Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи зудрас: зарурат ё интиқоли бе кашокаши қудрат?


​Дар ин рӯзҳо дар маҳофили сиёсии Қазоқистон дар бораи баргузории интихоботи зудраси парлумонӣ сӯҳбатҳо доғ шудааст.

Раҳбарони ҳизбҳои ҷонибдори раисиҷумҳури Қазоқистон мегӯянд, ки аз имкон дур нест, мисли интихоботи президентии он кишвар интихоботи парлумонӣ низ пеш аз мӯҳлат баргузор шавад. Вале дар бораи зарурати баргузории интихоботи пеш аз вақт назарҳо яксон нестанд. Гурӯҳе ба ин ақидаанд, ки он бо заиф шудани рушди иқтисоди Қазоқистон вобаста аст. Бархе дигар онро василаи интиқоли ба истилоҳ “бе дарди сар”-и қудрат медонанд.

Дар мусоҳибае аз Казис Тогузбаев,коршиноси умури Қазоқистон пурсидем, пешгӯиҳо дар бораи имкони баргузории интихоботи пеш аз вақт бо чӣ иртибот дорад? Ӯ гуфт, “пешгӯиҳо бо он иртибот дорад, ки мардум рӯйдодҳои соли ҷории Қазоқистонро маҷбуранд баррасӣ кунанд. Интизор мерафт, арзиши пули миллии Қазоқистон поин равад. Барои пешгирӣ аз он интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор карданд. Вале баъд аз интихобот ва баргузории 75-солагии президент Нурсултон Назарбоев девалватсия ё камарзиш шудани пули миллӣ дар воқеъ мушоҳида шуд. Дар ин бора коршиносон пешгӯӣ карда буданд ва гуфта буданд, ки арзиши пули миллӣ поин меравад. Ҳамин тавр ҳам шуд.”

Озодӣ: Оё мақомоти давлатӣ метавонанд ин интихоботро чун василаи интиқоли қудрат истифода кунанд, то баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонии Қазоқистон интиқоли қудрат бидуни кашмакашҳои сиёсӣ сурат бигирад?

Тогузбаев: “Сиёсатшинос Досим Саптаев бар ин ақида аст, ҳоло ҳар тадбире, ки ҳукумат анҷом медиҳад, як ҳадафро дунбол мекунад ва он ҳам интиқоли бидуни кашокаши қудрат ё зимоми раҳбарӣ аст. Бо назардошти синни Назарбоев ва муддатҳои тӯлонӣ дар қудрат боқӣ мондани вай, ҳама интизоранд, ки саранҷом интиқоли қудрат сурат мегирад. Барои ҳамин сиёсатшиносон мегӯянд, ки таъмини интиқоли бехатари қудрат ҳадафи аслии ин интихобот ба шумор меравад. Саптаев масъалаҳои дигар, яъне кунд шудани рушди иқтисод ва поин рафтани арзиши пули миллиро масъалаҳои дуввумдараҷа мешуморад. Барои ҳамин вай шакк надорад, ки интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.”

Озодӣ: Коршиносон мегӯянд, ки дар остонаи интихоботи парлумонӣ имкони бастани баъзе ҳизбҳои сиёсӣ низ вуҷуд дорад ё мумкин аст баъзе ҳизбҳо бо ҳам муттаҳид шаванд ва як ҳизбро ташкил диҳанд. Агар чунин имкон вуҷуд дорад, Шумо фикр намекунед, ки ин кор ба истилоҳ бо “кумак”-и ҳукумат сурат мегирад?

Тогузбаев: “Баъид ба назар мерасад, ки баъзе аз ҳизбҳо, аз қабили Ҳизби коммунист, ки мухолифи ҳукумат аст, ба бастани худ розӣ шаванд. Вале ин ҳизб баста шуд. Аз сӯи дигар, баъзе ҳизбҳои ҷонибдори раисиҷумҳур фаъолияти худро қатъ карданд. Ба ин гурӯҳ Ҳизби ватанпарастони Қазоқистон ва ҳизби “Ауил” дохил мешаванд. Ин ҳизбҳо фаъолияти худро қатъ карданд ва бо ҳам муттаҳид шуданд. Аз як сӯ раҳбарони ин ҳизбҳо худашон гӯё мехостанд, ки муттаҳид шаванд, вале аз сӯи дигар мегӯянд, ки ҳукумат ба онҳо ин машваратро додааст. Бино бар ин ҳоло аз ин ду ҳизб як ҳизби нави ватанпарасти “Ауил” ташкил шудааст. Мумкин аст ҳукумат ба онҳо чизе ваъда дода бошад, вале ин ваъдаҳо умедбахш нест.”

XS
SM
MD
LG