Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Рӯшон: "Тарҳи бунёди хонаҳои осебдида таҳия шудааст"


Раиси Рӯшон мегӯяд, ки ҳама хонаҳои бар асари зилзилаи моҳи декабр осебдида дар ин ноҳия барқарор мешаванд ва ҳоло тарҳи cохтмони ин хонаҳо омода шудааст.

Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон мегӯянд, ки ҳама он хонаҳои сокинони ин ноҳия, ки бар асари зилзилаи харобиовари рӯзи 7-уми декабри соли гузашта тахриб шуда буданд, аз нав барқарор мешаванд.

Дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабр, қисмати зиёди манзилҳои истиқоматии сокинони деҳоти Ғудара, Нисур, Рухчи ноҳияи Рӯшон тахриб шуда, ҳамчунин дар маркази ноҳия низ деҳоти Дерзуд, Баррӯшон, Деррӯшон ва Вамд хонаҳои мардум зиён дидаанд. Дар маҷмӯъ, дар қаламрави ноҳия беш аз 200 манзил комилан хароб ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.

Раиси ноҳияи Рӯшон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ибтидо ба ин пурсиш, ки онҳо то ин вақт чӣ кӯмакҳое дарёфт кардаанд, гуфт:

Худоёров: Сокиноне, ки хонаҳояшон хароб шуда буд, дар маркази ноҳияи Рӯшон ва атрофи он ҷо ба ҷо шуданд.

Радиои Озодӣ: Онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд?

Худоёров: На. Онҳо дар мактабҳо зиндагӣ мекунанд. Бачаҳои сокинони Бартанг, ки ба Рӯшон омдаанд, бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. 123 нафар дар интернати ҷумҳуриявӣ бо шароити лозимӣ зиндагӣ ва таҳсил доранд. Зарардидагони деҳаҳои Баргуд, Барӯшон дар мактаб, урдугоҳ ё лагери тобистона зиндагӣ мекунанд. Бачаҳои онҳо дар мактабҳои рақамҳои 7 ва 8 таҳсил мекунанд. Аммо шумори онҳо кам аст.

Радиои Озодӣ: Чун ҳоло зимистон аст корҳои сохтмон ё тармими хонаҳои зарардида идома дорад?

Худоёров: Не. Ҳоло маҳсулоти сохтмонӣ интиқол мешавад. Аз 29-уми декабар то аввали феврал 660 метри кубӣ тахта, 16 555 метри квадратӣ тунука, 5 ҳазору 447 метри квадратӣ ламинат, 375 адад тиреза, 85 тонна арматура, 25 тонна капинка интиқол дода шуд.

Радиои Озодӣ: Ин маҳсулот барои барқарор кардани харобшуда кифоят мекунад ё кӯмакҳо идома хоҳад кард?

Худоёров: Бале ҳамааш ҳисобу китоб шудааст. Танҳо 660 тонна семент ба далели аз барфу борон осеб надиданаш наовардем. Ҳамчунин, сокинони осебдида бо маводи хӯрока таъмин шуда, нормаи семоҳаи ордро ба он ҷо фиристодем, ба мардум тақсим карданд. Ба зарадидагон ба маблағҳои 2 ва 3 ҳазор сомонӣ кӯмак карда шуд.

Радиои Озодӣ: Вақте дар ноҳияи Шуғнон сел омада буд, як шаҳракаи нав барои осебдидагон бунёд шуд.Оё дар ноҳияи Рушон бунёди чунин шаҳрак ба нақша гирифта шудааст ё хонаҳои осебдида барқарор мешавад?

Худоёров: Хонаҳои харобшуда барқарор мешавад. Ҳоло лоиҳаи сохтмони ин хонаҳо тайёр шудааст. Замин ҳам ҷудо шудааст.

Радиои Озодӣ: Мактабу бемористонҳо таъмир мешаванд ё нав сохта мешаванд?

Худоёров: Албатта.Ду мактабе, якеаш дар Лусур комилан хароб шуд, аз ҷониби ҳокимияти вилояти Бадахшон сохта мешавад. Мактабе ки дар Рухч хароб шуда буд, аз ҷониби ҷамъияти тоҷикон бунёд мешавад.

XS
SM
MD
LG