Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мемориал"-ро набастанд


Додгоҳи олии Русия дархости бастани маркази ҳуқуқи башари “Мемориал”-ро рад кард. Аз ин созмон танҳо хостаанд, ки "камбудиҳояшро ислоҳ кунад."

Додгоҳи олии Русия дархости вазорати адлия дар бораи бастани маркази маъруфи ҳуқуқи башар бо номи “Мемориал”-ро рад кард.

“Мемориал” аз гурӯҳҳои мӯътабари ғайридавлатӣ дар Русия аст, ки эътибори қаввӣ дорад ва ҳимояти пайгиронаву устувори он аз ҳуқуқи башар ба ҳукумати раисиҷумҳур Владимир Путин хуш наомад ва дархост дар бораи бастани он сабаби интиқодҳои шадиди Ғарб ва мухолифони сиёсии Кремл дар дохили Русия шуд.

Вале мухолифони давлат гуфтанд, ки ҳадафи асосӣ ба хамӯшӣ водор кардани ин созмони муътабари ҳифзи ҳуқуқи башар буд. Дар мурофиаи додгоҳии 28 январ қозии додгоҳ гуфт, ки “Мемориал” камбудиҳояшро ислоҳ кардааст.

Ин созмони ғайридавлатии ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар соли 1989 дар давраи Шӯравӣ ташкил шуда буд.

Қозии додгоҳ рӯзи 28 январ дар мурофиа гуфт, ки “додгоҳ дархости вазорати адлияро қонеъ накард.” Вазорат моҳи октябр ба додгоҳ шикоят фиристода буд ва гуфт, ки фаъолиятҳои ин гурӯҳ бо оинномааш мутобиқ нест.

Дар мусоҳибае аз Ян Рачинский - узви ҳайати раисаи созмони “Мемориал” пурсидам, вазорати адлияи Русия мегӯяд, ки “Мемориал” ҳамаи камбидҳоро бартараф кардааст, бо вуҷуди он даъвояшро пас намегирад. Чаро?

Рачинский: Имрӯз Додгоҳи олӣ дар мурофиа ин даъворо қабул накард. Вале вазорати адлия нахост, ки ба таври расмӣ даъвои худро дар бораи барҳам додани ин созмон пас бигирад. Бо вуҷуди ин изҳор дошт, ки ҳамаи шикоятҳояшонро пас гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, ки гӯё тасмими онҳо дар бораи сабти номи ““Мемориал”” ҳоло ба Кумитаи андози Русия нарасидааст.

Озодӣ: Вазорати адлия чӣ иттиҳомотро бар зидди созмони шумо ба додгоҳ пешкаш карда буд?

Ян Рачинский
Ян Рачинский

Рачинский: Ба гуфтаи онҳо, модоме, ки дар номи созмони мо калимаи “хайрия” вуҷуд дорад, мо бояд ҳамчунин корҳоеро анҷом диҳем, ки ба мантиқи ин калима дуруст ояд. Мо наметавонем ҳар сол корҳои зиёди хайрия барномарезӣ кунем. Барои ҳамин мо ин калимаро аз номи созмон бардоштем ва дар оиннома ҳамин тағирот ворид шуд. Вале ин ба он маъно нахоҳад буд, ки мо корҳои хайрия анҷом намедиҳем. Гузашта аз ин, вазорати адлия мегӯяд, танҳо гурӯҳҳое метавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд, ки бахши “Мемориал”и Русия мебошанд. Дар он сурат, агар ин созмон барҳам зӯрад, ҳамаи шуъбаҳои он ба таври автоматӣ барҳам мехӯранд.

Озодӣ: Ба оинномаи худ боз чӣ тағирот ворид кардед ва он ба фаъолияти созмони шумо таъсир мегузорад?

Рачинский: Ин тағирот хусусияти комилан расмӣ ва бюрократӣ дорад ва инро вазорати адлия мехост. Дар бораи тарзи кору фаъолият ва вазифаҳои аслии созмон тағироте ба амал наомадааст. Вазорат мехоҳад, ки созмони ғайридавлатӣ ба онҳо гузориш диҳад ва фаъолияти худро нишон диҳад. Вале қонун инро пешбинӣ намекунад. Бахши “Мемориал”и Русия ягон коргари расмӣ дар Маскав надорад, барои ҳамин мо талош нахоҳем кард, ки вақти худро ба қоғизбозиҳои изофӣ сарф кунем.

Озодӣ: Мо медонем, ки аз кишварҳои Шӯравии пешин, ба вижа аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷирони зиёде дар Русия кор мекунанд. Кордиҳандагон ҳамеша ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд. Созмони шумо ба ин масъалаҳо, яъне ба масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон дар қаламрави Русия дар оянда низ чун дар гузашта таваҷҷуҳ хоҳад кард?

Рачинский: Дар фаъолияти мо чизе тағир нахоҳад кард. Мо як бахши созмони ҳифзи ҳуқуқи башар барои Осиёи Марказӣ дорем. Ин бахш мисли пеш корашро дар ҳар шароит идома хоҳад дод. Дар кори мо амалан тағйироте пеш нахоҳад омад.

XS
SM
MD
LG