Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: "Тарс аз баёни ҳақиқат монеи рушди мо шудааст." ВИДЕО


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигор ва ронандаи таксӣ дар Душанбе, ки муроҷиаташ дар бораи бекорӣ вокунишҳои зиёд ба бор овард, мегӯяд, ба фаъолияташ идома медиҳад, аммо баъзе аз мусофирон аз нишастан ба мошини ӯ ҳарос доранд.

Ҳарчанд мақомот нисбат ба навори Пирмуҳаммадзода расман вокуниш накарданд, шахсоне бо пахши наворҳои ҷудогона ӯро ба "поймолкунии қонун" ва "ҳангомасозӣ" муттаҳам карданд. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфт, ин наворҳоро дидааст, вале ба мавқею андешаи дигарон эҳтиром мегузорад ва афзуд, "мардум аз гуфтани ҳақиқат метарсанд ва тарс моро аз рушд боздоштааст".

Навори муроҷиати ӯ рӯзи 16-уми ноябри имсол дар Фейсбук гузошта шуд ва дар муддати кӯтоҳ ба мавзӯи баҳси хосу ом табдил ёфт. Вай дар бораи бекории сокинон дар Тоҷикистон, таъини ҷаримаҳои ҳангуфт ва бетаваҷҷуҳии мақомот ба сарнавишти мардум суҳбат кард.

Бо гузашти як моҳ аз нашри навор, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор надошт, муроҷиаташ бо вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. "Дар ҷомеаи муосир баёни мушкилот бояд кори муқаррарӣ бошад. Сокинон тарзе рафтор мекунанд, ки гуё ман ягон кори ғайримуқаррарӣ кардаам. Инро қабул карда наметавонанд, ки як нафар дар ҷомеа дардашро гуфт ва ҳамовозӣ пайдо кард. Мегӯянд, ки "баъди он баромадат туро задаанд", ҳарчанд "не" мегӯям, боварам намекунанд", -- нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Пирмуҳаммадзода ба таксиронӣ дар Душанбе идома медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Пирмуҳаммадзода чун рӯзҳои пеш дар Душанбе ба таксиронӣ машғул аст. Мегӯяд, пас аз нашри навору вокунишҳои зиёд баъзе мусофирон гоҳе бо ҳарос аз хидматрасонии таксии ӯ истифода мекунанд: "Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардум тарс доранд. Аз ҳамнишинӣ бо шахсе, ки аз камбуд мегӯяд, меҳаросанд. Чунин ҳолатро дар мусофирон дидам."

Ин таксирони тоҷик пеш аз пахши навор, ба қавли худаш, аз сӯи нозирони роҳ барои "мусофиркашнии ғайриқонунӣ" 580 сомонӣ ҷарима шуд, аммо баъдан "масъала ҳал шудааст": "Номашро намегирам. Яке аз онҳое, ки дар сохторҳои қудратӣ кор мекунад, маро даъват кард ва гуфт, "додарам, ҳамин кумаки ман барои ту" ва шаҳодатномаамро дод. Гуфтам, ҷаримаро месупорам. Гуфт, гиред, ман худам супоридам."

Дар пайи нашри навори Пирмуҳаммадзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбатҳое аз эҳтимоли бозпурсии ӯ аз сӯи мақомоти кишвар садо дод. Худаш тасдиқ кард, ки "баъди навор ба мақомот даъват карданд ва ҳам намояндагони мақомот ба хона омада пурсиданд, ки чӣ мушкил доред ва чаро чунин корро кардед".

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода афзуд, муносибати намояндагони мақомоти қудратӣ ҳамроҳаш бад набуда, "бо ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт". Ӯ таъкид намуд, ки бо вуҷуди нашри навораш дар умум бархӯрди нозирони роҳ бо ронандаҳо дигар нашуд, вале фикр мекунад, "кормандони БДА дарк карданд, ки мо аз шодӣ таксиронӣ намекунем".

"Дар миёни онҳо шахсони бофарҳангу мефаҳмидагӣ низ ҳастанд. Шахсоне ҳастанд, ки барои натиҷа кор мекунанд, баъзеашон мегӯянд, "дигар чора надорем". Онҳоро мефаҳмам. Дар мавриди кори таксиҳо ин ҷо мушкил дар қонунгузорон аст, ки ҷаримаҳои ҳангуфт таъин кардаанд. Андози ҷаримаро қонунгузор мувофиқ ба ҷайби сокинон таъмин накардааст", -- афзуд ӯ.

Дар пайи баҳсу баррасиҳо аз баромади таксирони тоҷик, рӯзи 20-уми ноябр як мансабдори Вазорати нақлиёт, ки бахши мусофиркашониро дар кишвар назорат мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз эътирози Пирмуҳаммадзода хабар доранд. Он замон ин мақоми Вазорати нақлиёт гуфт, онҳо роҳҳоеро баррасӣ доранд, ки чӣ гуна кори таксиҳои машҳур бо номи “5 сомонӣ”-ро қонунӣ кунанд, то барои ронандаҳо мушкил нашавад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пештар дар радиои "Садои Душанбе" кор мекард. Ба гуфтаи худаш, пас аз рафтан аз кор ва барои рӯзгузаронӣ пушти чанбараки таксӣ нишаст. Ӯ мегӯяд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтанӣ буд, аммо бо баста шудани роҳҳо дар кишвар монд.

Таксиронӣ ҳоло яке аз манбаъҳои даромад барои онҳое аст, ки дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 натавонистанд ба Русия бираванд. Ба ҷуз ин, кам нестанд шахсоне, ки мегӯянд маоши мегирифтаашон кам аст ва барои пеш бурдани рӯзгор маҷбуранд баъд аз адои соати корӣ ба мусофиркашонӣ кунанд.

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, ҳоло дар пойтахт 11 ширкати таксиронӣ бо беш аз ду ҳазор нақлиёт ба мардум хизмат мекунанд. Таксиҳои “5 сомонӣ” ба ин омор ворид намешаванд.

XS
SM
MD
LG