Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии виҷдон. Пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар Душанбе чӣ гуфтанд?


Дар Тоҷикистон вазъи озодии дин ва ҳиҷобу ришро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Пайравони динҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, дар ин бора суҳбат карданд, ки то куҷо ҳаққи мардум барои иҷрои русуми диниашон дар Тоҷикистон риоят мешавад.

Тартиботи дохилии ҳар созмону идора?

Дар нишасти рӯзи 29-уми октябр бештар суҳбатҳои ризоятмандона садо дод. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷиистон, гуфт, дар "радифи даҳҳо дастовард дар соҳаи озодии виҷдон, мо таҷрибаи ҳамзистии осоиштаи пайравони дину мазҳабҳои гуногунро дорем".

Баръакси ситоиши ӯ, Тоҷикистон ҳар сол аз сӯйи созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумисюни озодиҳои динии Амрико, барои поймоли ҳуқуқи диндорон, аз ҷумла ҳуқуқи мусалмонон ва таъқиби пайравони "Шоҳидони Яҳво" танқид мешавад.

Сулаймон Давлатзода
Сулаймон Давлатзода

Давлатзода дар посух ба ин танқидҳо гуфт: "Оё шумо ягон намунаеро медонед, ки ягон кас дар Тоҷикистон вобаста ба эътиқоди динияш мавриди табъиз қарор гирифтааст? Баъзе аз намунаҳое, ки онҳо зикр мекунанд, ба монанди тарошидани ришу ба муассисаҳои давлатӣ иҷозат надодан бо пӯшишҳои мазҳабӣ бармегардад ба эътиқоди шахсӣ. Мо дар қонунгузорӣ чунин маҳдудият надорем. Ҳар ташкилоту идора тартиботи дохилии худро дорад. Мо ба тартиботи дохилии ҳар як ташкилоту идора масъул нестем."

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар моҳи июни имсол ҷазоро барои риоя накардани қонуни танзими ҷашну маросим, ки акнун манъи либоси ба истилоҳ "бегона"-ро дар бар мегирад, сахттар карданд. Либоси "бегона" дар Тоҷикистон шарҳи ягона надорад, аммо мақомот бештар пӯшиши исломиро ба мисли ҳиҷобу чодари сиёҳи занон ҳадаф гирифтанд.

Исмоилия ва ҷамоатхона

Пойгоҳи "Forum 18", ки вазъи озодиҳои диниро дар ҷаҳон бозтоб медиҳад, моҳи январи имсол дар гузорише ба нақзи ҳуқуқи диниву эътиқодии исмоилиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид кард. Ин пойгоҳ дар гузоришаш гуфт, мақомот баъд аз амалиёти баҳори соли 2022 маконҳои намозгузориро дар минтақа ва Маркази таълимии исмоилиро дар Хоруғ бастаанд.

Маҳрамбек Маҳрамбеков, раиси Ҷамоатхонаи исмоилӣ дар пойтахти Тоҷикистон, баръакс, гуфт, "таъсис ва фаъолияти Ҷамоатхонаи шиаи имомии исмоилӣ дар шаҳри Душанбе маҳз натиҷаи татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳам дастоварди истиқлол мебошад".

Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури озодиҳои динӣ, моҳи апрели соли гузашта дар суҳбати вижа бо Радиои Озодӣ бо нигаронӣ дар мавриди ҳуқуқи исмоилиҳо гуфт, "он маълумоте, ки мо дар даст доштем, бар асоси мушоҳидаҳои бевоситаамон дар Бадахшон тасдиқи худро ёфтанд".

"Нигоҳи ҷомеа дигар аст, вале бархӯрд тунд нест"

Меҳрангез Мамадова, як масъули ҷомеаи баҳоиёни Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд аз сӯйи давлат барои фаъолияти онҳо монеагузорӣ нашудааст, навъи нигоҳи ҷомеа маъмулӣ нест.

Ӯ афзуд: "Баъзеҳояшон мегӯянд, ин дин аст. Вақте мо дин мегӯем, тасаввур мекунем, ки бояд рӯсарӣ бошад ва куртаву эзор. Ин стреотип ҳаст дар ҷомеа. Вақте мегӯям, ки мо ба Худо бовар дорем, каме ҳайрон мешаванд, аммо бархӯрди тунд аслан нест."

Меҳрангез Мамадова
Меҳрангез Мамадова

Ҳамин гуна суҳбатҳои ризоятмандонаи намояндагони дину боварҳои гуногун аз набудани фишор ба озодиҳои эътиқодӣ дар нишасти Душанбе садо дод.

Ин дар ҳолест, ки Кумисюни Амрико дар бахши озодии дин 11-уми декабри соли 2023 аз Департаменти давлатӣ хост, Тоҷикистонро барои нақзи давомдор ва дағалонаи озодиҳои динӣ ба унвони кишвари мавриди нигаронии хос бишиносад ва ба зидди мансабдорон баъзе таҳримҳо ҷорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG