Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳайатҳои Русияву Тоҷикистон тайи се рӯз дар Маскав масоили марбут ба будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро баҳс кардаанд. Дар охири ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия пешнависи қарордод дар бораи реадмиссия бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.

Дар шаҳри Маскав аз 21 то 23 сентябр ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Русия масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати кориро баррасӣ карданд. Нишасти серӯзаи ҳайъатҳо дар ҳоле баргузор шуд, ки дар охири ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия пешнависи қарордод дар бораи реадмиссия бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд ва ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки онро бо Русия имзо кунад. Ҷониби Русия пешниҳод карда буд, ки дар давоми 30 рӯзи баъд за чопи ин хабари расмӣ бояд бо Тоҷикистон музокира анҷом бигирад.

Баъд аз ин эълон ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон 21 сентябр ба Маскав сафар кард ва ҷонибҳо се рӯз масъалаҳои танзими муҳоҷиратро баррасӣ карданд.

Иброҳим Аҳмадӣ - сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои озодӣ гуфт: “Масъалаҳое, ки ҷонибҳо баррасӣ карданд, ба вазъи муҳоҷират, имзои як силсила созишномаҳо дар бораи реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби анҷоми он, ба ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони корӣ, мақоми намояндагии вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон баррасӣ шуд.”

Бар асоси пешнависи қарордоди реадмиссия, ки ҷониби Русия таҳия кардааст, он муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия қонуншиканӣ мекунанд, бояд дар давоми 30 рӯзи баъд аз қонуншиканӣ бо нақлиёти ҳавоӣ ба ватанашон фиристода шаванд. Пули интиқоли муҳоҷирон аз ҳисоби кишвари худи шаҳрвандонест, ки дар Русия қонунҳоро риоят намекунанд.

Бо вуҷуди хатми музокирот ҷониби Тоҷикистон аз додани ҷузъиёт дар бораи мавзеъгириҳои худ хештандорӣ мекунад ва рӯшан нест, ки оё ин пешниҳодҳои Русияро дар бораи реадмиссия пазируфтааст ё хайр. Вале ин нукта рӯшан аст, ки баррасии масъалаи мазкур ва пешниҳодҳои Русия аз соли 2011 то ҳол идома дорад ва Тоҷикистон ин шарту шароити Русиро то ҳол ба наҳве рад кардааст ва ё мехоҳад дар ивази он дар бахши муҳоҷират имтиёзе бигирад.

Чунин имтиёз метавонад таъмини муҳоҷирони кории тоҷик бо нафақа дар давраи пиронсолӣ бошад ва онро Тоҷикистон ба ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон иртибот медиҳад. Иброҳим Аҳмадӣ мегӯяд, ки ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи қарордодеро дар бораи нафақаи муҳоҷирони тоҷик ё ҳифзи иҷтимоии онҳо ба ҷониби Русия супурдааст: “Алҳол ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи ин қарордодро ба ҷониби Русия пешниҳод кард ва албатта ин масъала дар нишастҳои оянда баъд аз омӯзиши тамоми паҳлӯҳои ин масъала, ки барои муҳоҷирони кории мо манфиатовар аст, имзо хоҳад шуд.”

Ҳафтае пеш Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки Русия метавонад аз ҳисоби ҳамон ҷаримаҳое, ки аз муҳоҷирони кории тоҷик ҷамъ мешавад, як ҳисоби махсус боз кунад ва як қисми онро барои иҷрои қарордоди реадмиссия сарф кунад, дар он сурат иҷрои ин қарордод шояд кори мушкил набошад.

Тибқи ин қарордод, ҷониби Русия, яъне ниҳодҳои марбутаи муҳоҷиратии Русия феҳристи муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳия мекунанд ва ба ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон мефиристанд. Ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон, яъне Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон онҳоро аз қаламрави Русия ба ватан бозмегардонад. Тоҷикистон бояд барои бозгардони ин гуна муҳоҷирон аз буҷаи худ маблағеро ихтисос диҳад.

Чун ҷониби Русия кишвари мизбони муҳоҷирон аст ва ин маъаларо барои Тоҷикистон ҳассос медонад, саъй хоҳад кард, ки пешниҳодҳояшро ба Тоҷикистон таҳмил кунад, он гуна, ки дар гузашта борҳо мушоҳида шудааст. Вале Тоҷикистон ин бор масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон ё масъалаи нафақаи онҳоро матраҳ кардааст ва то ҳол маълум нест, ки аз Русия ба пешниҳодҳояш дар ин бора посухи мусбат хоҳад гирифт ё хайр ё имзои қарордоди реадмиссия бори дигар ба таъхир хоҳад афтод.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан аз сӯи муҳоҷирони корӣ зери 4 миллиард доллар пул ирсол шудааст, ки баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Пули муҳоҷирон як омили умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин кишвари пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG