Суолҳои бисёре аз шунавандаҳои Радиои Озодӣ марбут аст ба чанд фанне, ки супурдани имтиҳон аз рӯйи он фанҳо дар низоми нав ҳатмӣ мешавад.
Масалан, аксар довталабонеро, ки имсол мактабҳои миёнаро бо забони русӣ ё бо забони англисӣ хатм мекунанд, ин суол ташвиш медиҳад, ки оё ҳангоми супурдани имтиҳон аз забони тоҷикӣ ин хонандаҳо ба назар гирифта мешаванд? Ва ҳамин тавр аксар хонандаҳои мактабҳои миёна аз ҳатмӣ будани имтиҳон аз фанни математика нигаронӣ мекунанд.
Ба ин суолҳои довталабони имсола аз Парвиз Саидов, як масъули маркази миллии тестӣ посух хостем.
Парвиз Саидов дар робита ба имтиҳони ҳатмӣ аз фанни забони тоҷикӣ гуфт:
«Тавре хабар доред, мо ду имтиҳон дорем. Имтиҳонӣ ҳатмӣ ё тести умумӣ. Он аз 4 фан - математика, таърихи халқи тоҷик , асосҳои ҳуқуқ ва давлат ва забони тоҷикӣ - гирифта мешавад. Мақсад ин аст, ки мо бояд ақалан дониши минималии довталабонро бисанҷем. Дар ин ҷо саволҳо то барномаи таълимии синфи 6 оварда шудааст ва саволҳои мушкил нест. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон бояд забони тоҷикиро донад. Ба хотири эҳтиром ба забони тоҷикӣ, ба хотири эҳтиром ба миллати тоҷик мо бахши забони тоҷикиро ворид кунем ва он аз 30 савол иборат аст.»
Озодӣ: Суоли дигар марбут ба фанни математика аст. Бархе аз довталабон мегӯянд, онҳо аз дигар фанҳо дониши хуб доранд ва ба ихтисосе, ки мехоҳанд шомил шаванд ин фан чандон зарур нест. Ин гурӯҳ мупурсанд, ки ҳатмӣ кардани математика дар имтиҳони дохилшавӣ муҳим набуд?
Парвиз Саидов: «Ин ягон мушкил надорад ин ҷо аз математикаи олӣ пурсида намешавад. Одитарин суолҳо аст. Дар ин ҷо суолу масъалаҳо хеле оддӣ ба довталабон пешниҳод мешаванд. Масалан чӣ тавр фоизро ҳисоб кардан мумкин аст. Мо агар фоизро ҳисоб карда натавонему ду карат дуро надонем чӣ хел мешавад? Барои ҳар нафар математика ва ҳисобу китоб зарур аст ва бояд масъалаҳои оддиро донанд.»
Озодӣ: Аслан ба маркази милии тестӣ ҳам суолу муроҷиатҳо аз сӯйи довталабон зиёд аст ва бештар чӣмепурсанд онҳо?
Парвиз Саидов: «Бале ҳар рӯз то қариб 50 - 60 суолу муроҷиат мегирем. Асосан суолҳо дар ин ҷо ҳам вобаста ба суолҳои тестӣ аст. Барои осон кардани кори довталабон мо тасмим гирифтем, ки то 10-уми феврал намунаи маҷмӯи саволу масъалаҳои тестиро нашр ва ба хонандаҳо дастрас кунем, то онҳо тахминан бидонанд, ки суолҳои имтиҳонҳо чӣ гунаанд. Онҳо ҳамчунин метавонанд пас аз ошнои бо ин суолҳо назару пешниҳодҳои худро ба маркази миллии тестӣ ироа кунанд ва бигӯянд, ки суолҳо барояшон мушкил аст ё на? Назару пешниҳоди онҳо ба инобар гирифта мешавад ва агар мушкил бошанд суолҳо мо талош мекунем он тағир дода шавад.
Суолҳои дигар ҳам ҳастанд, аз ҷумла аз сӯйи афроди нобино суол буд, ки оё имкони гирифтани имтиҳон аз ин гурӯҳи одамонро дорем мо. Ба чунин шаҳрвандон мо мерасонем, ки албатта маркази милии тестӣ ба ҳар шаҳрванде, ки ҳуқуқи дар имтиҳонҳо иштирок карданро доранд мо имкони имтиҳонгирӣ дорем. Барои нобиноён масалан мо дар вақти имтиҳон як нафарро дар паҳлӯяш шинонем ва барояш дар пур кардани тестҳо кӯмак хоҳад кард, баъдан ин боз санҷиш мешавад».
Озодӣ: Дуруст аст, ки маркази миллӣ дар пайи як пажӯҳиш ба хулосае омадааст, ки чандин ихтисосҳо аз байн мераванд?
Парвиз Саидов: "Дар ҳақиқат имрӯз дар донишгоҳҳои мо баъзе ихтисосҳое ҳаст, ки довталабону сокинони кишвар дар бораи онҳо аслан хабар надоранд. Ростӣ мо вақте дар миёни 7 ҳазор довталаб озмоиши калон гузаронидем аз он ихтисосҳое, ки барояшон пешниҳод шуд зиёда аз 100 ихтисос аз тарафи онҳо аслан интихоб нашуд. Махсусан ихтисосҳои соҳаи техникӣ ва омӯзгорӣ. Ихтисосе, ки холӣ монд маълум аст, ки аз байн бурда мешавад. Ба ин хотир мо ба мактабҳои олӣ тавсия намудем, ки ихтисосҳои худро миёни довталабон бештар тарғибу муаррифӣ кунанд."