Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Русия парвандаи марги Умаралиро зери назорат гирифт


Валентина Матвиенко
Валентина Матвиенко

Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумонии Русия ҷараёни таҳқиқи парвандаи марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро таҳти назорати худ мегирад.

Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумонии Русия рӯзи 18 ноябр эълон кард, ки ҷараёни таҳқиқи парвандаи марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербургро таҳти назорати худ мегирад.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федеросиюн гуфт, “ин дар ворқеъ, як ҳодисаи даҳшатовар аст ва тамоман нофаҳмост, ки чунин ҳодисае чигуна метавонист рух бидиҳад?” Матвиенко гуфт, сарфи назари аз миллияти кӯдаке, ки дар қаламрави Русия ба сар мебарад, бояд ба ӯву волидонаш ба таври муносиб таваҷҷӯҳ ва бархӯрд шавад.

Алла Мезентсева, муовини раиси раёсати иттилооти Шӯрои Федеросиюн дар як тамоси телефонӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Валентина Матвиенко ба кумитаи қонунгузории маҷлиси болоии парлумони Русия амр додааст, то таҳқиқи қазияи марги кӯдаки тоҷикро таҳти назорат гирифта, аз натиҷаҳояш ба Шӯрои Федеросиюн гузориш диҳад. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир, ин кумита масъалаи ташкили гурӯҳи вижае барои назорати ҷараёни таҳқиқи қазияи Умаралӣ Назаровро баррасӣ мекунад.

Елена Мизулина
Елена Мизулина

Ду рӯз пеш Елена Мизулина, вакили Шӯрои Федеросиюн аз вилояти Омск гуфт, ба таҳқиқи фарогири қазияи марзи Умаралӣ Назаров пойфишорӣ хоҳад кард. Мизулина бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмиаш гуфт, ки дархостҳои расмӣ бо талаби таҳқиқи қазияи ин кӯдаки панҷмоҳаи хонаводаи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербургро ба номи Кумитаи тафтишот ва Додситонии кулли Русия фиристодааст ва “агар лозим шавад, мо ба баргузории таҳқиқоти парлумонӣ ҳам исрор хоҳем варзид, то дар оянда чунин ҳолатҳо аслан пеш наоянд.”

Елена Мизулина афзуд, ба ақидаи ӯ, “мансабдорони сангдил” сабабгори марги Умаралӣ Назаров шудаанд: “Ба назари ман, мансабдорон, ходимони умури дохила на барои он чунин рафтор мекунанд, ки чун дар ин маврид, сухан дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ меравад, балки онҳо беҳимоя будани мардумро ҳис мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки ҳар тавре ки бихоҳанд, рафтор мекунанд ва парвои касеву чизеро надоранд. Фикр мекунанд, ки дар ҳар сурат аъмоли онҳо беҷазо хоҳад монд Бовар кунед, ки онҳо бо хонаводаҳои русҳо низ айни чунин рафторро мекунанд.”

Мизулина чунин шеваи рафтори мансабдорони Русияро аломати “деградатсияи касбӣ” ва марги Умаралӣ Назаровро барои ҷомиаи Русия “як вазъи изтиробовар” ва барои хонаводаи ин тифли маъсум “фоҷиаи воқеъӣ” номид.

Ин дар ҳолест ки Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров рӯзи 16 ноябр ҷанозаи фарзанди ғӯррамаргаш ба Тоҷикистон овард ва ӯро ҳамон рӯз дар ноҳияи Файзобод ба хок супурд.

Зарина Юнусова шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз ӯ ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Марги мармузи ин кӯдак якҷо бо ҳукми ихроҷи модараш Зарина Юнусова аз қаламрави Русия мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар Тоҷикистону Русия ва хориҷ аз он ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорон дар ҳарду кишвар хостори таҳқиқи ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкор дар марги Умаралӣ Назаров шуданд.

Мақомоти Русия дар вокуниш ба ин талабҳо гуфтанд, ки дар робита ба марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ахиран кумитаи тафтишоти Русия дар Санкт-Петербург эълон кард, ки бар асоси ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Умаралӣ Назаров аз як вирусе, ки дер боз ва ҳатто ҳанӯз то таваллуди ӯ дар баданаш роҳ ёфтааст, вафот кардааст. Ҳамзамон рӯзи 13 ноябр додгоҳи Петербург ҳукми ихроҷи модари Умаралиро ба қувваи худ боқӣ гузошт ва ӯ маҷбур шуд, ҷанозаи фарзанди ғӯррамаргаш дар даст ба Ватан баргардад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ихроҷи модари Умаралӣ шонси таҳқиқи одилона ва фарогири марги ин кӯдакро камтар мекунад. Худи Зарина Юнусова, вақте бо хабарнигорон дар фурудгоҳи Душанбе сӯҳбат мекард, низ чунин изҳори ақида кард: "Онҳо хостанд, ки ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон биёям ва барои таҳқиқи қазияи марги писарам пофишорӣ накунам."

Дар ҳамин ҳол, додситонии Петербург рӯзи 18 ноябр дар посухи расимаш ба дархости вакили Маҷлиси ин шаҳр Борис Вишневский дар шарҳи иллатҳои марги Умаралӣ Назаров навиштааст, ки ӯ дар Петербург дар манзиле ба сар мебурд, ки барои зиндагӣ мувофиқ набуд. Дар нома аз ҷумла омадааст, "манзиле, ки шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд, як навъ бинои изофӣ (пристройка) ба бинои истиқоматӣ буда, барои зиндагӣ созгор набуд. Ин манзил нам буд ва гарм карда намешуд." ​

Настоящее Время. Азия - 17 ноября.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:59 0:00

XS
SM
MD
LG