Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳдид карданд." Парвандаи сарбози рус дар Тоҷикистон баста шуд, вале...


Ян Букин. Акс аз бойгонӣ
Ян Букин. Акс аз бойгонӣ

Муфаттишони пойгоҳи ҳарбии Русия дар шаҳри Душанбе пас аз ним сол баҳс парвандаи сарбоз Ян Букинро бастанд.

Модараш, Елена Букина, рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд қазия ба фоидаи онҳо тамом шуд, вале ҳарос дорад, ки писарашро дубора ба ҷанг дар Украина хоҳанд фиристод. "Ҳоло талош дорем, ки қарордоди хидмати низомии писарамро пурра қатъ кунем," – афзуд ӯ.

Ян Букин дар соли 2022 ҳангоми ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина аз манаҳаш захм бардоштааст. Мақомоти кишвараш ӯро барои “бе сабаб ва бо таъхир ҳозир шудан” ба макони хидмат дар пойгоҳи Русия дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон муттаҳам карданд. Бар вай то 10 сол зиндон таҳдид дошт.

Модари Ян Букин гуфт: "Ман, писарам ва вакили мудофеъ тамоми корро барои барқарории ҳақиқат кардем. Барои он мубориза бурдем, ки писарам ғайриқонунӣ муттаҳам шуда буд. Ин хеле душвор буд. Ҳоло саломатиям чандон хуб нест, аз писарам низ. Ҳарду бояд табобат гирем."

Ин зан афзуд, барои ҳақталошияш дар Русия таҳдид ҳам гирифтааст: "Мақомоти Русия гуфтанд, ки барои тамос бо хабарнигорони байнулмилалӣ ҷавоб хоҳам дод. Ба писарам низ фишор оварданд. Ман ба шумо, рӯзноманигорон, изҳори сипос мекунам. Мехоҳам ба волидон тавсия диҳам, ки ба иттиҳомҳои ғайриқонунӣ бовар накунанд. То охир мубориза баранд. Фарзандон ба ҷуз аз падару модар ба ҳеч кас даркор нестанд, бахусус низомиён парвои онҳоро надоранд."

Дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе, дар робита ба қазияи Ян Букин нахостанд, ки маълумот диҳанд.

Кӯшиши мо барои тамос бо худи Ян Букин низ бенатиҷа монд. Вай дар гузашта парвандаи ҷиноиро комилан беинсофӣ хонда, гуфта буд, ки саломаташ хуб нест, бино бар ин, намехоҳад хидматро идома диҳад.

Ба қавли вакили мудофеаш, Букин танҳо то 6 рӯз ба таъхир ҳозир шудан ба макони хидмати ҳарбиро бар дӯш гирифтаасту бас.

"Тибқи хулосаи ниҳоии коршиносони тиббӣ, ки 2-юми апрели соли 2025 дастраси мо гардид, сарбоз Ян Букин барои хидмати ҳарбӣ корношоям дониста шуд ва минбаъд аз адои хидмати ҳарбӣ низ озод мегардад. Ҳоло Букин метавонад барои дастрасӣ ба кафолатҳои иҷтимоӣ ба ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад," – гуфт вакил Далер Қурбонов.

Ян Букини 22-сола фарзанди ягонаи оила буда, то ҳол хонадор нашудааст. Модараш дар шаҳраки Бачатскийи Кузбасс зиндагӣ дорад.

Русия дар охири моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард. Радиои Озодӣ пештар дар бораи ҷалби сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия ба ҷанг гузориш нашр карда буд. Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Ба ман таҳдид карданд, ба писарам фишор оварданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00
XS
SM
MD
LG