошанд, вазъи иҷтимоии хонаводаро сарпарастӣ кунанд. Яъне, аз ин чизҳо ҷавонон фориғ мондаанд. Ва меҳру муҳаббати онҳо қариб, ки аз байн рафтааст.»
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ҷомеъашиносон мегӯянд, ҷавонон ки ҳанӯз шахсияташон дар ҳоли такомул аст, мутаносибан рушди онҳо низ зери таъсири муҳити мавҷуда шакл мегирад. Ва он, ки ҷавонон маҳз дар ҳамин син аз хонаводаи худ канда ва мустақил мешаванд, ҳисси муҳаббат ва таллуқ ба хонавода кам мегардад ва аз лиҳози равони эҳсосе бениёзиро дар онҳо ба вуҷуд меорад.
Аммо ҳамзамон Бобоҷон Қаюмов, равоншиноси тоҷик ба паҳлӯи мусбии раванди муҳоҷират ишора мекунад ва мегӯяд, «вақте як ҷавон аз деҳот ба Русия меравад ва дар он ҷо ба коре машғул мешавад, ҳамчунин аз баъзе пешрафтҳои техникиву маданияти баланди дигар миллатҳо огоҳӣ пайдо мегардад, табиист, ки дар зеҳни ин ҷавон таъсири мусбат мерасонд ва андешаҳояро рушд медиҳад.»
Ба гуфтаи Бобоҷон Қаюмов, як падидаи хуби ин раванд дар он аст, ки ҷавонони тоҷик вақте зиндагии беҳтарро мебинанд, дар фикри тағйири тарзи ҳаёти худ ва дастёбӣ ба муваффақият мешаванд.
Аммо бо ин ҳама аз нигоҳи нозирони умур, он идда муҳоҷироне, ки ба таври гурӯҳи дар манотиқи мухталифи Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар рафтору гуфтор ва кирдори онҳо нисбат ба атрофиёнашон дигаргунӣ камтар ба назар мерасад. Вале муҳоҷироне, ки ба таври алоҳида дар гӯшаву канори ин кишвар буду бош доранд ва фарҳанги омехтаеро ба худ мегиранд, ҳатман ба феълу атвори онҳо ҳам асар хоҳад кард. Яъне бархӯрди онҳо бо атрофиён ҳамон гунае хоҳад буд, ки аз он муҳит гирифтаанд.