Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда аз 7,4 дарсади ҳозира ба 6,8 дарсад поин хоҳад омад. Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нест ва мегӯяд, тавсеаи иқтисод дар ду соли оянда аз 8 дарсад кам нахоҳад буд.
Гузориши нави Бонки Осиёии Рушд дар аввали моҳи апрел нашр шуд. Дар он омадааст, ки сармоягузории бузург ба бахши энержӣ, саноат ва рушди бахши хусусӣ аз сабабҳои асосии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда хоҳад буд.
Тибқи пешбинии Бонки Осиёии Рушд, имсол сатҳи таваррум то 5 дарсад ва соли оянда то 5,8 дарсад боло хоҳад рафт. Боло рафтани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ, зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ, нафақа ва хидматрасониҳои коммуналӣ аз омилҳои асосии таваррум дар кишвар гуфта мешавад. Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, ин ниҳоди молӣ омода аст, ки дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла камбуди сармоя ва беҳтар кардани хидматрасонии давлатӣ ба Тоҷикистон ёрӣ кунад.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи рушди иқтисоди кишвар давоми ду соли оянда назари дигар доранд. Рабӣ Рабиев, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, созмонҳои молии ҷаҳонӣ ҳамон ченак ё индикатори асосиро ба инобат мегиранд.
"Раванди солҳои гузаштаро нигоҳ мекунанд. Баъд маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро мебинанд. Индикаторҳои асосие, ки инҳо ҳаҷман бузурганд. Индикаторҳое, ки ҳаҷми хурд доранд, онҳоро ба инобат намегиранд. Аз ин рӯ, суръати рушди иқтисод аз сӯи ташкилоти байналмилалии молӣ каме хурдтар мешавад,” -- афзуд ин намояндаи Вазорати рушди иқтисод.
Сабаби коҳиши эҳтимолиро Бонки Осиёии Рушд ба кам шудани интиқоли пул вобаста донистааст. Рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ Абдулло Ашӯров бар ин аст, ки воқеан ҳоло иқтисоди Тоҷикистон ва минтақа дар рӯ ба рӯи номуайяниҳои амиқе қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, “ҷанги иқтисодӣ” байни Амрико ва Чин метавонад ба суръати рушди иқтисоди тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир гузорад.
“Сарчашма ё муҳаррики асосии иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои гузашта ва чанд соли оянда боз ҳам афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон мемонад. Ҳар сол шумораи бештари ҷавонони қобили кор вориди бозори кор мешаванд. Ҳарчанд бисёри онҳо дар Тоҷикистон кор наёбанд ҳам, ба хориҷи кишвар мераванд ва аз онҷо ба хонаводаҳои худ пул мефиристанд,” -- таъкид кард Ашӯров.
Ба ҳисобҳои гуногун, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли гузашта бо вуҷуди сахтиҳое, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба сар бурданд, қариб ними Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додаааст. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон на ҳамеша саҳми пули муҳоҷиронро дар рушди иқтисод эътироф мекунанд ва ҳатто аз гуфтани омори он худдорӣ меварзанд.
Аз нигоҳи мутахассисони Вазорати рушди иқтисод, истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, гардиши савдо, мусофиркашонӣ, хидматрасониҳои пулакӣ аз манбаҳои асосии рушди иқтисод ба ҳисоб мераванд.
Дар дурнамои ин ниҳод, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ барои соли 2025 бештар аз 71 миллиард ва кишоварзӣ зиёда аз 75 миллиард сомонӣ арзёбӣ шудааст. Маълум нест, ин дурнамо чӣ гуна амалӣ мешавад ва то куҷо дар беҳбудии зиндагии мардум метавонад таъсир гузорад.
Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, як чиз рӯшан аст, ки иқтисоди Тоҷикистон пойбанди бозори хориҷист ва аксари молу маҳсулоти ниёзи мардум воридотӣ буда, ҳар тағйир дар берун метавонад таъсири ҷиддие ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дошта бошад. Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки технологияи рақамиро рушд диҳад, то хидматрасониҳои давлатӣ ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: