Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атри "Шабнам" + шампуни "Нозия"... (ВИДЕО)


Дар арафаи иди 8 март дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон атру шампунҳое бо номи ситораҳои мусиқӣ -- Манижа, Нигина, Шабнами Сураё, Шабнам Собирӣ, Нозия, Садриддин ва дигарон ба фурӯш омадааст.

Ин атру шампунҳо, зоҳиран, дар хориҷи кишвар таҳия шудаанд ва барои намуна, «Нозия Raksan», «Шабнам ва Фарзона», «Шабнам Собирӣ Raksan», «Садриддини Наҷмиддин» ва ғайра ном дошта, чандон гарон нестанд ва барои хоҳишмандони тӯҳфаҳои идона имкониятеро фароҳам меоранд, ки бо харҷи камтар модар ё ҳамсар, хоҳар ё маҳбубаи худро, агар онҳо мухлиси ин овозхононанд, шод гардонанд.

Ҷаъфар Искандар, як ҷавони 19 сола, ки атри «Нозия Raksan»-ро барои хоҳараш харидорӣ мекард, дар сӯҳбат ба мо гуфт, ин атр ҳам арзон аст ва ҳам барои тӯҳфа қуллай. Дар дохилаш ҳам атр ва ҳам шампун дорад. Вай гуфт: «Баъдан ман, ки мухлиси ашадии Нозия ҳастам ба ҳамин хотир низ харидори кардам ин атрро. Вай духтари зебо буда, бароям писанд аст. Хоҳарам ҳам дӯсташ медорад, бинобар ин маҳз атрии Нозияро барояш тӯҳфа гирифтам.»

Дар бозори «Корвон» харидорон бештар ба атру шампунҳои Шабнаму Фарзона, Манижаву Зулайхо ва ё Садриддину Нигина таваҷҷӯҳ доштанд. Бештари нафароне, ки ин навъ атрҳоро харидорӣ мекарданд, мегуфтанд, ки онҳо ба хотири мухлис буданашон низ атри сарояндаҳоро мехаранд. Ҷовидон Олимзода, ки атри «Шабнам ва Фарзона»-ро харид, гуфт онро барои дӯстдухтараш гирифт, ки мухлиси Шабнам буда, дар либоспӯши аз ӯ пайравӣ мекунад.

Ҷовидон ин «ихтироъ»-и фурӯшандагонро як «найранги тиҷоратӣ» номид: «Савдогарон фаҳмида чунин кардаанд. Ошиқони Нигина кам нестанд ку. Чашми ҳар касе афтид, ҳатман таваҷҷӯҳ мекунад. Ҳар кас мехоҳад дар хонааш акси Нигинаву Шабнамро дошта бошад. Ё бо шампуни Нигина сар бишӯяд. 16 сомонӣ арзиш дорад, ки то рӯзи 8-уми март боз нархаш боло меравад.»

Худи савдогарони бозор низ инро тасдиқ мекунанд, ки ба хотири ҷалби мардум ин амалро анҷом додаанд. Ҷумъахон, як савдогар ва тоҷири бозори "Корвон", ки нахост насабаш гуфта шавад, сешанбеи 4-уми март мегӯяд, танҳо акси сарояндаҳоро ба Чин равон карда, фармоиш медиҳад, дар қуттиҳои атр аксашонро насб кунанд. Зеро бо дидани акси Шабнам, Манижа, Зулайхо, Садриддин ва дигар ҳунармандон таваҷҷӯҳи мардум бештар мешавад. Ҷумъахон ба суоли он, ки «Оё худи сарояндаҳои аз ин амали онҳо хабар доранд ё не? Оё аз онҳо барои анҷоми ин кор иҷоза мепурсанд ё на?» гуфт, сарояндаҳо набояд аз тоҷирон ранҷанд, зеро ин барои онҳо таблиғи бепул аст.

Аммо ин дар ҳолест, ки бештари сарояндаҳои аз пайдо шудани атру шустаниҳои хушбӯй бо номашон изҳори бехабарӣ мекунанд. Иддае аз онҳо мегӯянд, намехоҳанд, тариқи чунин маҳсулоти пастсифат реклама карда шаванд. Тоҷирон барои анҷоми ин гуна коре аз онҳо боре иҷоза намепурсанд.

Шӯҳрат Назаров, ёрдамчии сарояндаи ҷавони тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева афзуд, аз он, ки дар атрҳои «2-сомонӣ», ки акси сарояндаҳаро монда ба қавле реклама мекунанд, барояшон аслан лозим нест. Ин баръакс обрӯй сарояндаро паст мекунад: «Намедонам чаро Вазорати фарҳанги мо инро назорат намекунад. Ҳама худсарона кор мекунад.»

Шабнам Собирӣ, сарояндаи тоҷик ҳарчанд аз пайдо шудани атр бо аксу номаш дар бозорҳои Душанбе хабар надорад, аммо аз ин амали тоҷирон пазироӣ мекунад. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин кор шикояте надорад. Зеро ба қавли ин ҳунарманди тоҷик, дар кишварҳои хориҷа барои реклама кардани худ сарояндаҳо маблағи хеле зиёд сарф мекунанд. Вай афзуд: «Агар аксҳои моро дар атрҳои 100-200 доллара монанд, мардум аз куҷо пул меёбад, ки онҳоро харидорӣ кунанд. Тоҷирон низ онҳоро бо нархи 10-15 сомон мефурӯшанд, ки барои мардуми камбизоат ҳам дастрас бошад.»

Бозори гарми атрҳои сарояндаҳои тоҷик дар ҳолест, ки чанд соли пеш дар бозорҳо матоъҳои зиёде низ бо номҳои «қоши Эмомалӣ», «Чашми Зулайхо» ва монанди ин пайдо шуда буданд, ки маъмулан номи онҳоро худи тоҷирон мегузоштанд, то харидори бештаре дошта бошанд. Дар атрҳои Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сураё, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова, Манижаву Нозия аз 10 то 35 сомонӣ арзиш дошта, дар дохилаш як атри фирмаи номаълум бо номи «Lustre» ва шампуни «Haed&shouldres” гузошта шудааст. Ба қавли савдогарон, гӯё ин бастаи атрҳо аз Чин оварда мешаванд, аммо шампуни дохили қутии атр аз Русия мебошад.


XS
SM
MD
LG