Рӯзи 29-уми май дар Остона раҳбарони Русияву Қазоқистону Беларус Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва Аляксандр Лукашенка бори дигар масъалаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро дар миён мегузоранд.
Дар ҳоле ки Маскав бодбонҳои киштии Иттиҳоди Иқтисодии АвроОсиёро баланд кардааст, мусофирони ояндаи ин киштӣ торафт аз худдорӣ кор мегиранд. Қарор аст, раҳбарони се кишвари Русия, Беларус ва Қазоқистон созишномаеро имзо кунанд, ки Иттиҳоди гумрукиии сегонаро аз 1-уми январи соли 2015 ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё табдил мекунад.
Дар ҳоле ки ин блок то рафт жарфтар реша медавонад, ҳамзамон марзҳои он низ - аз Арманистон гирифта то Қирғизистон - доман паҳн мекунад. Агар Кремл бо ин барнома қабл аз ҳаводиси Украина ибтикор мекард, шояд кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба нияти хайраш ин қадар машкук намешуданд. Аммо бархӯрди Русия бо Украина ва ин далел ки Маскав метавонад барои расидан ба ҳадафҳои худ ба умури ҳамсояҳо дахолат кунад, давлатҳоеро, ки омода буданд ба санади Иттиҳод имзо гузоранд, нигарон кардааст. Ин нигаронӣ бо наздик шудани санаи тасвиби қарордод бештар эҳсос мешавад. Нишасти моҳи гузаштаи раҳбарони се кишвари узви Иттиҳоди гумрукӣ дар Минск дар пасманзари ҳамин нигарониҳо баргузор шуд.
“Изҳороти рӯшан дар остонаи нишасти Минск, ки Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё бояд бештар иқтисодӣ бошад ва камтар сиёсӣ, ба маъноест, ки онҳо мехоҳанд раванди музокирот ба дарозо бикашад,”- мегӯяд Юрий Чаусов, коршиноси сиёсии мустақар дар Беларус.
Ин коршинос мегӯяд, Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, ки дар ибтидо ҳамчун як платформаи расидан ба созиш матраҳ мешуд, акнун баъди таҳаввулоти Украина мӯҳтавои дигар касб кард. “Мушаххас аст, ки ин Иттиҳод танҳо барои гардиши молу коло ва хадамот нест, ин метавонад ҳамчун ба фазои гардиши “одамакҳои сабз” (манзур - агентҳои пинҳонии Русия) табдил шавад ва ё ҳамчун заминаи мусоид - барои эҷоди муноқишаҳо,”- мегӯяд Юрий Чаусов.
Тарҳе ки Маскав мехоҳад онро амалӣ кунад, аз тарафи бисёр коршиносон ҳамчун талошҳои Кремл барои барқарор кардани нақши пешсафӣ дар қаламравҳои собиқи Шӯравӣ унвон мешавад. “Ин як тарҳи сиёсӣ аст,”- мегӯяд Нису Попеску, таҳлигари аршади Пажӯҳишгоҳи омӯзишҳои сиёсии Иттиҳоди Аврпуо ва меафзояд: “Русия худро сутуни сиёсӣ ва геополитикии умури байналмилалӣ медонад ва тарҳи он барои кишварҳои собиқ Шӯравӣ танҳо як тарҳи иқтисодӣ нест. Албатта, Русия ангезаҳои иқтисодӣ ҳам дорад, вале агар ин кор накард, заруратҳои стратегӣ ва сиёсӣ зарарҳои иқтисодиро пӯшиш медиҳанд.”
Ахиран ноиби раҳбари Академияи дипломатии вазорати хориҷаи Русия Александр Лукин ин Иттиҳодро “маркази нерӯи мустақил дар АвроОсиё” унвон кард ва аҳамияти иқтисодии онро дуюмдараҷа хонд.
Дар сояи Украина
Маскав хеле талош кард, ки қарордоди Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё баҳори соли равон имзо шавад. Хеле пештар аз шурӯъи нооромиҳо дар Украина. Аммо ҳаводиси Укриана нигарониҳои раҳбарони Қазоқистон ва Беларусро дар заминаи ҳамоиши наздиктар бо Русия амиқтар кардааст. Ин ду раҳбар ишора карданд, ки блок хеле тунд ҳаракат мекунад. Дар натиҷа қарор шуд, ки созишнома дар поёни моҳи май дар Остона, пойтахти Қазоқистон имзо шавад.
“Ҷолиб ин аст, ки онҳо бандҳои зиёдеро бидуни мушаххасот гузоштанд,”- мегӯяд Рилка Драгнева - Леверс, профессори бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Бирмингем. Ба гуфтаи ӯ: “Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамагуна зикри сохторҳои фаромилӣ, ба монанди порлумони АвроОсиё бо пофишории Назарбоев лағв мешуд.” Ҳоло маълум нест, ки бунёди сохторҳои фаромиллӣ танҳо барои муддате лағв шудаанд ё хайр.
