Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароҳо дар Русия 9 хориҷиро куштаанд


Як маркази таҳлилӣ мегӯяд, ки бегонаситезон дар Русия дар соли гузашта 9 шаҳрванди хориҷиро, ки дар миёнашон намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ будаанд, дар заминаи адовати қавмию нажодӣ куштаанд.

Маркази таҳлилии "Сова" дар Маскав, яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи Русия мегӯяд, ки бино ба омори муқаддамотии ин созмон, дар тӯли соли 2015 бегонаситезон дар Русия 9 нафарро дар заминаи адовати қавимю нажодӣ кушта, тақрибан 68 нафари дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Шаҳри Маскав бо 3 кушта ва 26 захмӣ ва Санкт-Петербург бо 3 кушта ва 14 захмӣ дар зинаҳои аввалу дувум ҷой гирифтаанд.

Дар вилоятҳои Маскаву Самара ва Новосибирск низ мизони ҳамла ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баланд будааст.

Дар мусоҳибае бо Наталия Юдина, коршиноси маркази “Сова” аз ӯ пурсидем, ки чаро дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург бегонаситезон ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бештар ҳамла мебаранд?

Юдина: “Дар феҳристи мо маъмулан шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Маскав дар зинаи аввал қарор доранд, зеро ба ин шаҳрҳои бузург шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бештар меоянд. Дар миёни онҳо гурӯҳҳои ҷиноӣ низ ҳастанд. Аммо муҳоҷирони одӣ низ қурбони ин ҳамлаҳо мешаванд. Гузашта аз ин, дар ин шаҳрҳо ҷамъоварии мавод дар бораи ҳамлаҳои бегонаситезон ва миллатгароён соддатар аст. Чунин маълумотро рӯзноманигорон низ дар матбуот бозтоб медиҳанд ва Кумитаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандон низ бо афроди осебдида ва наздикони қурбониёни чунин ҳамлаҳо мулоқот анҷом медиҳад.”

Озодӣ: Дар соли 2015 шаҳрвандони кадом кишварҳо бештар қурбони ҳамлаҳои бегонаситезон шудаанд?

Юдина: “Дар феҳристи мо бештар аз ҳама шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ҳастанд. Як соли пеш низ бештар аз ҳар каси дигар шаҳрвандони ҳамин кишварҳо қурбон шуда буданд. Шумораи чунин ҳамлаҳо ба сиёҳпӯстон афзоиш ёфтааст. Мо номи кишвари қурбониёнро маъмулан сабт намекунем. Вале дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон бештаранд. Қирғизҳо ҳам ҳастанд. Соли ҷорӣ дар миёни қурбониён як шаҳрванди Судон низ ҳаст. Дар миёни қурбониён шаҳврвандони кишварҳои африқоии Эфиопия ва Нигерия низ имсол дида мешаванд.”

Озодӣ: Дар муқоиса бо як соли пеш шумораи қурбониён афзоиш ёфтааст, ё камтар шудааст?

Юдина: “Агар ба маълумоти мо бовар кунед, вазъ нисбат ба соли 2014 гӯиё беҳтар шудааст. Соли 2014 36 нафар дар ҳамлаҳои бегонаситезон ва миллатгароён кушта шудаанд. Аммо дар соли 2013 23 куштор ва тахминан 200 ҳамла сабт шудааст. Дар матбуот ҳам дар ин бора камтар менависанд. Сиёсати ҳукумат ҳам таврест, ки хомӯшӣ дар ин мавзӯъро барои худ беҳтар медонанд.”

Озодӣ: Сабаби кам шудани кушторҳо ба дасти бегонаситезон чӣ аст, оё муносибат бо муҳоҷирони кишварҳои хориҷӣ дар Русия беҳтар шудааст ё сабаби дигар ҳаст?

Юдина: “На, муттаассифона чунин нест. Дар давоми соли гузашта таваҷҷуҳ пеш аз ҳама бештар ба бендерҳои Украина ҷалб шуда буд. Барои ҳамин мо гуфта наметавонем, ки миллатгароҳо рафтори худро беҳтар кардаанд. Гузашта аз ин, фишори пулис ба гурӯҳҳои бегонаситезу миллатгаро афзоиш ёфт. Аз сӯи дигар, дар бораи ҳамлаи бегонаситезон камтар сӯҳбат мешавад ва камтар менависанд. Яъне, вақтҳои охир ин мавзӯъ камтар доман зада мешавад. Гузашта аз ин, истисно нест, ки каме тағйирот ҳам мушоҳида мешавад, барои он ки гурӯҳҳои аслии миллатгароҳои тундрав аз сиёсатҳои раиси ҷумҳури кунунӣ ҷонибдорӣ накарданд. Аз вазъият дар шарқи Украина ва дар Донбасс ҷонибдорӣ намекунанд. Дар натиҷа чунин гурӯҳҳоро чун мухолифони ҳукумат мешиносанд ва ба онҳо фишор меоранд. Баъзе аз онҳо боздошт шудаанд ва бар зидди онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Баъзеҳои дигар ба хориҷ рафтаанд ва ё ба Украина рафтаанд ва дар даргириҳо ширкат меҷӯянд.”

Озодӣ: Фикр намекунед, ки дар баъзе доираҳои интизомӣ шахсоне ҳастанд, ки пинҳонӣ аз ин гурӯҳҳо ҳимоят мекунанд ва аз ҳамла ба шаҳрвандони хориҷӣ чашм мепӯшанд?

Юдина: “Онҳо ҳимоят мекунанд, вале ҳоло мавзеъгирии ҳукумат тағир ёфтааст ва фармон аз боло чунин аст, ки ба эҳсосоти бегонапарастӣ дода нашаванд. Барои ҳамин аз ин ҳамлаҳо то ҷое чашмпӯшӣ карда наметавонанд, зеро он метавонад ба ҳамлаҳои бузургтаре табдил ёбад ва дигар чашмпӯшӣ карда наметавонанд.”

XS
SM
MD
LG