Ин вокуниш, ки рӯзи 20-уми феврал ба дасти Озодӣ расид, ба матлабе таҳти унвони «Як рӯз дар хатсайри шумораи 22» буд, ки рӯзи 18-уми феврал дар сомонаи радио Озодӣ нашр шуда, аз вазъи хатсайри шумораи 22 дар пойтахт, шаҳри Душанбе, қисса мекард.
Дар ин вокуниш бо имзои Зулфия Ёрова, мудири корхонаи «Автобус-2» омадааст, ки " ККВД «Автобус-2» ба маводи «Як рӯзи хатсайри №22», ки дар радиои «Озодӣ» дарҷ гардида буд, иттилоъ медиҳад, ки маводи мазкур байни ронандагони хати сайр мавриди муҳокима қарор гирифт. Фактҳои дар мавод оварда шуда қисман тасдиқи худро пайдо карданд. Бо ронандагон дастурамали иловагӣ гузаронида шуд ва нисбати одоби муошират дарс гузаронида шуд. Фаъолияти хати сайр пурра таҳти назорати роҳбарияти корхона қарор дорад. Оиди пардохти ҳаққи роҳкиро аз мусофирон эҳтиромона хохиш менамоем, ки пешакӣ ҳаққи роҳкироро тайёр кунанд ва бе бақия пардохт намоянд. Ҳамчунин аз мусофирон хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати ҷои нишаст набудан ба воситаи нақлиёт савор нашаванд ва нақлиёти дигарро интизор шаванд."
Дар матлаби "Як рӯз дар хатсайри шумораи 22" бар пояи сӯҳбатҳои мустақим бо мусофирону ронандагон ва масъулони ин хатти сайр сӯҳбат карда шуда буд, мусофирон аз нагирифтани бақияи роҳкиро ва аз меъёр зиёд савор шудани мусофирон дар нақлиёт шикоят карда буданд. Ҳамчунин мусофирон аз он шикоят карда буданд, ки муносибати ронандаҳову пулчинҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо мусофирон хуб нест.
Мусофирон дар ин матлаб гуфта буданд, ки дохили мусофирбари хатсайри рақами 22 (Донишгоҳи омӯзгорӣ – маҳаллаи 102) пуродам ва бенизом аст. Аз ҷумла Муҳаммад Ҳабибов, як мусофири нақлиёт гуфта буд: «Бо вуҷуди он, ки хизматрасонии мусофирбари рақами 22 ба талабот ҷавобгӯ нест, ба болои ин, муносибат бо мусофирон дар сатҳи паст буда, дар ин мусофирбар ба ҷои 15 нафар то 30 нафар мегиранд».
Аммо Гулмаҳмад Насибов, муовини директори корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2», ки хатсайри рақами 22-ро танзим мекунад, ба Озодӣ гуфта буд, ки то ҳанӯз касе дар ин бобат ба онҳо шикоят накардааст.
Видеои сӯҳбатҳо бо мусофирону ронандагон инҷост: