Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз Тоҷикистон ҳамандешӣ дар масъалаи Украинаро хост


Дастфишории вазирони умури хориҷии Русия Сергей Лавров (чап) ва Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов (рост)
Дастфишории вазирони умури хориҷии Русия Сергей Лавров (чап) ва Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов (рост)

Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, Тоҷикистону Русия дар масъалаи ҳалли низоъ дар Украина мавқеи ҳамсон доранд.

Сафари вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров ба Тоҷикистон ба рӯзе рост омад, ки Иттиҳоди Аврупо бастани нави таҳримҳои зидди Русияро эълом дошт ва коршиносони рус ҳадс мезананд, ки фишори Ғарб ба Маскав ба маротиб афзоиш меёбад. Ин таҳримҳо зидди сиёсатҳои Русия дар Украина ба миён омадаанд. Аз ин ҷо мавзӯи Украина дар мулоқоти Лавров бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов яке аз бахшҳои меҳварӣ буд. Дар поёни мулоқот Лавров ба хабарнигорон эълон кард, ки ду тараф дар мавриди Украина ҳамназаранд. Вай афзуд, ин иттифоқи назари ду кишварест, ки ҳамкори стратегӣ ҳастанд: «Мо дар амри зарурати қатъи билофосилаи хунрезиҳо ва шурӯи музокирот иттифоқи назар дорем. Мо бар инем, ки як қарори мунсифона ба нафъи ҳамаи шаҳрвандон ва манотиқи Украина бароварда шавад ва ҳамчунин амалиёти ҷангӣ бидуни ҳеҷ қайду шарт қатъ гардад. Русия барои ба вуҷуд овардани шароит ҳар кореро, ки аз дасташ сохтааст, мекунад.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим

Ҷаноби Лавров, ки ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ ва ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой вориди Душанбе шудааст, бо дипломатҳои ҷавони тоҷик ва сипас бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ вохӯрд. Бино ба иттилои маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот ба барномаи муштараки навсозии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, масоили ҳамкорӣ дар доираи СПАД, аз ҷумла дар мавриди кумакҳои техникӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуд.

Ин манбаъ зикр намекунад, ки оё масъалаи Украина дар ин мулоқот баррасӣ шудааст, ё хайр, аммо коршиносон бар инанд, ки ҳангоми ин сафар вазири корҳои хориҷии Русия барои ба даст овардани пуштибонии мақомоти Тоҷикистон ва ҳам аъзои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар қазияи Украина кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Ба қавли онҳо, Русия ҳоло дар қазияи Украина таҳти фишорҳои байнулмилалӣ қарор гирифтааст ва зарур ояд худ низ ба ҳамкоронаш дар созмонҳои мухталиф фишор орад.

Абдуғанӣ Мамадазимов
Абдуғанӣ Мамадазимов

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, соли 2008 дар ҳамоиши сарони СҲШ кишварҳои созмон аз мавқеи Русия дар қазияи Гурҷистон ҷонибдорӣ карда буданд, аммо ҳоло вазъ тағйир хӯрда, бахусус Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз бармало кардани мавқеи худ худдорӣ мекунанд: «Тошканду Душанбе ва Бишкекро табиист, ки Пекин ҷонибдорӣ мекунад, чун Украина як кишвари барои ҳамаи инҳо муҳим аст. Русия муваффақ намешавад. Ҳатто Қазоқистону Белорусия дар қазияи Украина калавида истодаанд. Аз ин хотир, он муваффақияте, ки Русия августи соли 2008 дошт, августи соли 2014 нахоҳад дошт.»

Зимнан, Русия кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро аъзои ояндаи билқувваи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё меҳисобад. Сергей Лавров ҳам дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавони тоҷик, ки дар бинои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор шуд, ин иттиҳодро майдони мувофиқ барои ҳамкориҳои танготанги иқтисодӣ барои кишварҳои минтақа унвон кард. Вай гуфт, ҳоло ду кишвари дигар – Арманистон ва Қирғизистон низ барои вуруд ба ин Иттиҳод омодагӣ мебинанд. Аммо вазири корҳои хориҷии Русия дар бораи Тоҷикистон чизе нагуфт.

Сафари Сергей Лавров ба Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки ду кишвар тайи як соли ахир як қатор санадҳои муҳими ҳамкориашон, аз ҷумла Созишномаи будубоши пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ду созишнома дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва Созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистонро имзо карданд.

Русия дар иқтисоди Тоҷикистон мавқеи калидиро дорад. Сергей Лавров бо зикри ин нукта гуфт, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 18 дарсад боло рафта, Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1 миллиарду 600 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки ин 40 дарсади тамоми сармоягузориҳои хориҷӣ ба Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG