Котиби давлатии Амрико мегӯяд, ҳафтаи равон барои музокироти сулҳ дар Украина бисёр муҳим аст. Марко Рубио дар суҳбат бо телевизиони NBC гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд дақиқ кунад, ки ба талошҳояш барои сулҳ дар Украина идома медиҳад ё ба мавзуъҳои дигар тамаркуз мекунад.
"Сабабҳое вуҷуд доранд, ки метавон хушбин буд," - гуфт Рубио. Ӯ ҳамзамон афзуд, ки "бояд воқеъбин бошем, мо (ба созишномаи сулҳ) наздикем, вале на ба қадри кофӣ."
Рубио ҳамчунон ба ин суол посух дод, ки чаро маъмурияти Доналд Трамп барои фишор ба Русия алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ намекунад? Трамп чанд маротиба дар ин бора ба Русия таҳдид кард, аммо тасмиме нагирифт.
“Вақте ин корро мекунед, маънои онро дорад, ки аз музокира берун ва давоми ду соли дигар худро гирифтори ҷанг мекунед. Мо инро намехоҳем,” - гуфт Рубио.
Котиби давлатии Амрико таъкид кард, ки кишвараш гуфтушунидро бо Русия ҳифз мекунад, то роҳи ҳалли дипломатӣ барои поён додан ба низоъ вуҷуд дошта бошад.
"Агар нақшаи мо ноком шавад, алайҳи онҳое, ки сулҳро намехоҳанд чораҳои лозимро амалӣ мекунем. Дар айни ҳол бартарӣ медиҳем, ки кор то инҷо нарасад,”- афзуд Марко Рубио.
Дар ҳамин ҳол Майк Уолтс, мушовири амнияти миллии президенти Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News эълон кард, ки Доналд Трамп ҳамчунон барои расидан ба созиши сулҳ пойбанд аст.
Ҳафтаи гузашта намояндагони Украина бо ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва кишварҳои дигари Аврупо дар шаҳри Лондон гуфтугӯ карданд. Котиби давлатии Амрико ба ин нишаст наомад ва аҳамияти нишасти Лондон ҳам камранг шуд. Рӯзи 25-уми апрел Стивен Уиткофф, фиристодаи вижаи Трамп ба Маскав рафт ва як рӯз баъд президентони Амрико ва Украина дар Ватикан мулоқоти кӯтоҳе доштанд.
Доналд Трамп баъди дидор бо Владимир Зеленский аз Путин интиқод карда, дар шабакаи TruthSocial навишт: Путин дар рӯзҳои охир ҳеч далеле надошт, ки ба иншооти мулкӣ, шаҳр ва деҳаҳо бо мушак ҳамла кунад. Ин вазъ маро водор мекунад фикр кунам, ки шояд ӯ поёни ҷангро намехоҳад ва бо ман бозӣ мекунад.” Раис ҷумҳури Амрико Маскавро бо таҳримҳои нав таҳдид кард, чун ба гуфтааш “одамони зиёд кушта мешаванд.”
Рӯзи 24-уми апрел баъди ҳамлаи густурдаи Русия ба Киев, президенти Амрико аз раиси ҷумҳури Русия даъват кард, ки ин корро бас кунад. Қаблан Трамп аз Украина ва Зеленский ҳам интиқод карда буд.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, Владимир Путин дар суҳбат бо намояндаи Трамп омодагии Маскавро барои гуфтугӯ бо Украина эълон кард. Песков гуфт, ин музокирот бидуни кадом шарти пешакӣ аст. Аз суҳбатҳои мақомдорони Русия маълум мешавад, ки бо оғози музокирот ҷанг қатъ намешавад. Украина талаб дорад, ки аввал оташбас ва баъд музокира оғоз шавад.
Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Ройтерс” ва чанд расонаи дигар ҷузъиёти пешниҳоди Амрико барои поён додан ба даргириҳо дар Украинаро нашр карданд. Пештар манобеи The Washington Post хабар доданд, ки дар музокироти 23-юми апрел дар Лондон намояндагони Амрико ба Украина пешниҳод мекунанд, ки Қримро ҳамчун ҳудуди Русия эътироф карда, амалиёти ҷангиро поён диҳанд. Аммо Владимир Зеленский гуфт, Киев ҳокимияти Русия бар нимҷазираи Қримро эътироф намекунад, чун ин хилофи Конститутсияи Украина аст.
Президенти Амрико Доналд Трамп изҳори умед кардааст, ки Русия ва Украина дар муҳлатҳои наздик ба созиш мерасанд.