Як гуруҳ аз занони хонашин дар Вахш, ки қаблан барои овоздиҳӣ ба интихобот намерафтанду ба ҷои онҳо як нафар “калони хона” ё марди ҳамсоя раъй медод, баъди иштирок дар давраи омӯзишӣ дар бораи интихобот назарашонро иваз кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз ин ба баъд раъйи худро ҳифз хоҳанд кард.
Амрика Ҳаётова, сокини 62-солаи ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш, яке аз чунин занҳост ва мегӯяд, ҳамагӣ чанд рӯз пеш огоҳ шудааст, ки шахсан бояд ба назди сандуқҳои раъй рафта, ба номзади мавриди назараш овоз диҳад.
Ҳаётова гуфт, хонаводаи онҳо суннатист ва пештар аз ҳузураш дар интихобот, махсусан дар миёни мардони зиёд, шарм медошт: “Ба
интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ чандон аҳамият намедодам ва ба ҳамин хотир аз марди ҳамсоя хоҳиш мекардам, то аз номи ман ва ҳатто фарзандонам ба ягон кас овоз диҳад.”
Ин сокини 62-солаи ноҳияи Вахш дар қатори 520 хонуми рустоӣ аз ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш рӯзи 1 феврал дар давраи омӯзишии созмони иҷтимоии “Рушд”-и вилояти Хатлон дар мавзӯи “Мусоидат кардан ба иштироки фаъолонаи занон дар интихоботи парлумонӣ” иштирок кард. Ҷамоати “Тоҷикобод” зодгоҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки дар водии Вахш мардумашро бештар бо суннатӣ будан мешиносанд.
Юсуф Муҳаммадзода, сардори созмони ҷамъиятии “Рушд” дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба хотири огоҳ шудани занони хонанишин аз интихоботу раъйи сокинон махсус ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахшро интихоб кардаанд: “Омӯзиш танҳо барои занони хонанишине буд, ки дар ҷое кор намекунад. Занҳо ҳавасманд буданд, дар машқҳои овоздиҳӣ хело фаъол буданд, ки ормонҳо ва камбуди мардуми деҳаашонро баён мекарданд. Дар деҳот ба ҷои занон раъй додани мардҳои хонавода ва ҳатто марди ҳамсоя ҷой дорад.”
Масъули созмони ҷамъиятии “Рушд” мегӯяд, аз 520 зане, ки ба давраи омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд, маълум гардидааст, 315 нафар ё 61 дарсади онҳо дар интихоботи президентии соли 2013 иштирок накардаанд. Юсуф Муҳаммадзода мегӯяд, аксари занон гуфтаанд, интихобот кори мардон аст, на занон:
“Шумораи дигари занон серкорияшонро баҳона мекунанд. Маълум шуд, онҳо ба маъракаи сиёсии интихобот чандон аҳамият намедоданд. Аммо ҳоло дарк кардаанд, ки интихобот барои онҳо муҳим аст. Барои он деҳоти "Тоҷикобод"-ро интихоб кардем, ки мардумаш суннатӣ ҳастанд. Дар дигар маҳалҳо низ занҳое ҳастанд, ки ба интихобот намераванд. Дар ҳоле ки бештари мардҳо дар муҳоҷират ҳастанд, хуб мебуд зану духтари онҳо дар интихобот иштирок кунад.”
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони хатлонӣ низ дар пешорӯи интихоботи парлумонии кишвар, ки то баргузории он 25 рӯзи дигар мондааст, мегӯянд, дар водии Вахш занон чандон ба интихобот бовар надоранд ва дар рӯзҳои интихобот онҳо камтар зоҳир мешаванд, ки ин аз ноогоҳии сиёсии онҳо дарак медиҳад.
Созмони иҷтимоии “Рушд” дар вилояти Хатлон соли гузашта дар миёни 11 деҳоти ҷамоати “Меҳнатобод”-и ноҳияи Бохтар низ назарсанҷӣ анҷом дода ба хулосае омад, ки аз 142 зан 64 дарсади онҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 нарафтаанд ва ба ҷои онҳо аъзои дигари хонавода ва ҳатто ҳамсояҳо раъй додаанд. Бархе аз занон омили ба интихобот нарафтанашонро нобаробарии ҳуқуқи миёни занону мард дар хонаводаҳои суннатӣ арзёбӣ карданд.
Созмони иҷтимоии “Рушд” дар ҷануби Тоҷикистон аз соли 2002 расман фаъолият мекунад, ки беш аз 20 лоиҳаро мустақиман анҷом дода, ҳадафаш мусоидат ба рушди демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аст. Ин созмон бо кӯмаки молии хазинаи Канада CFLI – (Canada Fund for Local Initiatives) оид ба ташабусҳои маҳаллӣ, фаъолият кардааст.