Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Испания дар тирамоҳи соли 2024 гуфтанд, ки як шабакаи интиқоли маводи кимиёиро ба Русия ошкор карданд. Маҳсулоте, ки бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо фиристодани онҳо ба Русия манъ аст.
Маълум гардид, ки баъзе аз ин мавод барои истеҳсоли силоҳҳои кимиёӣ ва заҳрҳои фалаҷкунандаи асаб истифода мешаванд. Хабарнигорони "Радио Свобода", бахши русии Радиои Озодӣ, видеои полиси Барселонаро дар ин бора омӯхтанд. Онҳо дақиқ карданд, ки бушкаҳои маводи кимиёӣ барои истеҳсоли паҳподу мушакҳо ва аккумулятори киштиҳои зериобӣ дар Русия истифода мешаванд. Масалан, чунин маводи кимиёӣ дар соли 2019 сабаби сӯхтор ва марги 14 маллоҳи киштии зериобии “Лошарик” гардидааст.
Хабари ҳабси “13 тонна маводи кимиёӣ” дар соҳилҳои Барселона, ки қарор буд ба Русия фиристода шаванд, рӯзи 15-уми октябри соли 2024 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Испания нашр шуд. Дар чанд минтақаи Каталония чор нафарро бо гумони даст задан ба ин ҷиноят дастгир карданд.
Вазорати корҳои дохилии Испания гуфт, санҷиши интиқоли маҳсулоти мамнуъ ва зери таҳримро баъд аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар соли 2022 сар кард. Гумонбарон, ба навиштаи полис, дар Арманистон, Қирғизистон ва давлатҳои дигар шабакаи ширкатҳоеро таъсис доданд, ки бо ёрии онҳо маҳсулоти кимиёиро ба Русия мефиристоданд.
Таҳқиқи мазкур бо иштироки Бюрои аврупоии мубориза бо қаллобӣ гузаштааст. Амалиёти якҷояро муфаттишони аврупоӣ “Лӯлаи озмоишӣ” ном гузоштанд.
Ин чӣ маҳсулот аст?
Дар хабарномаи полис ва гумруки Испания гуфта шуд, ки бо ёрии миёнаравҳо аз Испания ба Русия “маҳсулоти кимиёии зери таҳрим содир мешуд” ва баъзе намунаҳои ин мавод “пешмодда (прекурсор)-и силоҳҳои эҳтимолии кимиёӣ ва ё маводи фалаҷкунандаи асаб буда метавонанд”.
Содироти чунин маҳсулот аз Иттиҳоди Аврупо ба Русия воқеан мавриди ташвишу нигаронӣ буда метавонист, чунки дар гузашта ҳолатҳои истифода аз заҳрҳои фалаҷкунандае мисли “Новичок” зидди мухолифони Кремл исбот шудаанд. Масалан, бо ҳамин заҳр дар соли 2020 сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний заҳролуд карда шуд.
Бо ин вуҷуд, дар ягона видеои ҳабси маҳсулоти мамнуъ дар обҳои Барселона бушкаҳои дорои маводи кимиёӣ дида мешаванд, ки онҳоро барои саноати ҳарбӣ муҳим медонанд. Дар рӯйи бушкаҳо NMP навишта шудааст. Яъне, N-Метил-2-пирролидон. Маводе, ки дар саноати нафту кимиё, полимерӣ ва аккумулятор истифода мешавад.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми апрели соли 2022 дар посух ба ҳуҷуми Русия ба хоки Украина NMP-ро ба рӯйхати маводи мамнуъ дохил кард. Як бушка 200 кило маводро меғунҷонад. Барои 13 тонна маводе, ки пулиси Испания дар борааш хабар дод, 65 бушка лозим мешавад.
Полиси Испания муроҷиати Радиои Озодиро барои шарҳи мавзӯи ҳабси маводи мамнуъ дар соҳилҳои Барселона беҷавоб гузошт ва ҳам нагуфт, ки тафтиши ин қазия ба куҷо расидааст.
Чӣ гуна аз NMP истифода мекунанд?
N-Метил-2-пирролидон як маҳлули қавии кимиёӣ аст, ки дар соҳаҳои нафту дорусозӣ, ҳангоми истеҳсоли ранг ва маҳсулоти электронӣ, ширеш ва фарш истифода мешавад. Солҳои охир истифодаи NMP дар ҷаҳон дар истеҳсоли аккумуляторҳои литию ионӣ ва ҳам микросхемаҳо афзудааст.
Тақозои солонаи корхонаҳо дар Русия на бештар аз 6 ҳазор тонна NMP-ро ташкил медиҳад ва ҳамин ҳаҷм сад дарсад аз ҳисоби воридот таъмин мешавад. Дар ин бора сомонаи “Сделано у нас” хабар додааст. Дар Русия танҳо “Новочерскасский завод синтетических волокон” ба истеҳсоли NMP қодир буд, вале дар соли 2009 баста шуд. N-Метилпирролидон ба феҳристи маҳсулоти саноатии бисёр муҳим барои соҳаи кимиёии Русия дар солҳои 2024-2026 ворид карда шудааст.