Иқтисоди Иттиҳод
Агарчӣ Иттиҳоди гумрукӣ моҳи январи соли 2010 ба ҳукми иҷро даромад, аммо таъсири он ба иқтисоди кишварҳои узвро қазоват кардан душвор аст. Тиҷорат дар байни кишварҳои узви иттиҳод дар марҳилаҳои аввал афзоиш ёфт, аммо коршиносони соҳаи иқтисод ин афзоишро ба берун шудан аз бӯҳрони байналмилалии иқтисод бастагӣ доданд.
Ҳафтаи гузашта кумиссиюни иқтисодии АвроОсиё гуфт, ки гардиши мол дар байни се кишвари узви Иттиҳод дар соли 2014 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 ҳудудан 14 дарсад коҳиш ёфтааст. Ду шарики Русия аз ин шикоят доранд, ки сарфи назар аз Иттиҳоди гумрукӣ Русия бозори худро ба рӯи шарикон комилан боз намекунад. Нахуствазири Беларус Владимир Семашко авохири соли 2013 гуфт, ки Русия ба воридоти техникаи кишоварзии Беларус ба қаламраваш маҳдудият гузошт ва дар 2 дарсад коҳиш ёфтани ин соҳа саҳм гузошт. Қазоқистон низ мегӯяд, аз баста будани бозори Русия шикоят дорад.
“Бисёре аз соҳибкорон аз ин шикоят дорад, ки сарфи назар аз Иттиҳоди гумрукӣ содир кардани маҳсулот ба Русия шадидан мадуд аст. Махсусан машрубот. Одамон шикоят мекунанд, вале чизе дигар намешавад,” - мегӯяд соҳибкори қазоқ Олтой Сандибрев.
Аъзои эҳтимолии Иттиҳод
Сарфи назар аз ин равиши дилсардкунандаи самти иқтиисоди Иттиҳоди гумрукӣ, ду кишвари дигар - Арманистон ва Беларус - санадҳои худро барои узвият дар блок омода кардаанд.
Арманистон соли гузашта ба думболи изҳороти раиси ин ҷумҳурӣ Серж Саркисиён, ки аз имзои қарордоди мушорикат бо Иттиҳоди Аврупо даст кашид ва дар пайи узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё шуд, нозиронро шигифтзада кард.
Инзивои тӯлонии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар заминаи даъвои Қарабоғ бо Озарбойҷон, Арманистонро шадидан вобастаи Русия кардааст - ҳам аз ҷиҳатӣ иқтисодӣ ва ҳам аз зовияи амниятӣ. Гузашта аз ин, таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки эҳтимолан Русия ба Саркисиён ваъда кардааст, ки дигар аз рақибони ӯ дар Арманистон пуштибонӣ намекунад ва шояд ин ваъда Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро дар назар Саркисиён ҷолибтар кардааст.
Ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯянд, шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё табиати сохторҳоро дар дохили кишварҳо дигар намекунад. Ҳамоиш бо 3 режими автократӣ барои кишварҳои мушаххаси мисли онҳост, на давлатҳое, ба мисли Гурҷистон, Молдова ва Украина, ки сохтори бози иқтисодӣ доранд.
“Қирғизистон ба категорияи қаблӣ шомил аст,”- мегӯяд Элмира Ноғибоева, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Қирғизистон. “Ба назар мерасад, Қирғизистон кишварест, ки аз моделҳои атрофи худ нусха мебардорад, ҳатто талош намекунад, ки сиёсати хориҷии худро пайдо кунад ва ҳамеша аз рӯи инерсия ба таҳаввулоти атроф вокуниш мекунад,”- мегӯяд ин коршинос.
Аҳли бизнеси Қирғизистон низ аз эҳтимоли ҳамроҳшавии кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ нигарон ҳастанд. Фарҳод Тулаганов, раиси Ассотсиатсияи саноати сабук мегӯяд, 60 дарсади воридоти Қирғизистон аз кишварҳоест, ки узви Иттиҳод нестанд, давлатҳои ба мисли Чин ва Туркия. Қимати маҳсулот, ки ҳоло гарон нест, баъди ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад то 2 баробар боло биравад.
Аммо Қирғизистон дарк мекунад, ки шансҳои зиёде ҳам надорад. Раиси ин ҷумҷурӣ Алмосбек Отамбоев моҳи декабри гузашта мутеъона дар Маскав гуфт, “мутаасифона, мо алтернативаи зиёд надорем, Украина метавонад аз байни Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди гумрукӣ якеро интихоб кунад, вале шонсҳои мо барои интихоб камтаранд.”