Хадамоти амнияии федералии Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки афроди боздоштшуда қасд доштанд, ҳудуди ду ҳафта пеш ҳамзабон бо баргузории ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қрим, ҳамлаҳоеро дар чанд минтақаи Русия аз ҷумла Волгоград, Ростов ва Тотористон анҷом диҳанд. Гуфта шудааст, ки боздоштшудагон аз аъзои гурӯҳҳои миллигарои ифротии Украина будаанд.
Телевизиони давлатии АТВ -и Русия хабар дод, ки се нафар аз боздоштшудагон аз тарафи хадамоти амниятии Украина вазифадор шуда буданд, то аз таҷҳизоти низомии Русия дар наздикии марзи Украина аксҳо ва маълумот ҷамъоварӣ кунанд. Украина ин иттиҳоми Русияро радд намуда ва онро бемантиқ хондааст.
Эътирозгаронро кӣ кушт? Худи онҳо? Ё снайперҳои Янукович?
Як хабарнигори амрикоӣ дар ин ҳафта силсилаи аксҳоеро нашр кард, ки ба гуфтаи ӯ, зоҳиран воқеъияти рӯзи 20 феврал дар майдони Истиқлоли Киев аз тири кӣ кушта шудани 53 эътирозгарро рӯи об мебарорад.
Ҷеймӣ Деттмер мегӯяд, ин аксҳо дар сомонаи маҷаллаи амрикоии "The Daily Beast" ҳадс аз он мезананд, ки қотилон нирӯҳои амниятии марбут ба раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Януковичанд, на намояндагони мухолифон ё афроди қавмгаро аз дохили худи эътирозгарон, ки режими Янукович ва Маскав иддао мекунанд.
Ин аксҳо дар ҳавлии даруни бинои Хадамоти амнияти Украина(СБУ), лаҳазоте қабл аз оғози тирандозии снайперҳо болои эътирозгарон бардошта шудаанд. Майдони Истиқлол - маркази эътирозҳои мудавом алайҳи ҳукумати Янукович - аз бинои СБУ ҳамагӣ се бино дуртар аст.
Бархе мусаллаҳон дар ин аксҳо дар тан либоси низомии сиёҳ ва дар бозувон лентаҳои зард ва дар дааст камонҳои снайперӣ ё мусалсалҳои муосири Калашников доранд.
https://pbs.twimg.com/media/BkJgOjNIcAA64Gw.png
Ҷеймӣ Деттмер дар мусоҳибааш бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин аксҳо нирӯҳои вижаи тарафдори Янукович, маъруф ба гурӯҳи “Алфа” аксбардорӣ шудаанд: “Мо гуфта наметавонем, ки маҳз ҳамин мардоне ки дар аксҳо омадаанд, ба куланг зер кардаанд. Ончӣ рӯшан аст, ин аст, ки дар инҷо воҳиди зидди террорро, ки баъзеаш ҳамчун снайпер тамрин гирифтаанд, ҷамъ меоранд ва лаҳзаҳое баъди ин дар майдон тирандозӣ шурӯъ мешавад.”
Бар илова, бахши украинии Радиои Озодӣ рӯзи 20 феврал нирӯҳои ниқобпӯш бо айни лентаи зард дар бозувонашонро замоне ба навор гирифтааст, ки мили камонҳои снайперии худро, бо айни Калашниковҳои навсохт ба тарафи эътирозгарони майдони Истиқлол рост карда, тир меандохтанд:
Куштори эътирозгарон ҳоло ба як бахши ҷанги пропагандистӣ табдил ёфтааст. Русия иддао дорад, ки ин кушторҳоро раҳбарони эътирозҳо худашон ваё бо кумамки ҷосусони Амрико барномарезӣ кардаанд. Матбуоти давлатии Русия ва сафири Маскав дар СММ Виталий Чуркин иддао доранд, ки дар ин кор сафорати Амрико дар Киев ҳам шарик буд. Олександр Якименко, раҳбари СБУ дар аҳди Янукович, ҳам иддао дорад, ки снайперҳои қотил худи эътирозгарон буданд.
