Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ду ҳафтаи аввал гурусна будам.” Рӯзгори як духтари тоҷик дар Олмон


"Дар Олмон ду ҳафтаи аввал гурусна будам" (Рӯзгори муҳоҷир#29)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:05 0:00

Барномаро дар ин ҷо бинед

Миҷгона Ҷаббороваи 25-сола аз Тоҷикистон муддатест, ки дар Олмон кору зиндагӣ дорад.

Ӯ дар суҳбат бо барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" гуфт, аз нақли як духтари ҷавон дар бораи сафараш ба кишвари аврупоӣ илҳом гирифту бо талошҳои зиёд худро ба ин ҷо расонд. Акнун ба даҳҳо хоҳишманди сафару муҳоҷират ба Олмон ёрӣ мекунад.

Миҷгона мегӯяд, аввал забони олмониро аз худ кард. Сипас дили модарашро ба даст овард, то ба муҳоҷирати ягона духтараш ба кишвари ҳазорон километр дур аз Тоҷикистон иҷозат бидиҳад.

Қаҳрамони гузориши мо аз рӯйи барномаи "Au Pair" дар Олмон ҷой ёфт. Барандагон ба муддати аз даҳ моҳ то як сол дар оилаи олмонӣ зиста, кӯдаконро нигоҳубин ва дар корҳои диагри хона ёрӣ мекунанд. Соҳибхона дар иваз “доя”-ро бо ҷойи хобу хӯрок таъмин карда, ҳамчунин, ҳар моҳ наздик ба 300 евро медиҳад.

Миҷгона Ҷабборова мегӯяд, ин кор баъзе мушкилот ҳам дорад. Ӯ баъди ба охир расидани барномаи "Au Pair" дар як бемористони Олмон ҳамчун ихтиёрӣ кор кард. Ҳоло донишҷӯст. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди духтарони ҷавон аз Тоҷикистон дар Олмон зиёд аст ва онҳо гаҳ-гоҳе ба хонаи якдигар меҳмон мешаванд.

Барнома дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG