Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни корхонаҳои давлатиро баррасӣ доранд, ки бино бар онҳо бояд назорат ва шаффофият бештар фасоду сирқатро дар корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ решакан кунад. Вале коршиносон бар инанд, ки танҳо ислоҳоти бунёдӣ якҷо бо бозори солиму озод ва рақобати воқеӣ метавонад, ширкатҳои бузурги давлатиро ба кори шаффоф ва бидуни фасод водор намояд.
Олимҷон Бобоев, узви Маҷлиси намояндагон, рӯзи 5-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тағйиру иловаҳои пешбинишуда, дар назар аст, дар корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ Шӯрои нозирон таъсис ёбад. Ӯ афзуд, ҳоло роҳбарони корхонаҳои давлатӣ бар пояи асли яккасардорӣ кор мекунанд, ки ин шева натиҷаи манфӣ медиҳад. Шӯрои нозирони баргузидашуда аз миёни кормандони ширкатҳо хоҳад тавонист, кори роҳбари корхонаро назорат кунанд. Ба таъкиди ӯ, дар лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки роҳбари корхона дар тасмимҳояш бояд ризоияти Шӯрои нозиронро ба даст орад.
“Шӯро шаффофияти гузоришҳои молӣ ва ҳамчунин ҷамъбасти солонаи кори корхонаро муҳокима менамояд. Дар корхонаҳои хусусӣ чунин шӯроҳои назоратӣ аст, ки фаъолияташон шаффофу сермаҳсул аст”,--гуфт Бобоев.
Зоҳиран, ин барнома эҳёи ниҳодеро дар назар дорад, ки дар замони Шӯравӣ дар ҳар корхона вуҷуд дошт ва аз он ҳамчун Кумитаи назорати мардумӣ ном бурда мешуд. Ин кумита на танҳо кори раҳбари муассисаро зери назар медошт, балки сифати маҳсулот, суръати иҷрои нақшаҳои тавлидотӣ ва дахлу харҷи корхонаро низ тафтиш мекард.
Бархе аз коршиносон бар инанд, ки роҳандозии Шӯрои нозирон дар корхонаҳо метавонад ба нафъи кор бошад, вале масъалаи асосӣ он аст, ки чунин ниҳод то куҷо мустақил буда метавонад.
Фирӯз Қодиров, шореҳи масъалаҳои иқтисодӣ мегӯяд, ташкили Шӯрои нозирон дар ширкатҳои саҳомию ширкатҳои давлатӣ метавонад ба нафъи ширкат ё корхона бошад. Ӯ пешниҳод намуд, ки ба ин шӯроҳо “хубтараш олимон, коршиносон ва мутахассисони маъруф ва поку содиқ, аз ҷумла аз хориҷи кишвар аъзо карда шаванд”. Ин дар ҳолест, ки тарҳи порлумон таъсиси шӯроҳоро аз ҳисоби кормандони муассисаҳо дар назар дорад.
Таҳлилгарони дигар мегӯянд, дар шароити фасодзадагии фарогир, як ниҳоди дигари назоратӣ танҳо ба афзоиши фасод мусоидат хоҳад карду бас. Онҳо меафзоянд, беҳбуди фаъолияти корхонаҳо ба сиёсати дурусти иқтисодии кишвар бастагӣ дорад.
Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик иброз дошт, ки “ин ва ба ҳамин монанд, дигар иқдоме, ки порлумону ҳукумат мегиранд, дуруст мисли он аст, ки шумо хонаи дар ҳоли чаппашвиро ранге молед ва дигарону худатонро таскин диҳед, ки хона таъмир шуд”.
Баррасии тарҳи қонун «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» дар порлумон дар ҳоле сурат мегирад, ки масъалаи ташкили корхонаҳои саноатӣ ва таъмини сокинон ба ҷои кор аз мавзӯҳоест, ки пайваста тариқи расонаҳо садо медиҳад. Ва ширкатҳои бузурги давлатӣ бо вуҷуди имтиёзҳо ба қарз фурҳ рафтаанду ба бори души давлат табдил ёфтаанд.
Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумора аз ҷумла ба соҳаи истихроҷ 250 корхона, саноати коркард 1 ҳазору 715, таъминоти нерӯи барқ 76 корхона рост меояд. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон танҳо тай 9 моҳи соли 2018 дар кишвар 141 корхонаи саноатӣ аз фаъолият мондааст.