Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони соягии Русия


Сиёсати муҳоҷирати Русия дучори мушкил ва омилҳои зиддунақиз шудааст.

Аз як сӯ, Кохи Кремл мехоҳад холигоҳҳоро дар бозори кори худ пур кунад ва бо сабти қонунии миллионҳо нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони Тоҷикистон, аз ҳисоби андоз будҷаи худро ғанӣ созад. Вале рӯҳияи зидди муҳоҷират дар ин кишвар монеи чунин кор шудааст. Мушкилоти қонунӣ баъзе муҳоҷиронро водор сохтааст, ки кору зиндагии нимапинҳониро ихтиёр кунанд.

Бек Тоҳиров, шаҳрванди 38-солаи Ӯзбакистон соли 2004 ба Русия муҳоҷират кардааст. Вай дар як амбори нӯшокиҳои спиртӣ ғайриқонунӣ кор мекард. Ду сол пеш барои аз ҳолати ғайриқонунӣ баромадан ҳуҷҷатҳояшро барои дарёфти шаҳрвандии Русия таҳия кард ва шаҳрвандӣ гирифт. Вай ҳоло дар Санкт-Петербург ба кори тарҷумонӣ машғул аст ва шабона посбонии як муассисаро низ бар ӯҳда дорад. Гузашта аз ин, вай ба муҳоҷироне, ки нав ба Русия меоянд ва дар пайдо кардани кор дучори мушкил мешаванд, ёрӣ мерасонад. Бек мегӯяд:

  • Сол то сол мушкил мешавад. Пештар хеле зуд кор меёфтӣ. Аз шумо ҳуҷҷат намепурсиданд. Ҳоло шумо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пур мекунед, шуморо боз ҳам фиреб медиҳанд. Дар ҳама ҷо фиреб ҳаст.

Пардохт накардани музди кор, ситонидани ришва барои додани иҷозаи кор ва боздоштҳои ғайриқонунии муҳоҷирон аз тарафи пулис аз ҷумлаи фиребҳои маъмулист, ки муҳоҷирон зуд-зуд ба он рӯ ба рӯ мешаванд.

Тибқи маблумоти мавҷуда, аз 10-12 миллион муҳоҷири корӣ дар Русия танҳо 2 миллион нафари онҳо ба таври қонунӣ кор мекунанд. Муҳоҷирони боқимонда ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ барои ба истилоҳ “иқтисоди сояӣ” кор мекунанд. Бештари ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешин мебошанд.
Сиёсати Русия дар қиболи муҳоҷирати корӣ дучори мушкилот шудааст. Аз як сӯ раҳбарони Кремл мехоҳанд муҳоҷирони кориро қонунӣ кунанд ва аз ҳисоби андози онҳо ба будҷа даромади хубе ояд. Онҳо ҳамчунин медонанд, ки муҳоҷирони корӣ холигоҳи бозори кори Русияро пур мекунанд.


Вале аз сӯи дигар, рӯҳияи зидди муҳоҷират, муқаррароти заифи танзими муҳоҷират ва рушди “иқтисоди сояӣ”, ки бо нируи муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ ба по рост шудааст, намегузорад, ки муҳоҷир кори худро қонунӣ кунад.

Абдумаҷид Сурхаков дар Иттифоқҳои Касабаи муҳоҷирони кории кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав кор мекунад. Вай мегӯяд, ҳукумати Русия ба ҷои соддатар кардани қонунҳои муҳоҷират қонунҳоро мушкилтар кардааст:

  • Ҳукумати Русия то ҳол чанд қонун қабул намудааст, ки вазъи муҳоҷирони кориро баръакс сахт кардааст. То имрӯз Русия барои ба танзим даровардрни ҳамин соҳа қонуни мушаххас надорад. Гузашта аз ин, аксарияти шаҳрвандони таҳҷоӣ муҳоҷиронро чашми дидан надоранд, вале дар асл ҳукумати Русия бе муҳоҷирони корӣ иқтисоди худро пеш бурда наметавонад, - мегӯяд вай.

Оқои Сурхаков меафзояд, имрӯз иқтисоди Русия пойбанди нируи муҳоҷирони корӣ шудааст. Вай бахшҳои сохтмон ва хизматрасонии коммуналиро мисол меорад, ки коргарони аслии ин соҳаҳоро муҳоҷирони ғайриқонунӣ ташкил мекунанд ва бар ивази кори машаққатбор дастмузди ночиз мегиранд.

Василий Кравцов, намояндаи Маркази “Муҳоҷирати қарни 21” дар Маскав низ ҳамин ақидаро ҷонибдорӣ мекунад. Вай мегӯяд:

  • Муттаассифона ҳар коре, ки анҷом мегирад, ҳадафаш мушкил кардани кори муҳоҷирест, ки мехоҳад кори қонунӣ дошта бошад ва мехоҳад дар Русия ҷойгоҳ пайдо кунад ё соҳиби шаҳрвандӣ шавад. Вазъ дар ду соли ахир ҳамин гуна аст.

Кравцов яке аз муаллифони пешнависи сиёсати муҳоҷирати Кремл аст, ки моҳи июли соли гузашта ба табъ расид. Дар ин ҳуҷҷат муҳоҷирати корӣ барои рушди иқтисоди Русия омили зарурӣ дониста мешавад ва дар он ба мақомоти ин кишвар пешниҳод шудааст, ки ҳар гуна монеаро барои муҳоҷирони кории хориҷӣ аз миён бардоранд ва заминаҳои кори қонунии онҳоро фароҳам оранд, то онҳо битавонанд зудтар бо ҷомеаи Русия унс гиранд.

Кохи Кремл ба таври расмӣ сиёсати муҳоҷирати худро ба тасвиб расонд ва он танзиму ташвиқи муҳоҷирати кории шаҳрвандони хориҷӣ то соли 2025-ро дар бар мегирад. Вале Василий Кравцов мегӯяд, ин ҳуҷҷат дар коғаз мондааст ва иҷро намешавад.

Гузашта аз ин, суханбозиҳои сиёсии президент Владимир Путин бо сиёсати Кремл мутобиқ нест. Вай дар ҷараёни маъракаи интихобтиаш қавл дод, ки қонунҳои ҷиддитари муҳоҷират пешниҳод мекунад, то мақомотро маҷбур созад, ки муҳоҷиронро сабти ном кунанд. Вале он иҷро намешавад. Вале ишораҳои вай дар бораи донистани забони русӣ ба зудӣ ба чаҳорчӯби қонун дароварда шуд ва ҳоло муҳоҷир бояд аз забони русӣ ва баъди ду сол аз таърихи Русия имтиҳон супорад.
XS
SM
MD
LG