Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷои хобу ҷои кор барои "бомж"-ҳои Душанбе


Зафар Шарифов
Зафар Шарифов

Мақомоти Душанбе хабарҳо дар бораи ҳалокати ду "бомж" дар сардиҳои аввали моҳро рад мекунанд ва мегӯянд, барои чунин афрод як хобгоҳи махсус таъсис додаанд.

Вай номи худро дар хотир надорад ва вақте ҳама ӯро «Нигина» номиданд, мухолифат накард. Бо мӯйҳои жӯлида ва либосҳои даридаву фарсудааш Нигина ба як пиразан монанд аст, аммо мегӯяд, ҳамагӣ 28 сол дорад. Медонад, ки аз Русия ба Тоҷикистон омадааст ва дар хотир дорад, ки замоне духтари нозпарварди хонадон буду ба қавле «гул»-и хӯрокро мехӯрд ва бо либосҳои рангорангаш ҳаваси ҳамсолонашро меовард. Акнун аз он зиндагии шоҳона, нишоне намондааст ва солҳои зиёдест, ки Нигина «бомж» аст. Шахсе бе ҷои муайяни зиндагӣ, овора, бехона ва бекас...

Аммо намешавад гуфт, ки Нигина ва ҳамқисматони ӯ тамоман бесоҳибанд. Ҳавои ба таври бесобиқа сарди Душанбе дар ҳафтаҳои аввали феврал ӯ ва даҳҳо тани дигарро ба дари паноҳгоҳе овард, ки раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе барои гадоён ва шахсони бехонумон таъсис додааст.

Ҷои хобу ҷои кор барои бомжҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:42 0:00
Линки мустақим

Нигина мегӯяд: «Падару модарамро куштанд. Падарам корманди ҳарбӣ буд, вақте ӯро куштанд, хонаи моро гирифтанд ва ман ҳам дар кӯча мондаму бародарам ҳам. Ҳоло намедонам, бародарам куҷост. Худам як моҳ шуд, ки дар ин қабулгоҳи махсус зиндагӣ мекунам. Дар аввал дар кӯчаҳо зиндагӣ мекардам. Ин қабулгоҳ хубтар аст. Либос медиҳанд, хӯрок медиҳанд. Ман дигар имкони баргаштан ба Русияро надорам. Намедонам, оянда боз чӣ мешавад. Шояд ин ҳама азоби ҳаждаҳ соле, ки дар кӯчаҳо дидам, поён меёбад ва ман шавҳар мекунам.»

Шаҳрӣ
Шаҳрӣ
Мисли Нигина, шахсони бесарпаноҳ ё ба истилоҳ, «бомж» дар кӯчаҳои пойтахт кам нестанд. Аммо ба фарқ аз Нигина, мусоҳиби дигари мо зиндагии талхтаре дорад. Шаҳрӣ, як бесарпаноҳи дигар, ки ба гуфтаи худаш, аз падари тотор ва модари узбак ба дунё омадааст. 50-сола аст ва дар батнаш тифли шашмоҳа дорад. Вай мегӯяд, замоне модари хушбахт буд ва ду духтар дорад. Вале онҳо дигар аз модари худ суроғ намекунанд. Шаҳрӣ меафзояд, пас аз фавти падар, модараш хонаашонро фурӯхт ва ӯро танҳо монду худ шавҳари дигар кард.

Мушкилиҳои зиндагӣ ва бекасиву бекӯӣ Шаҳриро се бор ба кунҷи зиндон бурд. Акнун ин зани бесарпаноҳ, ки ҳашт сол қабл бо як ҳамтақдири худ никоҳи мусалмонӣ кардаву мунтазири фарзанд аст, зиндагии худро дар партовгоҳҳо ба сар мебарад. «Ман тамоман шароити зиндагӣ надорам. Дар Русия Путин ва Медведев барои бомжҳо хона медиҳанд, аммо дар инҷо чӣ? Дигар умедам ба раҳбарон аст, ки ақаллан ба мо ягон сарпаноҳ диҳанд. Барои рафтан ба Русия ягон ҳуҷҷат надорам,» -- афзуд Шаҳрӣ.

Шумораи умумии бесарпаноҳон дар Тоҷикистон як шохиси тағйирёбанда аст. Мақомот мегӯянд, як сол пеш ин шумора баланд буд ва ҳоло рӯ ба коҳиш овардааст.