Эҳтиёҷ ба NMP-ро маълумоти пешазҷангии харидҳои давлатӣ дар Русия тасдиқ мекунанд. Бино ба ҳамин манбаъҳо, ин мавод дар саноати ҳарбӣ истифода мешуд ва хоҳад шуд ва харидани он дар кишварҳои ғарбӣ пешбинӣ мешавад.
Масалан, дар соли 2018 корхонаи “Уралэлемент” аз ширкати “Уралтехимпорт” 1,5 тонна NMP-и истеҳсоли Олмонро харидааст. “Уралэлемент” як бахше аз корпортасияи давлатии “Тактическое ракетное вооружение” ва ҳам маҷмааи “МПО-Гидроприбор” мебошад. Дар вебсайти корхона навишта шудааст, ки “ин корхонаи стратегии соҳаи мудофиа ва саноат аст”.
Алексей Криворучко, муовини вазири дифои Русия, дар моҳи июли соли 2021 ба ин корхона рафта буд. Баъди аз мансаб барканор шудани вазири дифоъ Сергей Шойгу, Криворучко мақомашро ҳифз кард, ҳарчанд як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ собит намуд, ки духтарони ӯ дар Амрико таваллуд шудаву шаҳрвандии ин кишварро доранд. Дар вебсайти корхона гуфта шудааст, ки Криворучко “чанд қарори муҳими вобаста ба истеҳсоли батареяҳои аккумулятории таъиноти махсус аз рӯи рақами қисми ҳарбии 40056-ро дар корхонаи "Уралэлемент” имзо кард”.
Бино ба маълумоти дастрас дар интернет, қисми ҳарбии 40056 ба Маркази собиқи Вазорати дифои Русия дахл дорад, ки ҳоло номаш Сарраёсати таҳқиқоти умқи баҳр (ба русӣ - ГИГИ) ном дорад.
Пойгоҳи зериобии Истгоҳи ҳастаии 12 “Лошарик”, ки дар натиҷаи сӯхтор дар он 1-уми июли соли 2019 чордаҳ маллоҳ ҷон бохт, дар ихтиёри ГИГИ қарор дорад. Пас аз 8 рӯзи ҳодиса Сергей Шойгу ба президент Владимир Путин гузориш дода буд, ки сӯхтор дар натиҷаи расиши симҳо сар зад.
Як харидори дигари пешазҷангии NMP корхонаи илмию истеҳсолии “Темп-Авиа” будааст, ки он ҳам ба корпортасияи давлатии “Тактическое ракетное вооружение” марбут дониста мешавад. “Темп-Авиа” барои ҳавопаймоҳои ҳарбии русӣ ва пойгоҳҳои мушакии ҳавопаймоҳои бесарнишин маҳсулот омода мекунад. Раиси корхона Юрий Исаев дар баҳори соли 2023 хабар дод, ки кор дар ин корхона “чандин баробар афзуд”.
Харидори дигари NMP – идораи "Центральное конструкторско-технологическое бюро полимерных материалов с опытным производством" аст. Бино ба маълумоти харидҳои давлатӣ, ин бюро корхонаи истеҳсоли мушакҳои баллистикии "Топол-М"-ро дар шаҳри Воткинск бо маҳсулот таъмин мекард. То соли 2011 раҳбарии корхонаро Владимир Максимов ба уҳда дошт, ки пеш аз он фармондеҳи қисми ҳарбии 19161 буд. Ин қисми ҳарбӣ - Маркази илмию таҳқиқотии Вазорати дифои Русия мебошад.
Соли 2018 NMP-ро Корхонаи шишаи Литкарино харидорӣ мекард, ки ба ширкати азими “Швабе”-и Ростех марбут аст. Як сол пеш аз он корхона намунаҳои айнакҳои шаббин ва фанноварҳои вижаи худро дар намошгоҳи “Армия 2017” ба намоиш гузошт.
Нисфи маводи иттилоотии вобаста ба хариди NMP, ки дар дастрасии умум қарор дорад, аз ҷониби ширкатҳои давлатӣ харида шудаанд ва ин корхонаҳо бо ҳар роҳ ба соҳаи саноати ҳарбӣ рабт доранд. Баъд аз соли 2021 маълумот дар бораи харидҳои давлатӣ дар Русия махфӣ гардонда шуд.
