Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия маҳдудиятҳое барои муҳоҷирон дар роҳ аст


Дар Думаи давлатии Русия баррасии тарҳи қонун дар бораи ҷорӣ кардани бимаи тиббӣ барои хориҷиҳо, идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳам як «бозӣ» барои пур кардани будҷаи косташудаи он кишвар мебошад.

Вазорати тандурустии Русия дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти муҳоҷирати ин кишвар тарҳи қонуни ин кишвар дар бораи ҷорӣ кардани бима ё суғуртаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷиро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст ва ҳамакнун баррасии он дар кумитаҳои марбути парлумони Русия идома дорад.

Коршиносон мегӯянд, чунин пешниҳодҳо аз қабл дар доираҳои ҳукуматӣ ҳамоҳанг мешаванд ва сипас барои тасвиб ба ниҳоди қонунгузор фиристода мешаванд. Валентина Чупик, доктори улуми ҳуқуқ ва раиси иҷроии созмони байналмиллалӣ ва ғайритиҷоратии «Тонг Ҷаҳонӣ», ки дар Маскав ба таҳқиқи масъалаҳои сиёсии муҳоҷират машғул аст, дар шароити бӯҳронии Русия пешниҳод кардани пешнависи чунин қонунро тадбири дигари пур кардани будҷаи давлатии Русия ва дастдарозӣ ба киссаи муҳоҷирон арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи хонум Чупик, «ин ҷамъоварии навбатии пул аст. Чизи дигаре нест. Ғайр аз ин, вазорати кори Русия мехоҳад аз муҳоҷирон талаб кунад, ки онҳо ҳуҷҷатҳои худро ба тасвиб расонданд ва ин ҳуҷҷат ҳам бояд аз Русия бошад. Албатта, вазорати кор мисли вазорати тандурустӣ то ҳол онро ба Думаи Давлатӣ нафиристодааст, вале ин пешниҳод дар ду палатаи ҷамъиятӣ баррасӣ шудааст. Ин ҳам як навъи дигари ҷамъоварии пул аст.»

Хонум Чупин мегӯяд, ба ҷуз аз доираҳои ҳукуматии марказ, минтақаҳо низ саъй мекунанд, аз пули муҳоҷирони корӣ бебаҳра намонанд. Масалан, Маҷлиси шаҳри Санкт-Петербургдар ин рӯзҳо пешниҳодеро ба Думаи Давлатӣ омода мекунад, ки бар асоси он мехоҳанд, муҳоҷирони корӣ танҳо бо даъвати расмӣ, вориди Русия шаванд. Барои дарёфти даъвати расмӣ, муҳоҷир як миқдор пул ҳам пардохт мекунад. Чунин бармеояд, ки ин пешниҳодҳо ба таври созмонёфта на танҳо аз вазоратҳои зидахл, балки аз минтақаҳои гуногуни Русия низ ба Дума ворид мешаванд ва ба қонун табдил меёбанд.

Бимаи тиббии муҳоҷирон ё шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, соле 145 доллар пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи Валентина Чупик, агар ба ҳисоби миёна соле ба Русия 10 миллион нафар муҳоҷир ва шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯён ворид шаванд, дар он сурат, танҳо аз ҳамин ҳисоб Русия соҳиби 1 миллиарду 450 миллион доллар хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирон ҳангоми гирифтани патенти корӣ дар маркази муҳоҷиратии Сахарово ҳамчунин ба маблағи 2500 рубл бимаи тиббӣ мегиранд. То ҳол маълум нест, ки баъд аз пардохти 145 доллар суғуртаи тиббӣ оё муҳоҷирони кориро аз ин бимаи кунунии тиббӣ озод мекунанд ё хайр. Хонум Чупик мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд муҳоҷирон барои ин ҳуҷҷати тиббӣ низ пул пардохт хоҳанд кард, зеро он барои гирифтани патент ё иҷозаи корӣ пешбинӣ шудааст. Вале 145 доллар барои хадамоти тиббие дар назар дошта шудааст, ки муҳоҷир дар давраи кору иқоматаш дар Русия ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Ин нукта низ ҷолиб аст, ки дар Узбакистон ҳар шаҳрванди ин кишвар пеш аз муҳоҷирати корӣ ба Русия бояд ба маблағи 120 доллар суғуртаи тиббӣ бихарад, вагарна вайро барои муҳоҷирати корӣ ба Русия иҷоза намедиҳанд. Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ин корро ҷорӣ накардаанд. Вале шаҳрвандони Узбакистон бо суғуртаи тиббии кишвари худ наметавонанд дар Русия аз хадамоти ройгони тиббӣ баҳраманд шаванд. Ин суғуртаро дар муассисаҳои тиббии Русия эътироф намекунанд, зеро ин маблағ дар Узбакистон мемонад ва Тошканд дар ин бора бо Маскав қарордоде имзо накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки 50 дарсади муҳоҷирони кории Русия шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.

Каримҷон Ёров, таҳлилгари умури муҳоҷират дар Русия мегӯяд, аз ҳоло дар матбуоти Русия маъракаеро ба роҳ андохтаанд, ки ин қонун ҳамин сол ба тасвиб мерасад ва аз авали соли 2017 эътибор пайдо мекунад. Ёров бо назардошти таҷрибаҳои гузашта мегӯяд: «Тамоми қонунҳое, ки барои муҳоҷирон пешниҳод мешавад, то ҳол ба тасвиб расидаанд. Ҳуқуқшиносон ва ҷамъиятҳое, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, бар ин назаранд, ки будҷаи Русия коста шудааст ва ин ҳам як «бозӣ»-и пур кардани будҷа мебошад.»

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Коршиносон аз тарзи пешниҳоди бимаи тиббӣ изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, то ҳол маълум нест, ки додани чунин бимаҳоро ба ширкатҳои вижа вогузор мекунанд ва ё онро муҳоҷир ҳангоми вуруд ба Русия дар фурудгоҳҳо ё истгоҳҳои роҳи оҳани Русия харидорӣ мекунад. Аз сӯи дигар, агар бимаи тиббиро дар ихтиёри ширкатҳо гузоранд, оё онро ҳамаи муассисаҳои тиббии Русия ҳангоми расондани хадамоти тиббӣ ба муҳоҷир дар назар хоҳанд гирифт?

Оқои Ёров мегӯяд, дар аксари бемористонҳо бар ин назаранд, ки бимаи тиббӣ барои даъвати мошини ёрии таъҷилист ва барои муолиҷа дар бемористон шаҳрванди хориҷӣ бояд маблағи муайян пардохт кунад. Ба ин далел, бояд дар қонун ишора шавад, ки бо ин бимаҳои тиббӣ дар кадом бемористонҳо муштарӣ метавонад аз хадамоти ройгони тиббӣ бархӯрдор шавад, вагарна бима суде нахоҳад дошт.

Дар айни замон ҳам баъзе ширкатҳо муҳоҷиронро бима мекунанд ва уҳдадор мешаванд, ки дар сурати зарурат, масалан, ба онҳо ба маблағи 100 ҳазор рубли русӣ кӯмак мекунанд. Вале дар ҳолатҳои зарурӣ онҳо аз уҳдадориҳои худ сарпечӣ мекунанд.

Шахсони душаҳрванд ё ононе, ки муҷаввизи зисти муваққатӣ доранд, аз пардохти ин бима озоданд ва онҳо мисли шаҳрвандони Русия бимаи ройгон мегиранд.

XS
SM
MD
LG