Ҷеймӣ Деттмер аммо мегӯяд, ин даъвоҳо асос надоранд: “Онҳо бояд ягон шаҳодат биоранд. То ҳол онҳо бидуни ироаи ягон шаҳодати мустанад, ё ягон далели аксбардоришуда сӯҳбат мекунанд. Мо медонем, ки як ё ду эътирозгар он рӯз силоҳ дошт. Вале масъули қатли 53 эътирозгар онҳо нестанд. Мо бо коршиносони додгоҳии Бритониё он мконро омӯхтем ва камингоҳҳои эҳтимолии тирандозонро ҳам пайдо кардем. Ин камингоҳҳо дар биноҳое буд, ки таҳти назорати давлат қарор доштанд, на дар дасти эътирозгарон.”
Аксари қурбониёни майдони Истиқлол аз сар ё гардан тир хӯрда буданд, ки ба кори дасти тирандозҳои ҳирфаӣ будани ин қатлҳо ишора мекунанд.
Дар моҳи март муҳтавои сӯҳбати телефонии раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон бо вазири хориҷаи Эстония Урмас Паэт нашр шуд, ки дар он ҳадсу гумонҳо дар бораи эҳтимоли аз сӯи раҳбарони Евромайдон истифода шудани снайперҳо матраҳ мешуд.
Паэт дар ин робита аз Олга Богомолетс, раҳбари бахши тиббии Евромайдон нақли қавл кардааст. Аммо Богомолетс ба Ҷеймӣ Деттмер гуфтааст, ки Паэт зоҳиран дар авҷи он ҳама беназмӣ суханони ӯро нодуруст фаҳмидааст, зеро ӯ шоҳидикушта шудани фақат эътирозгарон аз тири ин снайперҳо буд.
Ҳукумати муваққати Украина бояд дар ин ҳафта натоиҷи таҳқоти муқаддамотиаш дар бораи қатли эътирозгаронро нашр кунад. Аммо Олга Богомолетс ба далели дар ин таҳқиқот даст доштани СБУ бовар надорад, ки ин гузориш орӣ аз дасткорӣ бошад.
ДАР ҲАМИН ҲОЛ...
Раиси Шӯрои амнияти Украина Валентин Наливайченко масъулияти ҳалокати одамон ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дар маркази Киевро бар дӯши раисиҷумҳури вақт Виктор Янукович гузошт. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, дар куштори эътирозгарон раиси пешини Шӯрои амнияти Украина Oлександр Якименко ва собиқ вазири умури дохилӣ Виталий Захарченкоро ҳам айбдор кард.Ба гуфтаи Наливайченко, Додситонии кулл дар бораи боздошт ва додгоҳ эҳзор кардани Янукович ва Якименко дастур додааст.
Аз ин пеш pӯзи 3 апрел кафили додситони кулли Украина Олег Махнитский аз боздошти 12 тан аз аъзои гурӯҳи зудамали милиса “Беркут” бо гумони даст доштан дар қатлҳои рӯзи 20 феврали фаъолони Майдон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудаҳо аъзои “ротаи сиёҳ”-анд, ки ба онҳо барои пуштибонӣ аз кормандони бесилоҳи “Беркут” силоҳ, аз ҷумла, камонҳои снайперӣ, дода буданд.
Олег Махнитский афзуд, ки теъдоди боздоштшудаҳо шояд афзоиш ёбад. Миёни боздоштшудаҳо фармондеҳи гурӯҳе низ ҳаст, ки ҳадс зада мешавад зердастонаш сӯи эътирозгарон оташ кушодаанд.
Ба иттилои Додситонии кулли Украина, амри истифода аз силоҳ аз сӯи раисиҷумҳур Виктор Янукович тавассути кормандони дафтари раёсатҷумҳурӣ, хадамоти амният ва вазорати умури дохила ироа шудааст.
Муфаттишон дар ҷараёни тафтиши ҳаводиси рӯзҳои 18-20 феврал тақрибан 30 ҳазор кормандони милисаро бозпурсӣ карданд. Бар асари нооромиҳо дар Киев, ба иттилои вазорати ҳифзи сиҳати Украина, 103 нафар кушта шуда, беш аз якуним ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. 166 нафар то ҳол беному нишонанд.