Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ғоратгарон ба 18 мусофири тоҷик


Пулиси вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 4 нафарро бо иттиҳоми ҳамлаи ғоратгарона ба мусофирони тоҷик дастгир кардааст.

Раёсати умури дохилаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон мегӯяд, алайҳи 4 нафар бо иттиҳоми ҳамлаи ғоратгарона ба автобуси мусофирони тоҷик парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ин 4 нафар рӯзи 6 апрел, 5 соат баъд аз ҳамла ба автобус дастгир шуданд ва феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Ҷалолобод пушти панҷара қарор доранд.

Дар дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолобод рӯзи 13 апрел ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфтанд, ин автобус ба як ронандаи қирғиз тааллуқ дошт ва бо 22 мусофир – 18 тоҷик ва 4 қирғиз – аз шаҳри Бодканд ба самти Бишкек мерафт. Шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирони корие буданд, ки азми сафар ба Русияро доштаанд.

Самара Қодирова, сухангӯи пулиси Ҷалолобод гуфт, вақте ин автобус дар назди нирӯгоҳи Тошкумур барои истироҳат додан ба мусофирон манъ мекунад, дар назди онҳо як мошини бидуни шумораи давлатӣ меистад: “Дар ин мошин 4 ҷавони аз 25 то 30-сола буданд. Онҳо бо таҳдид аз туфангчаи травматикӣ 150 000 соми ронандаи автобус ва 2000 тангаи қазоқиву 56 ҳазор рубли русии мусофирони тоҷикро кашида гирифтаанд. Ғоратгарон ҳамчунин 9 телефони мобили мусофирони тоҷикро ба яғмо бурдаанд.”

Ҳамлагарон, ба гуфтаи пулис, аз вилоятҳои Бодканду Ҷалолобод буда, ягон ҷо кор намекарданд. Онҳоро баъди ҳамагӣ 5 соати ҳамла дар ҳудуди ноҳияи Бодканд дастгир карданд. Ба гуфтаи пулис, ғоратгарон аз телефонҳои дуздидаашон истифода бурданд ва онҳоро тавассути пайгирии ҳамин зангҳои телефонӣ боздошт шудаанд.

Самара Қодирова мегӯяд, аз ҳамлагарон телефонҳои мобил ва як қисми пули ғораткардаашонро мусодира карда, ба мусофирони тоҷик баргардонданд: “Ғоратгарон пулҳои қирғизиеро, ки аз ронандаи автобус гирифта буданд, алакай харҷ карда буданд. Вале 2000 танга ва 56 ҳазор рублро ҳанӯз иваз накарда буданд. Пулис ин пулро ба мусофирони тоҷик баргардонд ва онҳо ба сафарашон ба Русия идома доданд.”

Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Аксари ин муҳоҷирон дар гузашта аз тариқи ҳавопаймову қаторҳои роҳи оҳан ба муҳоҷират мерафтанд. Вале бо оғози мавсими имсолаи муҳоҷират аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи парвозҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русияро бамаротиб боло бурданд.

Ба ин далел, он муҳоҷироне, ки тавони молии харидани чиптаи ҳавопаймо ба нархи 400 - 500 долларро надоранд, маҷбур мешаванд, худро бо роҳҳои арзонтар, вале тавре қазияи омада бар сари ин 18 мусофир дар Қирғизистон нишон медиҳад, пурхатари заминӣ ба Русия бирасонанд.

Пулиси Ҷалолобод мегӯяд, ин нахустин чунин мавриди ҳамлаи гурӯҳӣ ба мусофирон аз Тоҷикистон дар роҳҳои ин минтақа аст ва мақомот талош хоҳанд кард, ки дар оянда чунин ҳамлаҳо такрор нашаванд.

XS
SM
MD
LG