Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар симои императори Рум. Ҳадяи казакҳо ба президенти Русия


Дар як шаҳраки навбунёди канори рустои Агалатова, воқеъ дар тақрибан 20-километрии шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи шанбе нимпайкараи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ифтитоҳ шуд.

Ба иттилои хабаргузории "Невские новости", нимпайкараи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар образи императори Рум, яъне бо либоси тога ва медал дар сари сина, дар коргоҳи пайкарасоз Павел Грешников бо хоҳиши казакҳо сохта шудааст.

Атаман Андрей Поляков, раҳбари созмони казакҳои Санкт-Петербург “Ибрис”, дар ташреҳи он ки чаро ба Путин пироҳани императорӣ "пӯшонидаанд", гуфт, "казакҳо, ба фикри ман, мехоҳанд императорро чун рамзи давлате бубинанд, ки ҳамеша дар бораи сарнавишти Русия ғамхорӣ мекунад, зеро президентҳо меоянду мераванд, император бошад чун рамз барои Русия зарур аст. Фикр мекунам, ки баъди аз раисиҷумҳурӣ рафтани Путин мардуму казакҳо ӯро эҳтимолан императори худ эълон мекунанд".

Ӯ афзуд, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар сурати дарёфти маблағи зарурӣ нимпайкараро биринҷӣ ва ду баробар бузургтар кунанд. Ӯ дар сӯҳбат ба Мавҷи Олмон низ гуфтааст, "ин образ рамзи демократияи Русия аст".

Атаман Поляков ба дигар расона – рӯзномаи Le Figaro, гуфтааст, ки ин нимпайкара – арзи сипоси казакҳо ба Владимир Путин барои илҳоқи нимҷазираи Қрим ба Русия аст. Гуфта мешавад, ки нимпайкара дар замини мансуб ба атаман гузошта шудааст, аз ин рӯ ба иҷозаи расмии мақомот зарурате набуд.

Кремл ба ифтитоҳи нимпайкараи раисиҷумҳур дар Санкт-Петербург ҳанӯз вокунише накардааст.

Ёдовар мешавам, се сол пеш дар Санкт-Петербург нимпайкараи тилоии Путинро сохта буданд. Шабакаи мағозаҳои ҷавоҳироти "Золото" мегӯяд, барои сохтани нимпайкара беш аз 16 кило тилои холис сарф шудаааст. Ба иттилои расмӣ, ин нимпайкара чанд муддат дар яке аз мағозаҳои ҷавоҳирфурӯшии шаҳр гузошта шуд ва сипас онро об карда, гарданбандҳои тиллоӣ бо кулон дар шакли дилро сохтанд. Масъулини "Золото" гуфтанд, маблағи аз фурӯши гарданбандҳо дарёфтшударо барои табобати кӯдакони бемории саратон равона карданд.

Зимнан, Путин ягона раҳбари кишвари пасошӯравӣ нест, ки ба ӯ нимпайкара мегузоранд. Муҷассама ва нимпайкараҳои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Боғи президентӣ дар шаҳри Алмаато, дар Остона, дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон, дар шаҳри Анкараи Туркия, шаҳри Днепродзержински Украина (он ҷо Назарбоев дар омӯзишгоҳи техникӣ таҳсил кардааст), дар шаҳри Комрат, маркази вилояти Гагаузияи Молдавия гузошта шудаанд.

Интиқоли муҷассамаи тиллои Сафармурод Ниёзов аз маркази Ашқобод ба боғи миллӣ
Интиқоли муҷассамаи тиллои Сафармурод Ниёзов аз маркази Ашқобод ба боғи миллӣ

Қарор буд, ки мо сентяри соли гузашта дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ба раисиҷумҳури феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳмамадов муҷассама гузоранд. Аммо, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари туркман, ҳарчанд муҷассама омода шудааст, раисиҷумҳур дар бораи гузоштан ё нагузоштани он тасмими ниҳоӣ нагирифтаастт. Зимнан, дар Туркманистон ба падари раисиҷумҳур Маликгулӣ Бердимуҳаммадов, ки афсари милиса буд ва бобояш – омӯзгори мактаб Бердимуҳаммад Аннаев ҳам нимпайкара гузоштаанд.

Ба раисиҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов даҳҳо нимпайкара ва ҳатто дар маркази пойтахт муҷассамаи тиллоӣ гузошта буданд, аммо сарвари нав онҳоро ба тадриҷ аз байн бурд ё ба дигар мавзеъ интиқол дод.

Охири соли гузашта дар бораи тасмими сохтани нимпайкараҳои рӯиимизии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам овозаҳо паҳн шуданд. Гуфта мешуд, ки ин нимпайкараҳои андозаашон 30 сантиметр дар Чин сохта мешаванд ва муаллифон иҷозаи расмии ҳукуматро интизоранд. Аммо Иттиҳодияи рассомон ва Бунёди бадеии Тоҷикистон ин овозаҳоро рад карданд.

Замони шӯравӣ фақат ба афроде нимпайкара мегузоштанд, ки ду бор ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ё Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ сазовор шудаанд.

XS
SM
MD
LG