Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 21 апрел ба қонуне имзо кард, ки донистани забони русӣ, таърихи Русия ва нуқтаҳои асосии қонунгузории ин кишварро барои муҳоҷирон ҳатмӣ мегардонад. Тибқи ин қонун, ҳар муҳоҷире ки барои иҷозатномаи кор ё патент, барои иқомат(вид на жительство) ё будубоши муваққат дархост медиҳад, бояд ҳатман асноди расмие дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва қонунҳои ин кишварро аз ҷониби нафари довталаб тасдиқ кунад.
Аммо қонуни Русия танҳо номаи камолу дипломҳои то 1 сентябри соли 1991, яъне то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ додашударо эътироф мекунад. Онҳое ки баъди суқути СССР диплом гирифтаанд, бояд аз нав имтиҳон супоранд ва тавре ин қонун талаб мекунад, ҳатман дар қаламрави Русия.
Талаботи нав барои муҳоҷирон аз 1 январи соли 2015 ҳатмӣ мешавад. Танҳо афроди баландихтисос, маъюбон, кӯдакони то 18-сола ва ҳам онҳое, ки тибқи барномаҳои ба Русия кӯчондани ҳамватанон ба ин кишвар омадаанд, аз ҳаққи супурдани ин имтиҳонҳо озод мешаванд.
Путин бо як имзо дарёфти шаҳрвандии Русияро осон кард
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 21 апрел ҳамчунин ба қонуне имзо гузошт, ки тартиби дарёфти шаҳрвандии Русияро барои афроди балад ба забони русӣ ("носители русского языка") осон мекунад.Тағйирот ба қонуни шаҳрвандии Русия, ки дар ҳамин моҳи апрел аз сӯи ҳарду маҷлиси порлумони ин кишвар ҳам тасвиб шуда буд, бо имзои Владимир Путин ба иҷро медарояд.
Тибқи ин тағйирот, тартиби баррасии дархости шаҳрвандӣ осонтар ва замони баррасии асноди довталаби шаҳрвандии Русия камтар карда мешавад.
Аммо ин имтиёз ба онҳое дода мешавад, ки “соҳиби забони русӣ бошанд” ва агар “ин афрод, ё хешовандони мустақими онҳо дар қаламрави Федеросиюни Русия ваё қаламравҳои марбут ба империяи Русия ва СССР дар ҳудуди марзҳои Федеросиюни Русия ба сар бурдаанд.” Шарти дигари шаҳрвандии боимтиёз барои ин тоифа “кӯчидани онҳо ба Русия ва даст кашидан аз шаҳрвандии кишвари хориҷӣ” гуфта мешавад.
Муовини раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Екатерина Егорова ҳафтае пеш ҳангоми шарҳи ин тағйирот ба Шӯрои Федеросиюн гуфт, як шарти асосӣ барои тамоми довталабон донистани забони русист ва санади ба ин забон балад будан ё набудани довталабро тавассути мусоҳиба аъзои як кумиссиюни вижа хоҳанд дод. Ба гуфтаи Егорова, аҳамият на дониши грамматикӣ, балки ба ин дода хоҳад шуд, ки довталаб то куҷо дар зиндагии ҳаррӯзааш озодона ба русӣ сӯҳбат мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, барои дарёфти шаҳрвандии Русия 5 соли зиндагии доимӣ дар қаламрави ин кишвар ва тасдиқи дониши забони русии довталаб аз сӯи ягон ниҳоди маориф ҳатмист. Дар Тоҷикистон то соли гузашта санади донистани забони русиро ба довталабони шаҳрвандии Русия аз ин кишвар Донишгоҳи славянӣ медод, вале дар пайи як баҳс бо масъулони сафорати Русия аз ин ҳаққ маҳрум шуд.
То кунун дарёфти шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирони тоҷик, ки умдатан дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, барои осонтар кардани шароити ҳам буду бош ва ҳам кору тиҷорати онҳо дар он кишвар ҳоизи аҳамият буд. Аз ҷумла бо дарёфти шаҳрвандӣ муҳоҷири тоҷик дигар вобастаи квотаҳое ки Русия барои муҳоҷирони ҷудо мекунад, намемонд ва ҳам аз масъулияти пардохти иҷозатномаи кор, ки вобаст аба минтақааш солона то ба 40 000 рубл мерасад, раҳо меёфт.
