Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ва Тоҷикистон санади ниҳоии таъини марзро имзо кардаанд


Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев. Шаҳри Бишкек, 21 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев. Шаҳри Бишкек, 21 феврали соли 2025

Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи охирини таъини хати марзро имзо кардаанд ва акнун ин санад бояд ба президентҳои ду кишвар пешниҳод шавад.

Расонаҳои Қирғизистон гуфтанд, ин санад 21-уми феврал дар шаҳри Бишкек имзо шудааст.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар се санадро имзо карданд. Инҳо:

  • Созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ
  • Созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии роҳҳо байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии чорроҳаҳо
  • Созишнома миёни кобинаи вазирони Қирғизистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ

Аммо ҷузъиёти ин санадҳо расонаӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, тарафҳо ҳанӯз дар масъалаи роҳҳо ва иншооти обрасонӣ ба натиҷа нарасидаанд.

Аммо 21 феврал Қамчибек Тошиек, раиси КДАМ-и Қирғизистон ба хабарнигорон гуфт, «мо лоиҳаи ниҳоӣ дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардем.»

Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ҳам гуфтааст, муҳимтарин санади таърихӣ, ки имрӯз ба имзо расид, Созишнома дар бораи муайян ва аломатгузории марз аст.

Созишномаи мазкур дар ҳоле имзо мешавад, ки ҳамаи гуфтушунидҳо сари марз дар паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст. Танҳо дар оғози ин раванд як хабарнигори наздик ба Тошиев гуфта буд, ки Тоҷикистон ба ҳамаи талабҳои Қирғизистон розӣ шудааст. Ва дар поёни моҳи гузашта Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, гуфт, ҳангоми нишонагузории сарҳад эҳтимол ду кишвар баъзе аз шаҳрвандони худро ба минтақаҳои дигар кӯчонанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG