Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои нави ҳарбии Тоҷикистон бо Русия


Марзи Афғонистон ва фурудгоҳи Айнӣ дар маркази ҳамкориҳои ҳарбии Русия ва Тоҷикистон қарор мегиранд.

Баррасии тарҳи созиши нави ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар масоили марзӣ боиси ҳадсзаниҳо дар бораи имкони бозгашти марзбонҳои рус ба Тоҷикистон шуд.

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста сурат гирифт. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии
Дар сурати таҷаммӯъи воқеъии мусаллаҳон дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва хатари убури онҳо аз рӯдхонаи Панҷ ҳукумати Тоҷикистон ба ҷуз муроҷиат ба Маскав илоҷе нахоҳад дошт...
Тоҷикистон гуфт, ки ба гурӯҳҳои корӣ намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар, аъзои Шӯроҳои амният ва мансабдорони ҳуқуматӣ шомил буданд, аз ҷумла, аз ҷониби Маскав фармондеҳи гурӯҳи фаврии марзбонии ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Тоҷикистон Анатолий Михеев, дипломатҳо ва кормандони масъули ФСБ музокирот карданд. Раҳбарии ҳайати Тоҷикистон бар дӯши генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар буд.

Раҳматуллоев: “Русҳо ба марз барнамегарданд!”

Таҳлилгарон ишора мекунанд, ки ин дуввумин музокироти пушти дарҳои бастаи низомиёни русу тоҷик баъд аз сафари мармузу нимапинҳонии вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон буд. Ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ, Анатолий Сердюков мақомоти Тоҷикистонро барои дар ихтиёри Русия қарор додани фурудгоҳи Айнии канори шаҳри Душанбе мутмаин сохтааст.

Анатолий Сердюков
Як манбаъ аз вазорати дифоъ дар сӯҳбати бидуни сабт тайид намуд, ки дар мулоқоти вазири рус бо аъзои ҳукумат ва низомиёни баландпояи Тоҷикистон мавзӯъи истифодаи ин фурудгоҳ дар меҳвар қарор дошт. Ва аммо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Маскаву Душанбе ҳанӯз дар мавриди шартҳои ҳузури низомиёни рус дар фурудгоҳи Айнӣ ба созише нарасидаанд.

Бархе таҳлилгарон дар робита ба музокироти ҳайатҳои нерӯҳои марзбонии Русияву Тоҷикистон ҳадс задаанд, ки дар он мавзӯъи бозгашти сарҳадбонҳои рус ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ваё ҳадди аққал афзоиши теъдоди мушовирони низомии рус дарТоҷикистон баррасӣ шудааст. Вале Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати ҳифзи сарҳадоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳама сару садоҳо дар бораи имкони бозгашти марзбонҳои рус ба кишварро рад кард ва гуфт, ки “ҳайатҳо фақат сари мавзӯъи қарордоди ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили сарҳадӣ тамаркуз кардаанд”. Ӯ афзуд, ки ин созиш моҳи феврали соли 2006 барои панҷ сол пеш имзо шуда буд ва акнун замони тамдиди он расидааст.

Ҳаводиси Миср ниёз ба нерӯи Маскавро бештар кардааст?

Виктория Панфилова, хабарнигор ва таҳлилгари рус низ мегӯяд, ки айни ҳол ниёзе ба бозгашти сарҳадбонҳои Русия ба Тоҷикистон нест, зеро марзбонҳои тоҷик собит карданд, ки аз ӯҳдаи ҳимояти марз мебароянд. Ва аммо, аз нигоҳи ӯ, нигаронии мақомоти аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, аз имкони такрори ҳаводиси Тунису Миср ба минтақа ба чашм мерасад.

Дар вазъи феълӣ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, онҳо ниёзи бештар ба пуштибонии низомии Маскавро эҳсос мекунанд. Вале, меафзояд Виктория Панфилова, беҳтар мебуд агар мақомот на ба масоили низомӣ, балки рӯи ниёзмандиҳои иҷтимоии мардум бештар тамаркуз мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, “агар мақомот аз такрори ҳаводиси Миср ҳарос доранд, бояд ба он мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунанд, ки дар Миср эътирозҳои иҷтимоӣ бар асари он дар ҳоли фақр қарор гирифтани мардум шурӯъ шуданд. Мардум дар Тоҷикистон низ дар ҳоли фақр қарор мегиранд. Ин аввал. Сониян, бале, Русия метавонад дар ҳимояти марз саҳм бигирад ва аммо тавассути кӯмакҳои техникӣ, маводи сӯхт ва ироаи таҷҳизоти дигар. Русия метавонад ин гуна кӯмак кунад ва аммо на бо интиқоли низомиёнаш».

Бозгашт ба марз – рӯъёи генералҳои рус?


Виктория Панфилова иқрор мекунад, ки бозгашти ҳадди аққал гурӯҳи маҳдуди марзбонҳо ба Тоҷикистон рӯъё ваё орзуи як гурӯҳи хурди генералҳои рус боқӣ мемонад. Баъзе гузоришҳо дар расонаҳои Маскав дар бораи нотавонии марзбонҳои тоҷик дар ҳимояти марз, афзоиши қочоқи маводи мухадир ва таҷаммӯъи «Толибон» дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ низ бо дастури ҳамин низомиёни воломақоми «хаёлпараст» нашр мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомӣ, имкони тақвияти ҳузури марзбонҳои рус дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро бо авзоъ дар шимоли Афғонистон марбут мехонад. Ба гуфтаи ӯ, «дар сурати таҷаммӯъи воқеъии мусаллаҳон дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва хатари убури онҳо аз рӯдхонаи Панҷ ҳукумати Тоҷикистон ба ҷуз муроҷиат ба Маскав илоҷе нахоҳад дошт».

Вошингтон Маскавро ғофилгиру шитобзада кард?

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо, сафари вазири дифоъи Русия ва баргузории музокироти оҷил дар масоили марбут ба ҳамкориҳои марзӣ баёнгари шитобзадагии Маскав барои тақвияти ҳузури низомияш дар Осиёи марказист.

Мусоҳиби мо сабаби ин шитобзадагии Маскавро бо эъломи стратегияи миллии низомии Амрико марбут мекунад, ки «дар
Николай Бордюжа
он Вошингтон ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ авлавияти зиёд додааст»
. Ба назар мерасад, ин санад мақомоти Русияро, ки Осиёи марказиро «хонаи худ» мехонданд, ғофилгир кардааст, мегӯяд Раҷаби Мирзо ва меафзояд, «ба думболи боздиди як низомии воломақоми Амрико вазири дифоъи Русия ҳам ғайримунтазира вориди Душанбе шуд ва ҳамин шитобзадагии Маскав бешак вокуниш ба талоши фаъол шудани Амрико дар Осиёи Миёна ва аз ҷумла дар Тоҷикистон аст».

Мусоҳибони мо сафари оҷили Николай Бордюжа, Дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ба Қирғизистонро низ як намунаи бесаранҷом шудани Маскав ва талошҳояш барои ҷилавгирӣ аз имкони тақвияти нуфузи Амрико дар минтақа арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи Виктория Панфилова, яке аз ҳадафҳои аслии сафари Бордюжа ба Бишкек баррасии мавзӯъи таъсиси маркази зиддитеррористии Русия дар вилояти Бодканди Қирғизистон буд.

Аз рақобати Маскаву Вошингтон кӣ суд мегирад?

Айни ҳол, ба гуфтаи мусоҳибони мо мегӯянд, суоли матраҳ он аст, ки аз рақобати тоза оғозшудаи низомии Маскаву Вошингтон кишварҳои минтақа барои худ чӣ суде хоҳанд гирифт? Аз нигоҳи Виктория Панфилова, дар ин самт то имрӯз Бишкек муваффақ буд ва зимнан, мақомоти Қирғизистон ба Бордюжа ҳам гӯшрас кардаанд, ки барои маркази зиддитеррористӣ низ қаламрави худро ройгон дар ихтиёри Русия нахоҳанд гузошт.
XS
SM
MD
LG