Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР ба маъракаи интихоботи президентии 2013 оғоз бахшид


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР)
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини омодагиҳо ба интихоботи президентии соли 2013-ро баргузор кард.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР), 20-уми декабр, дар ин ҷаласа тарҳи дастурамалҳо барои комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз раванди интихоботро муҳокима кардааст.

Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷаноби Шоҳиён ба аъзо ва кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дастур додааст, ҳамаҷониба қитъаҳои раъйдиҳӣ, комиссияҳои ҳавазавиро бубинанд, то ба интихобот омодагӣ дошта, мардуми қобили раъйи кишварро бо ҷузъитарин масъалаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ ошно кунанд.

Додоев мегӯяд, "боз як қатор дастуру роҳнамоҳо дар назар дошта шудаанд, ки бояд омода шаванд. Ҳашт моҳи дигар мондааст, бояд ҳамаро омода кунем, вагарна дер хоҳад шуд." Ба ҳамин минвол, Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон расман омодагиҳо ба интихоботи президентии соли 2013-ро шурӯъ кард. Бино ба иттилои ин манбаъ, комиссияҳои ҳавзавӣ 45 ва қитъавӣ 35 рӯз пеш аз интихобот аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ташкил шуда, теъдоди ҳавзаҳо баробар ба шумораи шаҳру навоҳӣ 68 ва қитъаҳои интихоботӣ 3 500 адад хоҳанд буд. Ҷаноби Додоев мегӯяд, эҳтимол дорад теъдоди қитъаҳои интихоботӣ аз ин ҳам бештар шавад.

Нашри аввалин дастурҳои марбут ба интихоботи прездентии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки чанде аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бо ташкили як Кумитаи тадорукот феҳристи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентро ба парлумон пешниҳод кардаанд. Онҳо аз ҷумла хостаанд, ба ҳайати ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ шомил шаванд. Қарор аст, ин пешниҳодҳо дар парлумон баррасӣ шаванд.

Дар ҳоле ки дар гузашта Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ борҳо ҳадафи танқидҳои шадиди ҳизбҳои мухолиф ва бархе аз номзадҳову интихобкунандагон қарор гирифтааст, шурӯъ ба кор кардани Шермуҳаммади Шоҳиён ба ҳайси роҳбари он дар моҳи феврали соли 2011 ва як қатор дигаргуниҳое, ки ӯ ба миён овард, бисёриҳоро умедвор кардааст, ки бо тағйиру ислоҳи қонун, Тоҷикистон метавонад ба интихоботи озоду одилона даст ёбад.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло ин ниҳод 20 пешниҳоди САҲА (ОБСЕ), аз ҷумла лағви гаравпулии интихоботиро мавриди омӯзиш қарор додааст: "Раҳбарияти пешинаи КМИР изҳороту ҳисоботи нозирони аврупоиро аслан ба эътибор намегирифт, аммо раҳбарияти нав ҳоло бо САҲА ҳамкорӣ мекунад. Масалан, ин ниҳод пешниҳоди нозирони САҲА дар бораи реестри ягона, ё шабакаи ягонаи овоздиҳии электрониро пазируфта, сари он кор мекунад. Ҳаракат мушоҳида мешавад. Интихоботи парлумонии солҳои 2005 ва 2010 хеле ғайриодилона ва ношаффоф баргузор шуданд. Ин эътимоди мардум ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро кост. Акнун мебинем, ки раҳбарияти нав чӣ кор мекунад."

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов
Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Додоев мегӯяд, ҳадафи КМИР интихоботи шаффофу демократист ва пешниҳодҳои САҲА ҳоло мавриди омӯзиш қарор доранд, аз ҷумла реестри ягона ва омода кардани рӯйхати электронии раъйдиҳандагонро ин ниҳод мехоҳад то интихоботи парлумонии соли 2015 омода кунад. Иддае аз коршиносон бо ишора ба таъинотӣ будани раҳбари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯянд, нақши он дар интихоботи президентии соли 2013, бо вуҷуди талошҳои дохиливу хориҷӣ барои курсии президентӣ ҳамоно ташрифотӣ хоҳад буд. Аз оғози ширкати нозирони байналмилалӣ то ҳол ягон интихоботи Тоҷикистон шаффоф, озод ва одилона шумурда нашудааст.
XS
SM
MD
LG