Аммо баъди рӯйдодҳои Украина, ки ҳимоят аз ҳуқуқи русзабонҳо ва шаҳрвандони Русия баҳонаи асосии дахолати Маскав дар умури ин кишвари ҳамсояаш ва ҳатто ишғолу тасарруфи вилояти Қрими Украина аз сӯи Русия шуд, пойтахтҳои дигари пасошӯравӣ ба иқдомҳои Кремл ҷиҳати осон кардани тартиби дарёфти шаҳрвандии Русия як каме бо шак нигоҳ мекунанд.
Соли 2050: Муҳоҷирон дар Русия аксарият мешаванд
Тартиби наву содатари дарёфти шаҳрвандии Русия дар ҳоле ба иҷро медарояд, ки бархе доираҳо дар Русия аз афзоиши беисти шумори муҳоҷирон ва паёмадҳои манфии ин раванд изҳори ташвиш мекунанд. Ахиран боз як ниҳоди таҳқиқотии Русия бонги изтироб зад, ки шумори муҳоҷирон дар ин кишвар то соли 2050 метавонад аз марзи 50 дарсад гузарад ва амалан аксари аҳолии Русияро мардуми ғайр ташкил кунанд.
Расонаҳои Русия, аз ҷумла «Новые известия» ва «Свободная пресса» менависанд, Пажӯҳишгоҳи стротегияи миллӣ (Институт национальной стратегии) дар садади нашри гузоришест, ки ҳушдор медиҳад, муҳоҷирон ҳарчӣ бештар ҷойгузини аҳолии маҳаллии Русия шуда истодаанд ва сатҳи муҳоҷират дарРусия ба ҳадде расида, ки ба амнияти миллиаш таҳдид мекунад.
Ин гузориш ҳанӯз муаррифӣ нашудааст, вале «Новые известия» бо такя ба маълумоти муаллифон, менависад, бар хилофи омори Росстат, ки афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирон дар солҳои 1992-2010-умро “ҳамагӣ” 5,4 миллион нафар нишон медиҳад, дар асл шумори муҳоҷирон дар Русия алакай ба 30 миллион нафар наздик мешавад. Яъне амалан ҳар нафари панҷум аз 145 миллион аҳолии кунунии Русия аз муҳоҷирон аст.
Аммо агар дар солҳои 90, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия асосан русзабонҳо ва бештар мутахассисони варзида кӯч мебастанд, баъди солҳои 2000-ум ба ин кишвар сели мардуме фурӯ рехт, ки ба гуфтаи муаллифони ин таҳқиқот, сатҳи тахассус ва саводашон хеле пойинтар ва дониши забони русиашон ҳам назар ба насли аввал хеле заифтар аст.
"Ватани дуюм"-и тоҷикҳову узбакҳо куҷост?
Аксари намояндагони насли дувуми муҳоҷирон, бино бар ин пажӯҳиш, мардумони Осиёи Марказианд ва дар соли 2050 муҳоҷирон дар таркиби аҳолии Русия асосан аз ҳисоби тоҷикҳову узбакҳо аксарият хоҳанд шуд, - ҳушдор медиҳанд муаллифони гузориши Пажӯҳишгоҳи стратегияи миллӣ, як бунгоҳи таҳқиқотии наздик ба ҳокимони кунунии Русия.
Игор Белобородов, мушовири мудири Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Русия ва яке аз муаллифони таҳқиқоти ахир ба «Новые известия» гуфтааст: “Хеле имконпазир аст, ки то соли 2050 беш аз нисфи аҳолии Русия аз мардуми омад иборат шавад. Чунки муҳоҷирати беназорат ҳамзамон бо бӯҳрони демографӣ аз гиребони Русия гирифтааст. Аҳолии мо аз соли 1992 ба ин тараф беист кам мешавад ва мо дар ин муддат 13 миллион нафар камтар шудем. 6,5 миллиони ин аз ҳисоби муҳоҷират ҷуброн шуд.Болои ин аз 16 то 18 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дорем. Бояд гуфт, чунин миқёси муҳоҷират барои кишвар таҳдиди ҷиддӣ дорад. Агар шумори муҳоҷирон аз 7 дарсади аҳолии умумӣ бештар шавад, он кишвар маҳкум ба танишҳои байниқавмӣ мешавад. Кишваре нест дар дунё, ки дар пайи ҷалби муҳоҷирон оромии байни қавмҳоро ҳифз карда тавониста бошад.”
Игор Богданов, мудири маркази ҷомиашиносии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоиву сиёсии Фарҳангистони улуми Русия низ аз 50 дарсад гузаштани шумори муҳоҷирон дар траикби аҳолии ин кишвар то миёнаи асрро имконпазир медонад: “Ҳокимон бояд ба сурати оҷил ба таҳаввулоте ки дар Сибир ва Шарқи дур мегузаранд, таваҷҷӯҳ кунанд. Ин сарзаминҳоро босуръат шаҳрвандони Чин пур мекунанд.”
