Нархи моҳонаи патент барои муҳоҷирони хориҷӣ аз 1 январ дар аксарияти кулли вилоятҳои Русия боло рафтааст. Нархномаи нави патент, ки ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – нашр кардааст, нишон медиҳад, ки дастикам 74 минтақаи Русия аз соли нав арзиши онро барои муҳоҷирони хориҷӣ боло бурдаанд. Нархи патент танҳо дар 5 минтақа – вилоятҳои Челябинск, Волгоград, Владимир ва Ленинград ва дар шаҳри Санкт-Петербург – бетағйир боқӣ монда, танҳо дар 6 минтақа – ҳавзаи Чукотка, ҷумҳурии Ингушистон ва вилоятҳои Калуга, Воронеж, Томск ва Нижний Новгород мақомот тасмим гирифтаанд, ки нархи патентро баракс кам кунанд. Дар Чукотка, ки соли гузашта арзиши патенташро 8000 рубл муқаррар карда буд, имсол онро то ҳадди 4542 рубл пойин овардаанд ва ин минтақа мақоми аввал дар “чемпионат”-и нархи патенти муҳоҷиронро имсол ба Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон дод, ки нархи ин “маҳсулоти стратегӣ”-ро барои муҳоҷирон 1100 рубл боло бурда, ба 8173 рубл расондааст.
Аммо бештар аз ҳама – қариб 5 маротиба - нархи моҳонаи патенти муҳоҷирон дар ҳавзаи мухтори Ненетс боло рафта, ба 7000 рубл расидааст. Ҳамин тавр, қимати патент дар Забайкалйе ва ҷумҳурии Бурятия қариб 3 маротиба, дар Иркутск ва ҷумҳуриҳои Карелияву Тува 2,3 маротиба, дар вилоятҳои Киров, Новосибирск, Сахалин, Иваново, Красноярск 2 маротиба гаронтъар шудааст. Нархи патент дар кишварҳои Пензаву Олтой, вилояти Псков ва ҷумҳуриҳои мухтори Адигея ва Удмуртия низ аз 1 январ қариб 2 маротиба боло бурда шудааст.
Аммо як хабари нисбатан хушнудкунанда ин аст, ки нархи патент дар самтҳои умдаи кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик зиёд тағйир накардааст. Аз ҷумла дар шаҳри Петербурги вилояти Ленинград, ки бино ба ҳисобҳо, то 200 000 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро макон додаанд, нархи патент бидуни тағйир ҳамон 3000 рубл боқӣ мондааст. Дар шаҳри Маскав қимати патентро ҳамагӣ 200 рубл боло бурда, 4200 рубл кардаанд. Дар вилояти Маскав – 4634 рубл ба ҷои 4000 рубли соли гузашта.
Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Пулҳое ки муҳоҷирони корӣ аз Русия мефиристанд, як омили муҳими таъини рӯзгори хонаводаҳои онҳо ва ҳам як чархаи умдаи гардонандаи аробаи иқтисоди Тоҷикистон эътироф мешавад.
Нархи патент, ки аз 1 январи соли 2015 барои муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия ҳатмӣ шуд, як бахши умда аз хароҷоти муҳоҷирони корӣ дар он кишварро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, ҳамин тавр, ҳар муҳоҷир ҳанӯз то оғози фаъолияти корӣ бояд як баста асноди дигар, аз ҷумла санади тиббӣ ва санади супурдани имтиҳон аз забону таърих ва фарҳанги Русияро низ омода бикунад. Ҷамъулҷамъ дар соли гузашта як муҳоҷир танҳо барои оғози фаъолияти корӣ дар Русия бояд қариб 30 000 рубл сарф мекард.
Бо афзоиши нархи патент дар соли нав зоҳиран хароҷоти муҳоҷирон боз ҳам боло хоҳад рафт. Ва он ҳам дар ҳоле, ки бино ба омори Бонки марказии Русия, даромади муҳоҷирон дар ин кишвар баракс бамаротиб коҳиш ёфтааст. Барои мисол, дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул интиқол ёфтааст, ки назар ба як соли қабл 3,7 маротиба камтар аст.
Ҷадвали нархи патенти кор дар вилоятҳои Русия дар солҳои 2015/2016 (бо рубли русӣ ва бо шумули Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри Севастопол, ки Русия дар соли 2014 тасарруф кард)
|