Дафтари матбуотии Додгоҳи байналмиллалии ҷиноии Гаага бо пахши як иттилоия рӯзи 18-уми апрел хабар додааст, ки ҳукумати Украина бо пешниҳоди аризаи шикоятӣ аз ин додгоҳ хостааст, ки ба таҳқиқи ҳодисаҳои тирамоҳу зимистондар дар "Евромайдон"-и Киев шуруъ кунад.
Додгоҳи Гаага ҳам вазифадор шудааст, ки ҳодисаҳои маркази Киевро дар давоми аз охири ноябри соли 2013 то феврали 2014 таҳқиқ карда, омилҳои ҷиноятро ошкор кунад.
«Ин ба он маъност, ки Додгоҳи байналмиллалӣ аввал омилҳои ҷиноятҳои эҳтимолиро дар вақтҳои муайяншуда меомӯзад», гуфтаанд дар иттилоия. Аммо ҳоло гуфта намешавад, ки таҳқиқот шуруъ шудааст. Муфатишони додгоҳи Гаага ҳоло он масъаларо ҳал хоҳанд кард, ки оё далелҳои лозимӣ барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ вуҷуд дорад ё на.
Гуфта мешавад рӯзи 20-уми феврали соли ҷорӣ дар маркази Киев ҳангоми эътирозҳо аз тири снайперҳо наздики 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ях об шуд? Тавофуқи муҳим дар музокироти Украина дар Женева
Рӯзи 17 апрел дар музокироти мақомоти аршади Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва Русияву Украина роҷеъ ба вазъи Украина дар Женева зоҳиран тавофуқ ба даст омадааст.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, ки дар нишасти чаҳорҷониба дар шаҳри Женева тарафҳо рӯзи 17-уми апрел мувофиқат карданд, ки шиддати авзоъ дар Украина коҳиш дода шавад. Ӯ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки намояндагони Русия, Украина, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мувофиқанд, ки аз ҳамаи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Украина талаб кунанд, ки пароканда шаванд ва онҳое, ки қароргоҳҳои ҳукуматиро дар шаҳрҳои шарқии Украина ишғол кардаанд, ин идораҳоро холӣ кунанд ва аз хушунат даст кашанд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ хабари тавофуқи ҷонибҳо дар бораи роҳи ҳалли бӯҳрони Украинаро тасдиқ кард ва гуфт, "мо тавофуқ кардем, ки тамоми гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бояд халъи силоҳ шаванд, тамоми биноҳои ғайриқонунӣ ғасбшуда бояд ба моликони қонунии онҳо баргардонда шаванд, ва тамоми кӯчаву хиёбону майдонҳо ва мконҳои ҷамъиятии ишғолшуда дар шаҳрҳои Украина бояд холӣ карда шаванд."
Керрӣ ҳамчунин гуфт, ҳукумати Украина ба навбаи худ бори дигар афви эътирозгаронро замонат дод.
Нишасти Женева бо ширкати вазирони хориҷаи Амрикову Русияву Украина Ҷон Керрӣ, Сергей Лавров ва Андрий Дешитса ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон дар ҳоле доир шуд, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дастикам 8 шаҳр дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украинаро тасарруф карда, рӯзи 16 апрел дар шаҳри Краматорск 6 зиреҳпӯши артиши Украинаро ҳам ба даст оварданд.
Кафили вазири хориҷаи Украина Андрий Дешитса баробари расидан ба Женева гуфт, дар ин музокипрот аз Маскав қатъи "фаъолиятҳои террористӣ" дар кишвараш ва берун кашидани нирӯҳояш аз марз бо Украинаро талаб хоҳад кард. Дешитса гуфт, Киев хостори гуфтугӯ бо Маскав ҳаст, вале таъкид кард, ки Русия ҳаққи дикта ба Украинаро надорад, ки ин кишварро чигуна идора кунанд?
Кушта шудани се тарафдори Русия дар Мариупол
Бино ба хабарҳои расида, дар шаҳри Мариуполи Украина 3 тан аз тарафдорони Русия кушта шуда, 13 тан захмӣ ва 63 нафари дигар дастгир шудаанд. Сооте қабл аз оғози музокироти Женева вазири дохилаи Украина Арсен Аваков тавассути Фейсбук хабар дод, ки се тан аз фаъолони тарафдори Русия дар наздикии шаҳри Мариупол дар шарқи Украина кушта шуданд. Ба гуфтаи Аваков, дар инҷо 13 фаъоли дигар захмӣ ва 63 тан дастгир шудаанд.
Қаблан хабаргузории русии Интерфакс гузориш дод, ки шаби гузашта дар наздикии пойгоҳи Горди миллии Украина дар атрофи Мариупол, бандаре дар баҳри Азов, даргирӣ рух додааст. Бино ба ин манбаъ, ҷудоиталабон талош кардаанд, ин пойгоҳро ишғол кунанд. Вазорати дохилаи Украина гуфт, издиҳоми эътирозгарони мусаллаҳ ба ин пойгоҳ омада, талаб кардаанд, ки Горди миллӣ аз ошӯби онҳо алайҳи ҳукумати нави рӯ ба Ғарб дар Киев ҳимоят кунад.
Дар ҳамин ҳол, муовини дабири кулли СММ дар масоили ҳуқуқи башар Иван Шимонович рӯзи 16 апрел ба Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ошӯбҳо дар шарқи Украина "ин кишварро дар умум ҷиддан бесубот мекунанд." Шимонович зимни муаррифии гузориши СММ дар бораи Украина гуфт, таъмини ҷудоиталабони шарқи Украина бо силоҳ бояд қатъ шавад. Дар ин гузориш ҳамчунин иддаои Русия дар бораи гӯё таҳти таҳдиди ҷиддӣ қарор доштани русзабонҳо дар Украина рад шудааст.
Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин ин нуқоти гузориши СМММ-ро "муғризона" номид. Сафири Бритониё Марк Грант "фантазияҳои бофта"-и Русия дар бораи бӯҳрони Украинаро ба интиқод кашид. Сафари Амрико Саманта Повер гуфт, бӯҳрони Украина аз Маскав " ҳамоҳанг ва дирижёрӣ" мешавад.
Ҷудоиталабон дар Украина 6 зиреҳпӯшро ба даст овардаанд
Вазорати дифои Украина тасдиқ кард, ки тарафдорони Русия дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск 6 зиреҳпӯшро тасарруф кардаанд.Вазорати дифои Украина дар баёнияаш гуфт, рӯзи 16 апрел "ифротгароён" 6 зиреҳпӯшро дар Краматорск ғасб карда, равонаи Славянск шудаанд. Бино ба хабарҳо, корвони зиҳерпӯшҳо бо парчами Русия вориди шаҳри Славянск, ки чанд рӯз боз дар дасти ҷудоиталабон қарор дорад, шудааст. Матбуоти Украина менависад, ки вавзири дифоъ Михайло Ковал ҳоло дар роҳ ба ин минтақаи ошӯбзада қарор дорад.
Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк Русияро ба "содироти терроризм" айбдор кард. Ятсенюк гуфт, Украина дар музокироти чоргона, ки қарор аст, рӯзи 17 апрел бо ширкати Русияву Украина ва Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар Женева доир шавад, аз Маскав талаб хоҳад кард, то пуштибониаш аз ҷудоиталабон дар вилоятҳои шарқи Украинаро бас кунад.
Хабари дигар мегӯяд, силоҳбадастони тарафдори Русия дар шаҳри Донетск бинои Шӯрои вакилони шаҳрро тасарруф кардаанд. Сухангӯи Шӯрои вакилони Донетск гуфтааст, дастикам 20 нафари мусаллаҳ ин биноро ишғол карданд.
СБУ - Хадамоти амнияти Украина - рӯзи 16 апрел гуфт, мӯҳтавои тамосҳои мухобиротиеро ба даст овардааст, ки дар он фармондеҳони рус ба ҷудоиталабони тарафдори Русия амри паррондани нирӯҳои давлатии Украинаро медиҳанд. СБУ мегӯяд, "мӯҳтавои ин мухобирот собит мекунад, ки ошӯбҳо ба таври рӯирост аз сӯи афсарони доимии нирӯҳои иктишофии артиши Русия раҳбарӣ мешаванд." Вазорати дифои Украина дар ҳамин ҳол хабар дод, ки ду сарбозашро дар вилояти Луҳанск "гаравгон" гирифтаанд.
Путин: Украина дар вартаи ҷанг қарор дорад
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳушдор додааст, ки Украина “дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ” қарор дорад. Кремл мегӯяд, Путин вазъи Украинаро дар тамоси телефонӣ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел сӯҳбат кардааст.НАТО мегӯяд, дастони Русия то оринҷ дар ҳаводиси Украина оғӯштаанд.
Сӯҳбати Путин бо Меркел чанд соат баъд аз даст ёфтани нирӯҳои давлатии Украина бар як пойгоҳи ҳавоии низомӣ дар шарқи он кишвар, ки ҷудоихоҳони тарафдори Русия биноҳои давлатӣ дар дастикам 8 шаҳри ин минтақаро ишғол кардаанд, сурат гирифтааст.
Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов гуфт, пойгоҳи Краматорск дар вилояти Донетск - ошӯбзадатарин минтақа аз миёни вилоятҳои аҳолиаш умдатан русзабони шарқ ва ҷануби Украинаро “озод карданд” ва амалиёти зиддитеррор дар шарқи кишвар идома дорад.
Амалиёти дигари “зиддитеррор”, бино ба хабарҳо, дар наздикии Славянск, ки низ таҳти тасарруфи ҷудоиталабон қарор дорад, идома доштааст, вале аз инҷо ҷузъиёти хеле каме то ин соат ба дасти расонаҳо расидааст.
Кохи Сафед посухи Украина ба вазъи “номуносиб” дар вазъи он кишварро амри лозим” номид.
Русия дар моҳи март бо ҳамин баҳонаи ҳимоят аз русзабонҳо нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, бо баргузории як раъйпурсӣ ин вилоят ва шаҳри Севастополро ҳамчун ду субъекти нав ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Аммо гузориши СММ, ки рӯзи 15 апрел нашр шуд, даъвои Маскав дар бораи таҳти кадом таҳдиди ҷиддӣ қарор доштани русзабонҳои Украина, бо шумули русзабонҳои Қримро зери шубҳа мебарад. Гузориши дафтари ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, “ҳарчанд дар инҷо бархе ҳамлаҳо алайҳи ҷамъияти русҳо сурат гирифта буд, вале ин ҳамлаҳо хусусияти пайваста ё фарогир надошт.” Русия ин гузоришро якҷониба, сиёсатзада ва зоҳиран сохта номидааст.
Дар ҳамин ҳол, дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фоғ Расмуссен Маскавро ба даст доштан дар ошӯбҳои ахир дар шарқи Украина айбдор кард. Расмуссен гуфт, “хеле рӯшан аст, ки дастони Русия то оринҷ дар ин ҳаводис оғӯштаанд.” Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров даст доштани Маскав дар таҳрики ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро рад мекунад.
Вале муовини аввали сарвазири Украина Виталий Ярема Русияро айбдор кард, ки нирӯҳояшро ба дохили Украина фиристодааст. Ярема гуфт, Киев “далелҳое дар даст дорад, ки мардуме ки Славянск ва Краматорскро ишғол кардаанд, ходимони низомии полки 45-уми нирӯҳои ҳавоии Русияанд.”
СБУ – Хадамоти амнияти Украина – ҳамин тавр, яке аз раҳбарони амалиёти тарафдорони Русия дар Славянскро ҳамчун ҷосуси хадамоти иктишофии Русия бо номи Игор Стрелков муаррифӣ кардаанд. СБУ мегӯяд, Стрелков ҳамчунин тасарруфи пойгоҳҳои низомии Украина дар Қримро ҳамоҳанг мекард.
Сарвазири собиқи Украина ва яке аз номзадҳо ба интихоботи рӯзи 25 майи раёсати ин ҷумҳурӣ Юлия Тимошенко дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ хостори таъсиси бригадаҳои миллӣ ба хотири дифоъ аз кишвар дар “ҷанг”-е шуд, ки ба бовари ӯ, Русия бо ҳадафи тасарруфи қаламрави Украина ба роҳ андохтаааст.
Баъди тасарруфи Қрим аз сӯи Русия дар моҳи март, вазъ дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина аз 6 апрел ноором шуд. Рӯзи 6 апрел тарафдорони Русия биноҳои ҳукуматҳои вилоятҳои Донетску Харков ва қароргоҳи СБУ дар маркази вилояти Луҳанскро тасарруф карда, дар Донетск рӯзе баъд аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар доданд. Тайи рӯзҳои охир тарафдорони Русия, ки Киев онҳоро ҷудоиталаб меномад, биноҳои давлатии дастикам 9 шаҳр, аксаран дар вилояти Донетскро тасарруф карда, аз Русия хостаанд, то ба онҳо кумак кунад. Мақомоти Украина ин тасарруфкуниҳоро ба айни вазъ дар Қрим қабл аз пайваст кардани ин вилоят ба Русия ташбеҳ мекунанд, вале мегӯянд, такрори сенарияи Қримро дар шарқ ва ҷануби Украина дигар роҳ нахоҳанд дод.
Бино ба омори расмӣ, аз 45 миллион аҳолии Украина 37,5 миллион ё тақрибан 78 дарсадашро украиниҳо ва 8,3 миллион ё 17 дарсадашро русҳо ташкил медиҳанд. Аммо дар вилоятҳои шарқ ва ҷануби Украина саҳми русҳо ва онҳое, ки русзабон шумурда мешаванд, аз украиниҳо бештаранд ва ба ақидаи таҳлилгарон, ҳоло ин мардуми русзабон ба як “силоҳ” ё фишанги сиёсати Маскав дар Украина ва табдил ёфтаанд.