Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷаи Амрико оқои Блейк дар боздиди худ аз Душанбе раҳбарии ҳайатеро бар ӯҳда хоҳад дошт ва ин ҳайат дар чаҳорчӯбаи машваратҳои дуҷонибаи солонаи Амрикову Тоҷикистон бо раиси ҷумҳур ва шахсиятҳои боломақоми ҳукуматӣ мулоқот хоҳад кард.
Дар бораи ҷузъиёти боздиди Роберт Блейк аз Тоҷикистон доираҳои расмӣ хабаре пахш накардаанд. Вале Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар бораи ин боздид мухтасар сӯҳбат кард ва гуфт, ки “Роберт Блейк бо президенти Тоҷикистон гуфтушунуд анҷом медиҳад, инчунин машваратҳои дуҷонибаи муфассал миёни Амрико ва Тоҷикистон 21 феврал баргузор мешавад. Аз ду ҷониб ҳайатҳо дар ин гуфтушунуд ширкат мекунанд”.
Коршиносони минтақаӣ мегӯянд, ки мавзӯи боздиди оқои Блейк ҳам аз Ҳиндустон ва ҳам аз Тоҷикистон бештар ба ҳамкориҳо барои мубориза бо тундгароиву терроризм дар минтақа баъд аз хуруҷи нирӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон иртибот дорад.
Истисно нест, ки дар ин боздид ҳайати амрикоӣ бо Тоҷикистон масъалаҳои низомӣ ва ҳатто таъсиси намояндагии низомии Амрико дар Тоҷикистонро низ баррасӣ кунад.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ин боздид бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат мегирад ва дар ҷараёни он роҳҳои хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон матраҳ хоҳад шуд. Гарчи дар бораи хуруҷи нирӯҳои Амрико тавассути Ӯзбакистон гуфтушунудҳо идома доранд, вале имкони хуруҷи бахше аз ин нирӯҳо тавассути Тоҷикистон ҳанӯз дар дастури рӯз боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, дар сурати хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон Амрико то ҳол роҷеъ ба имкони таъсиси як пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои идомаи мубориза бо терроризм тасмими дақиқ нагирифтааст.
Агар Амрико чунин марказ ё пойгоҳро дар Ӯзбакистон ҷойгир кунад, дар он сурат аз сӯе пойбанди ин кишвар хоҳад буд. Ба ин далел Амрико мехоҳад дар ин замина бо кишварҳои дигар низ ҳамкорӣ кунад ва чанд марказ дошта бошад. Тоҷикистон дар ин барнома яке аз чунин кишварҳост.
Бо назардошти ин нукта, оё имкон дорад, ки дар ин сафар масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон баррасӣ шавад? Муллоҷонов мегӯяд, ки чунин имконият вуҷуд дорад. “Ин масъала баррасӣ мешавад, вале на дар шакли пойгоҳи низомии доимӣ, балки шояд дар шакли намояндагие, ки фаронсавиҳо дар Тоҷикистон доранд”, гуфт ӯ. Дар чунин ҳолат, мегӯяд таҳлилгар, Тоҷикистон метавонад ҳамзамон мизбони нирӯҳои Амрико ва Русия бошад, вале Русия онро қабул надорад. “Муттаассифона, Русия ин корро хеле ҳассос ва дарднок қабул мекунад. Ба фикри ман мақомоти Русия хеле зиданд”, гуфт ӯ.
Гузашта аз ин, агар дар бораи хуруҷи қисме аз нирӯҳои Амрико тавассути хоки Тоҷикистон тавофуқ ба даст ояд, мумкин аст Амрико баъзе аз техникаи низомӣ ва аслиҳаи худро дар Тоҷикистон гузорад. Оқои Муллоҷонов мегӯяд, Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил ҳақ дорад аз сарчашмаҳои гуногун ҳам аслиҳа ва ҳам таҷҳизоти низомӣ ба даст орад ва ин кор ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд.
Аммо Александр Князев, ҳамоҳангсози барномаҳои минтақаии пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Русия иддао мекунад, ки агар ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон бо Амрико густариш ёбад, Тоҷикистон дар оянда масъалаи хуруҷи пойгоҳи низомии Русия аз қаламрави худро матраҳ мекунад. Дар чунин ҳолат Русия хеле зуд ба ин кор вокуниш нишон хоҳад дод.
Князев гуфт, “сиёсати Ррусия дар минтақа бидуни низом ва муҳофизакорона боқӣ хоҳад монд. Ба ин сабаб хеле зуд ва беандеша ба ҳар кор вокуниш нишон медиҳад. Мо метавонем масъалаи халабонони русро ба ёд орем, ки дар марҳилаи аввал нисбат ба муҳоҷирони тоҷик рафтори аблаҳона нишон дод ва дар Маскав ба онҳо фишор овард”.
Муллоҷонов ҳам фишангҳои фишори Русия ба Тоҷикистонро таъйид мекунад ва меафзояд, Тоҷикистон метавонад бо Русия машварат кунад ва онро наранҷонад, зеро Русия дар гузаштаҳо аз ин фишангҳо ба унвони ҳушдор истифода кардааст.
Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳатто барангехтани ихтилофи нирӯҳои гуногуни сиёсӣ ё минтақаҳо аз масъалаҳои ҳассоси ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муллоҷонов таъкид мекунад, ки бо Русия муносиботро набояд вайрон кард, зеро Русияи норозӣ дар сурати душманӣ барои суботи Тоҷикистон ва давлатдории миллии он хатарнок аст. Ҳукумати Тоҷикистон бояд тавозунро нигоҳ дорад ва сиёсати чандҷонибаи худро бо кишварҳои гуногун ҳифз кунад.