Евгений Фёдоров, вакили Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”-и президент Владимир Путин қаламрави тамоми кишварҳои пасошӯравиро қаламрави миллати рус номида, гуфтааст, ки Русия бояд дар “сарҳадҳои таърихиаш” барқарор шавад. Мусоҳибаи Евгений Фёдоров, ки бо баёнияҳои қавмгароёнааш маъруф аст, рӯзи 25 ноябр дар торнамои Ютуб нашр шудааст.
Фёдоров дар ин мусоҳиба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991-ро “ҷиноят”, “амале ғайриқонунӣ” ва “кори дасти душмани ишғолгар” ном мебарад ва мегӯяд: “Қаламрави тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, тибқи қонунҳои байналмилалӣ, қаламрави миллати мост. Ин Ватани мост ва мо бояд ба ҳамин марзҳо баргардем. Ва мо маҷбурем, ки ин корро анҷом диҳем.”
Евгений Фёдоров мегӯяд, Маскав набояд барои ин бо тарафҳое, чун паймони низомии НАТО вориди ҷанг шавад, вале “бояд марзҳои таърихиро батадриҷ ва пайдарпай барқарор кард ва хатти машши сиёсати давлатро дар ин самт таҳия кунем.”
Фёдоров дар ин сӯҳбат “барқарор кардани ҳудуди таърихии давлатдории рус” дар сарҳадҳои солҳои 1945 -1991, яъне дар ҳудудерро, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳон соҳиб шуда буд, “ягона омили муттаҳидкунанда” ва “ҳадафи ниҳоӣ”-и мардум Русия номид. Ӯ гуфт, мардум имрӯз танҳо ба хотири расидан ба ин ҳадаф метавонанд ба маҳрумиятҳое, чун паст рафтани сатҳи зиндагӣ, таъсири таҳримҳои Ғарб ва амсоли он тоқат кунанд.
Дар Тоҷикистон ин баёнияи Евгений Фёдоровро “хаёлбофии навбатӣ”-и онҳое меноманд, ки то ҳол эҳсоси маъюсӣ аз суқути империяи собиқ зеҳнашонро тарк накардааст.
Як мақоми масъули наздик ба ҳукумат ба Озодӣ гуфт, Душанбе чунин изҳори назарҳои, ба таъбири ӯ, “бемасъулиятона”-ро ҳатто шарҳ намедиҳад. Мусоҳиби мо гуфт, “Русия, барои мисол, чигуна метавонад кишварҳои соҳили Балтикро, ки алакай узви ҳам НАТО ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо шудаанд, зери қаноти худ баргардонад?“
Абдумалики Қодир, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мухотаби даъватҳои Фёдоров ва сиёсатмадорҳои амсоли ӯ шояд як қисми аҳолӣ дар кишварҳои фақиртари пасошӯравист, ки вазъи кунунии зиндагии худро бо даврони Шӯравӣ қиёс мекунанд ва ҳасрати он давронро мехӯранд: “Аммо элитаҳои ҳоким дар кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар ин 24 сол маззаи истиқлолу ин муҳити “худам шоҳу табъам вазир”-ро чашиданд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба бозгашт ба зери боли Маскав розӣ нахоҳанд шуд. Аз тарафи дигар, Русия ҳам ҳоло дигар он қадар қудратманде нест, ки мегуморад. Русия ҳоло дигар зӯраш барои баргардондани тамоми Шӯравии собиқ намерасад. Чунин изҳори назарҳо, ба ақидаи ман, ҳама популистианд.”
Сӯҳбатҳои Евгений Фёдоров дар бораи барқарор кардани "сарҳадҳои таърихии давлатдории рус"-ро аз ин видео бубинед:
Евгений Фёдорови 52-сола, ки соли 1985 омӯзишгоҳи низомии Ленинградро бо ихтисоси муҳандиси ҳарбӣ хатм кардааст ва як муддат (солҳои 1999 – 2001) муовини вазири нирӯи ҳастаии Русия ҳам буд, бо баёнияҳои қавмгароёнааш маъруф аст. Фёдоров, ки инак 14 сол боз дар Думаи давлатӣ аз ҳизби президент Владимир Путин намояндагӣ мекунад, аз ҷумла дар соли 2012 тарҳи қонунеро пешниҳод карда буд, ки манъи ба фарзандӣ хондани атфоли рус аз сӯи хориҷиёнро тақозо мекард.
Ӯ ҳамчунин дар сомонаи расмиаш худро раҳбари “Ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии Русия” эълон карда, мӯътақид аст, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 кори дасти Амрико буд ва то ҳол умури Русия аз Амрико идора мешавад. Ӯ ҳатто Қонуни асосии Русия ва Бонки марказии ин кишварро “бозичаи дасти Ғарб” мешуморад.
Фёдоров ҳамин тавр, дар саҳифаи асосии сомонаи расмиаш навиштааст, ки “Русия дар ҷанги 40-сола бо Амрико истиқлолашро аз даст додааст. Ва ин сирри асосиест, ки сонсур аз матбуот пинҳон мекунад.”
Иттиҳоди Шӯравӣ ё СССР дар поёни соли 1991 аз ҳам пош хӯрд ва ба ҷои он дар харитаи сиёсии ҷаҳон 15 давлати мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, арзи ҳастӣ карданд. Аммо бо гузашти инак 24 сол то ҳол афроди норозӣ бо суқути Шӯравӣ ҳастанд, ки бо талаби барқарор кардани Иттиҳоди пешин садо баланд мекунанд. Мақомоти Русия маъмулан чунин баёнияҳоро изҳори ақидаи шахсии ин ё он сиёсатмадор ва нашри чунин баёнияҳо дар нашрияҳояшро аз меваҳои озодии баён меноманд.
Евгений Фёдоров зимнан танҳо вакили парлумони Русия нест, ки бо талаби барқарор кардани “сарҳадҳои таърихӣ”-и Русия дар марзҳои Шӯравии собиқ ва таҳти идораи Маскав баргардондани кишварҳои пасошӯравӣ садо баланд мекунад. Дар гузашта Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократи Русия низ чандин бор бо чунин мазмун изҳори назар кардааст.
Аммо ба фарқ аз Жириновский, Фёдоров дар парлумони Русия аз ҳизби ҳоким намояндагӣ мекунад ва то кунун раҳбарияти ҳизби Русияи воҳид ҳеҷ кадоме аз баёнияҳои қавмгароёнаи ин вакили парлумонаш маҳкум ва ҳатто танқид накардааст. Бо гузашти ду рӯз аз пахши сӯҳбатҳои нави Фёдоров дар бораи зарурати ба итоати Русия баргардондани тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ва барқарор кардани давлатдории рус дар сарҳадҳои таърихиаш” мақомоти ҳизби ҳокими Русия то ҳол дар ин бора низ изҳори назар накардаанд.