Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Раҳбарони ҷаҳон дар Twitter, ба истиснои Раҳмон


Шӯрои Сиёсати Рақамӣ, як муассисаи мустақил ки ҳузури ниҳодҳои ҳукуматҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро назорат мекунад, дар як гузориши тозае гуфт, ки раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар торнамои Твиттер фаъолтар шудаанд.

Шӯрои Сиёсати Рақамӣ, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, мегӯяд, соли гузашта бисёре аз раҳбарони сиёсии ҷаҳон ба қавле худро ба Твиттер задаанд.

Умар Ҳиҷозӣ, яке аз муаллифони гузориши Шӯрои Сиёсати Рақамӣ, ки дар Дубай ҳам намояндагӣ дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

- Хулосаи аслии гузориш ин аст, ки истифодаи раҳбарони сиёсии ҷаҳон аз Твиттер тайи чанд соли ахир фавқулодда зиёд шудааст. Мо аз соли 2009 иттилооти мавҷударо пайгирӣ мекунем ва ҳар сол теъдоди онҳо ду маротиба бештар мешуд. Вақте мо ба таҳияи гузориши аввал дар соли 2010 шурӯъ кардем дар Твиттер танҳо 33 раҳбари ҷаҳон саҳифа доштанд ва дар соли 2011 ба 69 нафар расиданд. Гузориши ахири мо дар соли 2012 нишон дод, ки дар Твиттер 123 раҳбари ҷаҳон ҳузур доштанд, ки назар ба соли гузашта тақрибан 75 дар сад зиёд аст. Твиттер ҳоло ба як абзори иртибот барои ниҳодҳои сиёсӣ дар саросари ҷаҳон табдил шудааст.

Озодӣ: Яъне раҳбарони чӣ кишварҳои худкома ва ё чӣ демократӣ рӯ ба Твиттер овардаанд?

Ҳиҷозӣ: Чунин ба назар мерасад, ки чӣ ҳукуматҳои демократӣ, чӣ шоҳигариҳо ва чӣ ҳукуматҳои худкома ҳама ба Твиттер рӯ овардаанд. Суръати пазируфтани Твиттер ба ҳайси абзори иртибот дар кишварҳои демократӣ болотар аст. Тақрибан раҳбарони 87 дар сади кишварҳои демократӣ дар Твиттер саҳифа доранд ва аз ҳама камтар кишварҳои аз назари сиёсӣ бесубот ба ин торнамо рӯ овардаанд. Яъне суботи ҳукумат як омили хубе барои ҳузур дар Твиттер аст, зеро онҳо дар мукотиба бо ҷомеа эътимод доранд.

Озодӣ: Чӣ сабаб шудааст, ки кишварҳои худкома ҳам ба Твиттер рӯ биёранд, чун дар замони баҳори араб аксарияти чунин кишварҳо мегуфтанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук ва ё Твиттер мисли абзоре барои инқилоб ҳастанд?

Озодӣ: Ба андешаи ман, Твиттер ё Фейсбук, минбари озод барои иртибот ҳастанд ва бахусус Твиттер, ки роҳи муносиб ва сареи расонидани иттилоот аст. Онҳоро контрол кардан сахт аст ва ба фикри ман барои ҳукуматҳое, ки шаффоф амал намекунанд, ин минбарҳо хатар маҳсуб мешаванд. Аммо сабаби онки ҳукуматҳои зиёд ба Твиттер рӯ меоранд ин аст, ки агар шумо дар Фейсбук ва Твиттер ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур надошта бошед, ба касе посух дода ва ё назари худро гуфта наметавонед. Дар замони Баҳори Араб мардуми зиёд дар Твиттер ва Фейсбук буданд ва ҳеҷ яке аз ҳукуматҳо дар ин шабакаҳо ҳузур надоштанд ва ҳеҷ роҳе ҳам надоштанд, ки вориди муколама шаванд ва ё мавқеъи худро ҳимоят кунанд. Ба фикри ман, бисёре аз ҳукуматҳо баъдан фаҳмиданд, ки шумо интернетро назорат карда наметавонед ва бояд онҷо бошед ва барои манфиати худ онро истифода кунед.

Озодӣ: Ва лутфан дар бораи даҳгонае мегуфтед, ки бештар аз дигар раҳбарони ҷаҳон дар Твиттер тарафдори зиёд доранд?

Ҳиҷозӣ: Тайи се соли ахир Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар садри даҳгона қарор дорад. Ӯ бештар аз 24 миллион пайгир дорад. Дар мақоми дуввум Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури Венесуэла аст, ки 3 миллиону 800 ҳазор пайгир дорад, яъне тақрибан 20 миллион камтар аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико. Баъди Ҳуго Чавез дар мақоми саввум Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия қарор дорад. Маликаи Урдун, Рания дар мақоми чаҳорум аст ва сипас Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, аст, ки соли 2012 раиси ҷумҳур буд. Дар ҷойи шашум раиси ҷумҳури Бразилия қарор дорад ва дар ҳафтум раиси ҷумҳури Аргентина. Раиси ҷумҳури Колумбия дар ҷойи 8 ва раиси ҷумҳури Мексика дар мақоми 9 қарор доранд. Дар зинаи 10-ум аълоҳазрат Шоҳ Муҳаммад, ҳоким ва нахуствазири Дубай аст. Ончӣ ҷолиб аст, ки тақрибан 5 нафар аз раҳбарони даҳгонаи аввал дар Твиттер аз кишварҳои Амрикои лотинӣ ҳастанд. Ҳамингуна кишварҳои Амрикои лотинӣ назар ба тамоми дигар кишварҳо аз Твиттер бештар истифода мекунанд. Се кишвари дигари даҳгона аз Ховари Миёна ҳастанд, сар аз Туркия то Ӯрдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб.

Бар асоси гузориши Шӯрои Сиёсати Рақамӣ Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистону Озарбойҷон ҳам дар Твиттер ё бо номи раиси ҷумҳурон ва ё ҳукуматҳои худ саҳифа доранд. Дар ин гузориш омадааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Твиттер саҳифа дорад ва воқеан дар ин шабака ду саҳифа бо номи раиси ҷумҳур вуҷуд дорад. Аммо онгуна ки дар дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ яке аз ин саҳифаҳо расмӣ нест ва зоҳиран онро афроди бегона боз кардаанд. Дар Твиттер саҳифаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ ҳаст, ки 29 пайгир дорад ва хабарҳои расмии ҳукумат ва раиси ҷумҳурро нашр мекунад. Дар Тоҷикистон Твиттер маҳбубияти зиёд надорад ва теъдоди корбарони онро тақрибан 3 ҳазор нафар мегӯянд.
XS
SM
MD
LG