Агар ҷаримаҳои қонуни масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро илова кунем, пули ҷаримаҳо ба 10 миллион 700 ҳазор сомонӣ мерасад, баробар ба 1 миллион доллар. Мақомоти Тоҷикистон ин ду санадро бо ифтихор «қонуни миллӣ» меноманд ва ҳамеша аз онҳо ситоиш мекунанд. Барои намуна, гуфта мешавад, қонуни танзим барои мардум сабукиҳои зиёд овард.
"Тӯй бисёр, қарз кам шуд"?
Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, мегӯяд, қонун кумак кард, ки сатҳи фақр дар Тоҷикистон коҳиш дода шавад.
"Хароҷоти мардум дар муқоиса бо давраи қабули то қонун се маротиба кам гардид. Аз рӯйи маълумоти расмӣ пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо, ҳамасола аз 20 то 25% афзоиш ёфта, гирифтани қарзҳо аз бонкҳо барои баргузории маъракаҳо аз байн рафт. Теъдоди ақди никоҳ ба маротиб зиёд гардид. Агар дар соли 2006 дар ҳудуди ҷумҳури 57 115 ҳолат бошад, дар соли 2007 ва пас аз қабули қонун ба тақрибан ба 100 ҳазор расид. Ба ҳисоби миёна ҳар сол дар ҷумҳурӣ, тақрибан 135 то 150 ҳазор маърака баргузор гардидааст," – иттилоъ дод ӯ.
Аммо теъдоди зиёди ҷаримаҳо ва рейдҳои гузаронидаи мақомот баёнгари он аст, ки сарфи назар аз ситоиши мақомот, мардум ҳанӯз аз иҷрои онҳо саркашӣ мекунанд. Дар ним сол мақомот беш аз 12 ҳазор рейд гузаронида, бино ба маълумоти Додгоҳи олӣ, наздик ба 25 ҳазор шахс ҷазо дода шуданд.
Мавридҳои зиёди риоя нашудани ин қонунҳоро Фарухулло Олимзода ҳам мепазирад ва мегӯяд, “баргузории маъракаҳои манъшуда то ҳанӯз аз байн нарафта, баъзе аз шаҳрвандон ба худнамоӣ ва хурофотпарастӣ низ даст мезананд”.
"Омаданду ҷарима бастанд"
Кумитаи дин мегӯяд, қонун ҳамчунин “барои кам гардидани забҳи чорвои наслдеҳ шароит фароҳам оварда, барои нигоҳ доштани чорво мусоидат намуд.” Мансабдорон дар гузашта далел меоварданд, ки кам шудани забҳи чорво ба боло нарафтани нархи гӯшт сабаб шудааст. Аммо дар замони қабули қонуни танзими ҷашну маросим арзиши як кило гӯшт дар Тоҷикистон то 10 сомонӣ буд ва ҳоло ба 85-90 сомонӣ расида, дар бештари фурӯшгоҳҳо аз марзи 100 сомонӣ гузаштааст. Гӯшт дар Тоҷикистон, ки худро як кишвари аграрӣ медонад, аз Русия ва давлатҳои дигари аврупоӣ гаронтар аст.
Фирдавс Давлатов (ном тағйир дода шудааст), сокини шаҳри Душанберо моҳи октябри 2023 барои риоя накардани ин қонун 7920 сомонӣ ҷарима бастанд. Ӯ мегӯяд, маросими дуову фотиҳаи марги падарашро дар яке аз маконҳои баргузории маъракаҳо доир карда буд, ки барои баъзе солмандон хӯрок ҳам пӯхта буданд.
“Мақомот омаданду ҷарима карданд. Аз хароҷоти мо зиёдтар. Агар ҳамин сабукии қонун бошад, ман намедонам дар бораи вазнинияш чӣ гӯям,” – шиква кард ӯ.
Аз сӯйи дигар баъзе аз иқтисодшиносон мегӯянд, ҳисобу китоби мақомот вобаста ба сабукӣ овардани қонун аз лиҳози иқтисодӣ дуруст намегирад.
“Ин қонун марҳилаҳои зиёди маъмуриву бюрократӣ, аз ҷумла иҷоза гирифтан барои баргузории маърака, муоинаи пешазникоҳиии навхонадорон, бастани шартномаҳои гуногун миёни соҳибони маърака бо тарабхонаҳо, овозхонҳо, наворбардору гардонандаи тӯй, ҳатто сурнайу карнайнавозонро ба бор овард, ки камхароҷот нестанд. Ҳоло барои баргузории оши наҳор арзонтарин қаҳвахона дар Душанбе 15 ҳазор сомонӣ мегирад. Тарабхонаҳои маъруф барои баргузории оши тӯй ва маросими асосӣ то 150-160 ҳазор сомонӣ мегиранд,” -- мегӯяд Алӣ Ализод, таҳлилгари масоили иқтисодӣ.
Баъзе аз сокинон дар назарпурсии Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки тӯю маъракаҳояшонро натавонистанд бе қарз анҷом диҳанд ва бовар доранд, бештар дороҳо қонуни танзимро вайрон мекунанд.
Видео: Назари сокинон дар бораи қонуни танзим
Ҳарчанд Кумитаи дин мегӯяд, қонун “рисолати аслии худро дар ҷомеа иҷро карду барои пешгирӣ аз исроф дар баргузории ҷашну маросим ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ саҳми сазовор гузошт”, танҳо дар ним сол дар Душанбе беш аз 2300 бор рейд гузаронида, мардумро ба риояи қонун маҷбур кардаанд.
Чунин рейд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 бор, дар вилояти Суғд 1700 бор, дар вилояти Хатлон 4605 маротиба ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3566 бор гузаронда шудааст.
Додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо 877 нафарро барои риоя накардани қонуни танзим беш 6 миллион сомонӣ ҷарима бастанд. Барои риоят нашудани қонуни масъулияти таълиму тарбияи кӯдак аз 21340 шахс 4.6 миллион сомонӣ рӯёндаанд.
Қонунҳое, ки ситоиш мешаванд, гуё хароҷоти гарони дӯши мардумро сабук кардаанд, акнун бори сангинтари ҷаримаҳои ҳангуфтро ба дӯши мардум бор кардаанд.