Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯи тоҷик дар Душанбе 23 сол зиндонӣ шудааст


Фаррух Икромов
Фаррух Икромов

Фаррух Икромов, паноҳҷӯи тоҷик, ки моҳи апрели имсол аз Лаҳистон ихроҷ шуда буд, дар Душанбе ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст. Ин хабарро ду манбаи наздик ба мухолифони ҳукумат дар Аврупо тасдиқ карданд, вале мақомот дар Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҳукм маълумоти расмӣ надодаанд.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Фаррух Икромовро моҳи октябр аз Боздоштгоҳи Душанбе ба маҳбас интиқол додаанд.

Саидисҳоқ Бобоев, фаъоли маданӣ дар Аврупо низ ба Радиои Озодӣ гуфт, як нафаре, ки тоза озод шудааст, Фаррух Икромовро дар боздоштгоҳ ва дар рӯзҳои интиқолаш ба зиндон дидааст. Ба гуфтаи манбаъ, “Фаррух ба ин нафар мегӯяд, ки ба наздиконаш расонад, ӯро 23 сол зиндонӣ карданд”.

Пайвандони Фаррух Икромов, ки берун аз Тоҷикистон ҳастанд, аз ҳукми ӯ бехабарӣ карданд. Яке аз наздикони Икромов бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "фақат як амакамон дар дохили Тоҷикистон зиндагӣ дорад ва гоҳ-гоҳ хабараш мегирад."

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ бенатиҷа буд. Дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ба зангҳои мо посух надоданд.

Фаррух Икромови 36-соларо моҳи апрели имсол аз Лаҳистон берун карда, ба Тоҷикистон фиристода буданд. Ӯ аз соли 2016 бо ҳамсар ва ду фарзандаш дар инҷо мезист.

Абдусаттор Бобоев
Абдусаттор Бобоев

Абдусаттор Бобоев, мудири Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар Лаҳистон ба ӯ паноҳандагӣ надода буданд".

"Ба ин далел ӯ ба Олмон рафт, аммо ӯро дубора ба Лаҳистон фиристоданд. Дар урдугоҳе нигаҳдорӣ буд,"-афзуд Бобоев.

Мухолифони ҳукумат пеш аз фиристодани Фаррух Икромов ба Тоҷикистон гуфта буданд, ӯ дар эътирозҳои соли 2023 ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ширкат дошт ва барои ҳамин метарсанд, ки дар Тоҷикистон шиканҷа ва ба муддати дароз зиндонӣ хоҳад шуд.

Дар гузашта Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чандин фаъоли сиёсиро бозпас ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки аксари онҳо барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Созмонҳои байнулмилали ҳуқуқин инсон ин амалкардҳои кишварҳои аврупоиро шадидан танқид кардаанд. Намунаи ахир ихроҷи Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯи 40-сола аст, ки 7-уми ноябри имсол аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуд.

XS
SM
MD
LG