Ба ақидаи Богданов, вилоятҳои марказии Русия, ҳамин тавр, “ватани дуюм”-и муҳоҷирон аз Қафқозу Осиёи Марказӣ шудааст ва ҳоло, бино ба оморҳо, ҳар ҷинояти чорум дар ин минтақаро ҳамин мардум содир мекунанд. Игор Богданов ба «Новые известия» гуфтааст, “як хатари дигари ҷиддӣ фурӯ рехтани сели мусалмонҳои тундгаро аз кишварҳои Осиёст. Онҳо Тотористону Бошқирдистон ва вилоятҳои атрофи онро пур карда истодаанд. Баъзе минтақаҳои аҳолинишин дар ин ҷумҳуриҳо алакай комилан таҳти назорати онҳо қарор гирифтаанд. Дар он ҷо қонунҳои ваҳҳобия ва додгоҳҳои шариатӣ амал мекунанд.”
Дар чунин сурати кор муаллифони таҳқиқоти Пажӯҳишгоҳи стратегияи миллиии Русия консепсияи сиёсати муҳоҷирати Русияро, ки то соли 2025-ро фаро мегирад, муқассир медонанд. Ин санад “кӯчондани муҳоҷирон ба макони зиндагии доимӣ дар Русия”-ро “яке аз манбаъҳои афзоиши аҳолии кишвар дар маҷмӯъ ва вилоятҳои алоҳидаи он” ном мебарад. Муҳаққиқони рус мегӯянд, мақомоти Русия дар амал сиёсати бо муҳоҷирони беҳуқуқ ва ғуломтабиат иваз кардани аҳолии бумиро пеш мебаранд, вале “мева”-ҳои ин сиёсатро ба зудӣ хоҳанд чид. Онҳо аз ҷумла аз мавҷи ошӯбҳои муҳоҷирон дар канораҳои Порис дар чанд соли пеш ёдовар шуда, гуфтаанд, Русия бояд аз ҳоло бар паёмадҳои сиёсати муҳоҷираташ бияндешад.
Гарчӣ дусад сол дар ин хона монд...
Аммо ҷомиашиноси рус Константин Денисенко ба “Свободная пресса” гуфтааст, фақат муҳоҷирон нестанд, ки қоидаҳои зист дар ҷомиаи Русияро намепазиранд, балки мардуми бумӣ низ бо вуҷуди солҳои ҳамзистӣ онҳоро ба доираи худ чандон қабул намекунанд: “Чанде пеш ман назари хонандагони мактабҳои Сантк-Петербургро пурсидам. Синфҳоеро интихоб кардам, ки бачаҳои маҳаллӣ ҳамроҳ бо фарзандони муҳоҷирон таҳсил мекунанд. Аксар дар посухҳои махфиашон иқрор краданд, ки нисбат ба ин мардум назари хеле манфӣ ва ҳатто ботаассуб доранд. Мегӯянд, ҳеҷ гоҳ анъанаҳои онҳоро намепазиранд. Як ҳисси душманонаи то ҷое пинҳонӣ нисбат ба “бегонагон” мушоҳида мешавад.”
Ин ҳушдорҳо дар ҳолест ки созмонҳои ҳомии муҳоҷирон баракс аз солбасол шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷирати Русия ва афзоиши гурӯҳҳои тундрави қавмгаро дар ин кишвар бонги изтироб мезананд.
Ҳамин тавр, ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия - танҳо дар соли 2013 беш аз 60 000 хориҷиро бо ҷурми поймол кардани қоидаҳои кору иқомат аз ин кишвар ихроҷ кардааст. Танҳо шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ба “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС Русия уфтода, ба муддати то 5 сол аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳрум шудаанд, ба 72 700 нафар расидааст.
Аммо бекории саросарӣ, ки аз гиребони Тоҷикистону чандин кишвари дигари пасошӯравӣ гирифтааст, ба ҳадде тоқатфарсост, ки муҳоҷирон аз ин кишварҳо ҳатто бо вуҷуди ҳама “рӯйхатҳои сиёҳ” ва азобу азияти пайвастаи маъмурони ФМС ва пулиси Русия боз ҳам розианд ҳар “риск”-ро таҳаммул кунанд ва ризқи худро боз ҳам аз Русия биҷӯянд.