Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Арабистони Саудӣ метавонад байни Эрон ва Амрико миёнҷӣ шавад?


Муҳаммад бин Салмон ва Доналд Трамп
Муҳаммад бин Салмон ва Доналд Трамп

Тибқи гузоришҳо, Арабистони Саудӣ бо ҳадафи таъмини суботу амният дар минтақа ва маҳдуд кардани ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон, пешниҳоди миёнҷигарӣ дар музокироти байни ду рақиби суннатӣ -Эрон ва Амрикоро додааст.

Ин дар ҳолест, ки ба назар мерасад Риёз худро ба унвони як қудрати иқтисодӣ ва дипломатӣ матраҳ мекунад.

Пас аз мусоидат дар аввалин гуфтугӯҳои сатҳи боло байни мақомоти Амрико ва Русия аз замони оғози ҷанги Украина, Риёз ҳамакнун худро ба унвони миёнҷӣ дар як музокироти дигар -- ин бор байни Амрико ва Эрон қарор додааст.

Шабакаи CNN, ки аввалин шуда ин хабарро нашр кард, гузориш медиҳад, ки ҳанӯз маълум нест, оё саудиҳо ба таври расмӣ пешниҳоди миёнҷигарӣ кардаанд ё не. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Риёз ангезаҳои қавӣ барои миёнаравии музокирот дорад ва мумкин аст нисбат ба миёнаравҳои суннатӣ ҷойгоҳи беҳтаре барои овардани Амрико ва Эрон ба мизи гуфтугӯҳо дошта бошад.

"Риёз дар пайи ёфтани роҳе барои расидагӣ ба нигарониҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ва ҳамчунин фаъолиятҳои минтақаӣ ва ҳимоят аз нерӯҳои ниёбатӣ аст",-мегӯяд Григорий Брев, таҳлилгари аршади "Гурӯҳи Авруосиё" дар Амрико.

Вай дар идома гуфт, "бо таваҷҷуҳ ба алоқаи Риёз ба худдорӣ аз зиёд шудани таниш дар Халиҷи Форс, эҳтимолан дипломатияро ҳамчуни як абзори муассиртар барои ҳалли ин масъалаҳо мебинад, то амалиёти низомӣ".

Саудӣ хостори субот аст

Арабистони Саудӣ дар соли 2016 ва пас аз ҳамла ба ниҳодҳои дипломатиаш аз сӯи эътирозгарон хашмгин дар Эрон, дар пасманзари эъдоми як рӯҳоии шиа дар Саудӣ, робиташро бо Теҳрон қатъ кард.

Ду сол баъд, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико кишварашро аз созишномаи ҳастаии соли 2016 бо Эрон берун кард. Саудиҳо аз ҷумлаи душманони Эрон буданд, ки аз ин иқдом истиқбол карданд.

Дар соли 2019 шӯришиёни ҳусӣ дар Яман, ки аз ҳимояти Эрон бархӯрдор ҳастанд, ҳамлаи мушакӣ ва паҳбодии густурдаеро алайҳи таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ анҷом доданд, ки ба шиддат ба тавлиди нафти хоми ин кишвар зарба зад.

Аммо аз он вақт то кунун бинобар созише бо миёнаравии Чин дар моҳи марти соли 2023, ки ба барқарории робитаҳо байни Теҳрон ва Риёз анҷомид, чизҳои зиёде тағйир кардааст.

Арабистон ва Эрон соли 2023 бо миёнҷигии Чин робитаи худро барқарор карданд
Арабистон ва Эрон соли 2023 бо миёнҷигии Чин робитаи худро барқарор карданд

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ аз муддатҳост, ки ҳадаф дорад дар чаҳорчӯби барномаи Vision 2030, кишварашро бе пойбандӣ ба фоида аз нафт, ба як қудрати иқтисодӣ ва дипломатии ҷаҳон табдил диҳад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, Арабистони Саудӣ ниёз ба субот дар Ховари Миёна дорад.

Беҳном Толиблу, таҳлилгари масоили Эрон дар Бунёди дифоъ аз демократия дар Вашингтон, мегӯяд, «Риёз умедвор аст, бо татбиқи услубе бо Теҳрон аз тариқи одисозии робитаҳои дипломатӣ, асосан дар мадори Ғарб боқӣ бимонад ва худро аз ҷойгоҳе, ки дар он як даргирии минтақаии калонтар марбут ба Эрон мавриди баррасӣ қарор мегирад, дур нигаҳ дорад".

Дар ҳоле, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон расман исрор дорад, ки дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ нест, баҳсҳо дар дохили Эрон дар ин бора вуҷуд дорад. Ба вижа пас аз он, ки гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар минтақа ба шикаст рӯбарӯ шудаанд.

Абдулазиз Сағир, мудири Маркази таҳқиқоти Халиҷ дар Арабистони Саудӣ ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ гуфт, ки Риёз "қотеъона мегӯяд", ки ин ба Эрон бастагӣ дорад, ки оё мехоҳад барномаи сулҳомези ҳастаи худро ҳифз кунад ё не".

Вай дар идома гуфт, бо ин ҳол, густариши барномаи ҳастаии Эрон пас аз хуруҷи Трамп аз созиши ҳастаӣ, "замонати сулҳомез боқӣ мондани ин созишро намедиҳад".

Ҳавасмандиҳои Эрон

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ҳафтаи гузашта дурнамои гуфтугӯи мустақим бо Трампро бар сари созиши ҳастаии нав рад кард ва таъкид намуд, ки наметавон ба раиси ҷумҳури Амрико эътимод кард. Коршиносон мегӯянд, дар инҷо Арабистони Саудӣ метавонад қотеият нишон диҳад ва нерӯи дипломатии худро ба кор барад.

Григорий Брев мегӯяд, рӯи коғаз саудиҳо метавонанд ба эрониҳо чизҳоеро пешниҳод кунанд, ки миёнаравҳои анъанавӣ, яъне Умон ва Қатар наметавонанд ироа диҳанд.

Арабистони Саудӣ бештар аз Эрон аз созиши одисозии соли 2023 фоида бурдааст. Бисёриҳо дар Эрон шикоят доранд, ки Теҳрон аз бозгардонидани робита бо ин кишвари аз назари иқтисоди қудратманди суннимазҳаб фоидаи чандоне набурдааст.

Ба гуфтаи Григорий Брев, "Эрон роҳҳое меҷӯяд, ки аз созиш то дараҷае фоидаи иқтисодӣ ба даст биорад ва Арабистони Саудӣ як роҳи табии ба даст овардани он аст, агар саудиҳо битавонанд сармоягузорӣ, тиҷорат ва дигар имтиёзҳо пешниҳод кунанд.”

Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ибтидои соли 2013 музокироти маҳрамонаеро пеш аз баргузории нишастҳои умумӣ баргузор карданд, ки дар ниҳоят боиси имзои созиши ҳастаӣ дар соли 2015 шуд.

XS
SM
MD
LG