Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко гуфт, агар оташбаси якҷонибае, ки Украина дар вилоятҳои ошӯбзадаи шарқиаш эълон кард, кор надиҳад, ӯ як “плани Б” ҳам дорад. Порошенко рӯзи 20 июн зимни сафараш ба вилояти ошӯбзадаи Донетск, ки чандин шаҳру ноҳияаш таҳтии назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор гирифтаанд, барои як ҳафта дар набардҳо алайҳи ин ҷудоиталабон эълон оташбас кард.
Раисиҷумҳури Украина шаби 21 июн дар як паёми телевизионӣ гуфт, “онҳое ки умедворанд, то ин оташбасро барои тӯл додани вақт ё гурӯҳбандии муҷаддади нирӯҳои худ истифода баранд, бояд бидонанд, ки мо плани Б ҳам дорем.”
Порошенко дар бораи ин ба истилоҳ “плани Б” ҷузъиёти зиёд надод ва танҳо изҳори умедворӣ кард, ки рпоҳкори сулҳи ӯ, ки аз 15 банд иборат аст, “кор хоҳад кард.” Ӯ афзуд, ҳадаф аз як ҳафтаи оташбас додани фурсат ба ҷудоиталабон аст, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд.
Петро Порошенко, ки дар интихоботи рӯзи 25 май раисиҷумҳури нави Украина интихоб шуд, аз рӯзи расиданаш ба қудрат ваъда дода буд, ки сулҳу суботро дар саросари ин кишвар барқарор хоҳад кард. Порошенко дар мулоқот бо раҳбарони вилоятҳои Украина эътирофи мақоми баландтар ба забони русӣ дар шарқи ин кишварро пазируфта, вале пешниҳоди музокироти мустақим бо раҳбарони ҷудоиталабонро рад кардааст.
Рӯзи 21 июн раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, аз қарори Порошенко барои эълдони оташбас дар ҷанубу шарқи Украина пуштибонӣ мекунад. Вале ӯ афзуд, ин роҳкори сулҳ бидуни “иқдомҳои амалӣ” маънӣ надорад. Путин дар баёнияаш гуфт, тарҳи сулҳи Порошенко набояд ба сурати “ултиматум”(зарбулаҷал) бошад. Ӯ аз ҳамаи тарафҳои зидахл даъват кард, то ба ҷангҳо нуқта гузошта, музокиротро шурӯъ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Павел Губарев, як раҳбари маъруфи ҷудоиталабони Донестк, ки худро ҳатто “волии мардумӣ”-и ин минтақа эълон кардааст, ба телевизиони “Россия-24” гуфт, нирӯҳои Укриана ё ба фармони Порошенко итоат намекунанд, ё ӯ дурӯғ мегӯяд. Губарев гуфт, “дар инҷо ягон хел оташбас дида намешавад.” Губарев қаблан аз қаламрави Донетсу Луҳанск берун кашидани нирӯҳои Украина ва ба ҷудоиталабон супурдани ... вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков ва вакили порлумон Олеҳ Ляшкоро талаб кардааст.
Хадамоти марзбонии Украина гуфт, рӯзи 21 июн, алакай баъди эълони оташбас ҷудоиталабони рӯ ба Маскав ба ду посгоҳи марзӣ дар марзи Украинаву Русия ва ба як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Донетск ҳамла кардаанд. Бино ба гузориши ин ниҳод, дар ҳамлаҳои шабона 9 марзбони украинӣ захмӣ шудаанд.
Хабари дигари марбут ба Украина аз Канада ба даст омад, ки мегӯяд, алайҳи 11 шаҳрванди Русияву Украина ва корхонаи нафти Феодосия дар вилояти Қрим таҳримот ҷорӣ кардааст. Канада мегӯяд, ин таҳримот алайҳи онҳоест, ки якпорчагии Украинаро поймол кардаанд. Ду рӯз пеш Амрикову Иттиҳодияи Аврупо низ чунин таҳримот эълон карданд.
Украина баъди суқути ҳукумати рӯ ба Маскави раисиҷумҳур Виктор Янукович дар моҳи феврали соли равон ба гирдоби беназмиҳои сиёсӣ уфтод. Дар моҳи март Русия вилояти аҳолиаш аксаран русзабони Қрими Украинаро ишғол карда, бо баргузории як раъйпурсӣ ин нимҷазираро ба қаламрави худ даровард.
Ба дунбол, ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Луҳанску Донетск талаби ҷудо шудан аз Украинаро карданд ва аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ва “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар доданд. Ҳукумати Украина аз 15 апрел алайҳи ҷудоиталабон дар ин ду вилояти шарқиаш “амалиёти зиддитеррор”-ро ба роҳ андохтааст, вале ин амалиёти густардаи низомӣ то кунун пешрафти чандоне надошт.
Дар вилоятҳои Луҳанску Донетск беш аз 6,5 миллион нафар ба сар мебаранд, ки қариб нисфи онҳоро русзабонҳо ташкил медиҳанд. Мардуми ин ду вилоят ба фарқ аз манотиқи ғарбии Украина бештар моили қаробати сиёсии Украина бо Маскаванд, то бо Аврупо, ки ҳокимони кунунии Украина пеша кардаанд.
Мақомоти Украина ва кишварҳои Ғарб мегӯянд, ки дар паси ҷудоиталабони Донетску Луҳанк Маскав истодааст ва ин чирикиҳо аз сӯи Русия ҳимоят ва таъмини силоҳ мешаванд. Русия инро рад мекунад, вале дар айни замон таҳти шиори “ҳимоят аз манфиатҳои мардуми русзабон” имкони дахолати бештараш дар умури Украинаро истисно намекунад. Қудратҳои ғарбӣ аммо ҳушдор додаанд, ки дар сурати афзоиши дахолатҳои Русия дар шарқи Украина алайҳи Маскав таҳримҳои боз ҳам бештару ҷиддитар ҷорӣ хоҳанд кард.