Бо ин вуҷуд, маълум гардид, ки бештар аз дигарҳо NMP-ро корхонаи “Башнефт” харидааст. Ин корхона метилпирролидонро ба ҷои фенол дар пок кардани равғани нафт истифода намуд. Ин равған барои молидан ба турбинаҳо, компрессорҳо ва муҳаррики ҳавопаймоҳоро истифода мешавад. Дар рӯзҳои аввали ҳуҷуми Русия ба хоки Украина мутахассисон огоҳ карда буданд, ки ширкатҳои коркарди нафт метавонанд бо норасоии NMP рӯбарӯ шаванд, чун аз содироти ғарб вобаста ҳастанд.
Роҳи маҳсулоти таҳримшуда ба Русия
Аз рӯи навиштаҳо бар рӯи бушкаҳое, ки дар Испания ҳабс шуд, "Радио Свобода" истеҳсолкунандаи маҳсулоти NMP-ро маълум кард. Ин ширкати кимиёии BYN дар Чин мебошад, ки истеҳсоли NMP яке аз маҳсулоти асоситарин корхона дониста мешавад.
Рақами контейнер ҳам ҳаст: YMLU3377990. Чор ҳарфи аввал маънои онро дорад, ки ин мол ба ширкати чинии YangMing Marine Transport Corp. марбут мебошад. Дар сомонаи ин ширкат роҳи тайкардаи NMP-и ҳабсшударо ҳам пайгирӣ кардан мумкин аст: 19-уми июни соли 2024 аз шаҳри Синдао берун шуд, 10-уми июл ба Сингапур расид ва 28-уми июл ба тарафи Барселона равона шуда, 21-уми сентябр дар онҷо буд.
"Радио Свобода" маълумоти дигареро дар бораи аз ҷониби ширкати русии “Авентел-Рус” дар соли 2023 харида шудани NMP аз ширкати чинии BYN ҳам пайдо кард. Дар феҳристи харидҳои давлатӣ ин ширкат ҳамчун таъмингар ёд шудааст, ки то шурӯи ҷанги Русия дар Украина маҳсулотро ба корхонаи ба номи Свердлов дар шаҳри Дзержинск интиқол медод. Ин корхона бо истеҳсоли муҳиммоти ҷангӣ барои артиши Русия машғул буда, мавриди таҳрими Амрико, Бритониё, Ҷопон ва Швейтсария мебошад.
Баъд аз шурӯи ҷанг корхонаи Ростех – Институти пластмассаи ба номи Семен Петров ҳам N-метилпирролидонро дар Чин харидорӣ мекард. Яке аз фармоишгарони асосии маҳсулоти ин корхона Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии маҳсулоти ҳавонавардии Курчатов мебошад. Дар ҳамоиши “Армия 2024” раиси озмоишгоҳи Фанновариҳои себуъдӣ Павел Мазалов бо мавзӯи “Рушди соҳаи ҳавонавардии бесарнишин бо назардошти амалиёти ҳарбии вижа” баромад кард ва дар бораи истеҳсоли низоми паҳподҳо гап зад. N-метилпирролидонро инчунин Пажӯҳишгоҳи Курчатов харидааст, ки раҳбарии онро дӯсти Путин - Михаил Ковалчук ба уҳда дорад.
Тасдиқ кардани изҳороти полис дар бораи ин ки дар бори ҳабсшуда дар Испания “пешмоддаи силоҳҳои кимиёӣ” ва ё маводи фалаҷкунанда вуҷуд дорад, имконнопазир аст. Яке аз истеҳсолкунандагони “Новичок” Вил Мирзаянов дар суҳбат бо "Радио Свобода" тасдиқ кард, ки N-метилпирролидон бо ҳамин мақсадҳо истифода нашудааст. Айни замон, дар Русия NMP барои нобуд кардани захираҳои силоҳҳои кимиёии даврони шӯравӣ ба кор бурда мешавад.
Маълум нест, ин мавриди аввалини ҳабси чунин мавод дар давоми ду соли тафтиши ходимони полис аст ё на. Полис ва ё гумруки Испания нагуфт, ки мавод ба кӣ ё кадом ширкат дар Русия марбут аст. Вале айни замон, ин бори аввал нест, ки исми Арманистон ё Қирғизистон дар робита ба кумак ба Русия дар давр задани таҳримҳо ёд мешавад.
Масалан, Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ҳисоб кардааст, ки баъд аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина воридоти маҳсулот ба Арманистон ва Казоқистон чанд маротиба афзуда, аз ҷумла, воридоти маҳсулоти кимиёӣ аз Олмон ба ин кишварҳо ду баробар зиёд шудааст. Дар Қирғизистон баъди феврали соли 2022 бо мақсади ба Русия содир кардани маҳсулоти таҳримшуда садҳо ширкат арзи ҳастӣ кард.
Бар асоси иттилои сохторҳои гумрук, ки бо онҳо "Радио Свобода" шинос шуд, Русия, бо вуҷуди таҳримҳо, ба мустақим ворид кардани NMP на танҳо аз Чин, балки аз Ҳинду Туркия ва кишварҳои дигар идома додааст.