Оқибати он ҳам сахт шудани зиндагии мардум ва бахусус дар Дараи Нилум аст, ки шоҳиди айнии тағйири иқлим дар маҳаллаҳои худ ҳастанд.
Манзараи Дараи Нилум ҳамеша дар ҳоли тағйир аст. Дар кӯҳистонҳои вилояти Кашмири Покистон бештар аз 224 пирях сабт шудааст ва онҳо босуръат обу бухор ва нопадид мешаванд. Мушоҳидаву таҳқиқот нишон додаанд, ки манбаҳои оби мардум дар инҷо кам мешавад.
Сардор Муҳаммад Рафиқхон, муовини мудири Оҷонси муҳофизати муҳити зисти Кашмир гуфт: "Пиряхҳо 0.8 дар сади қаламрави Кашмирро ташкил медиҳанд. Пиряхҳои Кашмир бисёр зуд об мешаванд. Бар тибқи як арзёбӣ дар муддати 17 сол тақрибан 4000 гектар пирях аз байн рафтааст."
Мардуме, ки дар ин кӯҳистонҳои баланд зиндагӣ мекунанд, худашон шоҳиди гармоиши курраи Замин ҳастанд ва оқибатҳои тағйири иқлимро худашон мебинанд. Муҳаммад Ҷалом дар умри дарози худ бисёр тағйиротро дар инҷо дидааст, ҳоло дар айёми пиронсолӣ тағйири иқлимро эҳсос мекунад. Мегӯяд, нобудии пиряхҳо ба маънии норасоии дарозмуддати об аст: "Ба сабаби боло рафтани ҳарорат пиряхҳо қариб, ки тамом шудаанд ва сабаби камбуди об мешаванд. Зимистонҳо бисёр кӯтоҳ ва ҳаво гармтар шудааст. Барои ҳамин пиряхҳо зуд об мешаванд."
Муҳаммад Ашфақ, соҳиби дӯконе дар деҳаи Ловати Боло аст, ки тақрибан 3000 нафар аҳолӣ дорад. Мегӯяд, дигар дар инҷо барф мисли солҳои пеш нест.
"Қаблан ин ҷо камаш аз 40 то 50 сантиметр барф буд, ҳоло то 12 ва ё 20 сантиметр коҳиш ёфтааст. Бориши барф низ ғайриқобили пешгӯӣ шудааст. Ин ҷо боғҳои мева буд, мо мева мефурӯхтем, аз ҳосил фоида мегирифтем, ҳоло комилан нобуд шудаанд,"--гуфт Муҳаммад Ашфақ.
Дер боридани барф ҳам яке аз сабабҳои дигари нобудии пиряхҳо аст, чун на дар моҳҳои аввали зимистон, балки дертар меборад ва таҳти таъсири ҳарорати болотар ях намебанданду зуд об мешаванд.
Ахтар Аюб, масъули идораи мудирияти офатҳои табиӣ дар Дараи Нилум гуфт: "Барфе, ки мебоист дар моҳи январ дар кӯҳҳо меборид, ба наздикӣ борид, бинобар ин рӯи замин наистод. Дуюм, ин барф натавонист, барфи қаблиро пӯшонад. Барои ҳамин, пиряхое, ки ки солҳо ин ҷо буданд, зуд об мешаванд. Ба сабаби обшавии онҳо, заминҳо шуста ва захираҳои об кам мешаванд. Хатари обхезӣ дар рӯдхонаҳо низ вуҷуд дорад."
Бино ба як гузориш пиряхҳои қаторкӯҳҳои Ҳиндукӯшу Ҳимолой бо суръати бесобиқа об мешаванд ва мумкин аст, то охири аср то 80% ҳаҷми худро аз даст диҳанд. Оқибати он ҳам сахт шудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барои тақрибан 2 миллиард нафар аст, ки дар поёноби 12 рӯдхонаи зери ин қаторкӯҳҳо зиндагӣ мекунанд. Чанде пеш вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Созмони Милал гуфт, гармоиши курраи Замин то кунун 1300 пиряхро дар кишвар бухору нобуд кардааст, ки оқибати он бад шудани некӯҳаволии мардум дар Осиёи Марказӣ аст.
Гуфтугӯ