Муллолоиқ Шобадалов
Муллолоиқ Шобадалов
Муллолоиқ Шобадалов, муовини сардори шӯъбаи муассисаҳои махсус ва тартиби иҷозатдиҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар соли 2013 дар кишвар 13 516 нафар шахсони бехонумон, гумшуда, духтарони сабукпо ва гадоён ба ин қабулгоҳ оварда шудаанд, ки аз ин 864 нафарашон акнун ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, аксарияти онҳое, ки ба қабулгоҳи махсус оварда мешаванд, пас аз шиносоии шахсияташон, агар ҷои рафтан дошта бошанд, метавонанд раванд.

Ҳамин тавр, танҳо дар як моҳи аввали соли ҷорӣ 1124 нафарро боздошт кардаву аксарияташонро баъди рӯшан шудани шахсияти онҳо ҷавоб доданд. Ва аз ин шумор танҳо 113 нафари бекасукӯ дар қабулгоҳ монданд. Ба гуфтаи мақомот, ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 200 нафар камтар аст. Ҷаноби Шобадалов афзуд: «Онҳоро дар пайи рейдҳо боздошт мекунем. Баъдан онҳое ки ҷои зист надоранд, ба қабулгоҳи махсуси гадоён ва шахсони бехонумони Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. Ин қабулгоҳ дар як шабонарӯз метавонад ба 40 то 60 нафар имкони ҷойи хоб ва хӯроки гарм фароҳам орад.»

Дар ин зимн як хабари хуш ва ҳам умедворкунанда дар зиндагии бомжҳо ин аст, ки ахиран мақомоти маҳаллии шаҳри Душанбе, барои бо ҷои кор таъмин кардани чунин афрод иқдом кардаанд. Нахуст бомжҳои коргар фаъолияти худро ҳоло дар корхонаи «Манзилхадамотрасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ шурӯъ карданд.

Зафар Шарифов
Зафар Шарифов
Зафар Шарифови 50-сола мегӯяд, аз соли 2006 дар кӯчаву хиёбонҳо зиндагӣ дорад, вале 2 моҳи охир зиндагии ӯ ранги дигар гирифтааст. Ба гуфтаи Зафар, ӯ ва ду ҳамтақдири русзабони ӯро масъулони ин корхонаи давлатӣ бо ҷои кор таъмин кардаву ҷои хоб низ додаанд: «300 сомонӣ маош мегирам. Аввал дар кӯчаҳо хоб мекардам, ҳозир дар дохили як дӯкони оҳанин зиндагӣ мекунам. Ман ҳам фарзанд дорам. Аммо зиндагии худам танҳо аст. Як фарзандам дар шӯъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Ёвон кор мекунад. Дувумаш ронанда аст. Ман ягон камбудӣ надорам, шукр мекунам.»

Ҷӯрабек Назаров, сармуҳандиси корхонаи «Манзилхадамотрасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, онҳо се нафари бесарпаноҳро барои ғундоштани партовҳо ба кор ҷалб карданд ва маош медиҳанд: «Дар кӯчаҳо хоб мекарданд. Баъд як рӯз омаданд, гуфтанд, ки агар ягон кор бошад, мо мекунем. Инҳо ҳуҷҷат надоранд, вале вақте муроҷиат карданд, мо аксҳояшонро гирифтем. Ҳуҷҷат тайёр кардем. Нисбат ба он ки дар кӯча мегарданд, кор кунанд, хубтар аст.»

Аммо аксари афроди бесарпаноҳ мегӯянд, танҳо умеди онҳо ҳамин қабулгоҳи махсуси гадоён ва шахсони бехонумони раёсати ВКД буда, онҳо зери ҳимояти ҳеҷ созмон ва ё сафорате қарор надоранд ва касе аз ҳолашон намепурсад. Мақомот мегӯянд, аксари афроди бесарпаноҳ, лӯлиён, тоҷикон ва баъдан як теъдод мардуми узбактаборанд, вале теъдоди ками онҳоро русҳо ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манобеи огоҳ, бар асари сардиву барфрезии шадиди аввали моҳи феврал ду шахси овора дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон ҷон додаанд. Яке аз инҳо дар наздикии маркази савдои «Ҳазору як майда чуйда» ва дигарӣ дар зери лӯлаҳои гармидиҳии назди яке аз биноҳои истиқоматии маркази шаҳр фавтидааст.

Аммо мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ягон мавриди дар сардиҳои ахир фавтидани афроди бехонаро сабт накардаанд. Ба гуфтаи Муллолоиқ Шобадаллов, дар қабулгоҳи махсуси идораи милисаи Душанбе низ дар 3 соли ахир ягон нафар нафавтидааст.
XS
SM
MD
LG