Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Саакашвили шикасти ҳизбашро эътироф кард


Раисиҷумҳури Гурҷистон гуфт, "тасмим аз сӯи бештари мардуми Гурҷистон гирифта шудааст ва мо ба он арҷ мегузорем."

Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, рӯзи сешанбе, 2-юми октябр, эътироф кард, ки дар интихоботи парлумонии ин кишвар эътилофи “Орзуи гурҷӣ” пирӯз шудааст. Ӯ дар як паёми телевизионӣ гуфт, "баъд аз эълони натиҷаҳои пешакӣ бартарии эътилофи “Орзуи гурҷӣ” ошкор шуд. Ин маънои онро дорад, ки аксарият дар парлумон бояд ҳукумати навро ташкил кунад ва ман ҳамчун раисиҷумҳур, бар пояи Қонуни асосӣ, ба ин раванд кӯмак мекунам, то парлумон кори худро сар карда, раисро интихоб ва ҳукуматро ташкил намояд."

Аз эътилофи мухолифи давлат “Орзуи гурҷӣ”, ки ба он миллиардер Бидзина Иванишвилӣ раҳбарӣ мекунад, беш аз 50 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Ҳизби “Ҷунбиши ягонаи миллӣ”-и раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ тақрибан 40 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст. Дигар аҳзоби сиёсӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми октябр камтар аз 3 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Саакашвилӣ гуфт, аз ин баъд “Ҷунбиши ягонаи миллӣ” ҳизби мухолиф дар парлумони Гурҷистон хоҳад буд. Вай афзуд, “барои мо, барои ман, афкори эътилофи "Орзуи гурҷӣ" ғайриқобили қабул буд ва ҳамин хел мемонад. Миёни мо фарқияти амиқ мавҷуд аст. Мо ақидаҳои онҳоро комилан иштибоҳӣ меҳисобем. Аммо демократия ҳамин аст ва чун тасмим аз сӯи бештари мардуми Гурҷистон гирифта шудааст, мо, албатта, ба он арҷ мегузорем."

Бидзина Иванишвили
Бидзина Иванишвили
Айни ҳол Комиссияи марказии интихоботии Гурҷистон тақрибан нисфи барга (варақа)-ҳои раъйдиҳиро ҳисобу китоб кардааст. Барои 150 курсии парлумон номзадҳо аз 16 ҳизб талош карданд. Ҳизбе, ки бештари мандатҳои парлумонро соҳиб мешавад, баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 соҳиби қудрат дар Гурҷистон хоҳад шуд, зеро бар пояи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ Гурҷистон ба ҷумҳурии парлумонӣ табдил мешавад.

Нозирони маҳалливу байналмилалӣ эълон доштанд, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва ҳисобу китоби раъйҳо ягон қонуншикании ҷиддӣ рух надодааст. Нозирон аз Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо, Парлумони Аврупо ва НАТО дар як изҳороти муштарак баён доштанд, ки Гурҷистон дар роҳи баргузории интихоботи демократӣ гоми муҳим ниҳод, “аммо бархе аз масъалаҳои калидӣ бояд дар оянда ҳаллу фасл шаванд”.

Фақат созмони "Transparency International - Гурҷистон" бо такя ба нозири худ эълом дошт, ки дар яке аз қитъаҳои интихоботии ноҳияи Хашурӣ ҳангоми ҳисобу китоби овозҳо пирӯзии эътилофи “Орзуи гурҷӣ” дар протокол сабт шуд, аммо афроди мусаллаҳ ба қитъа ворид шуда, ҳамаро маҷбур сохтанд, ки биноро тарк намоянд. "Дар натиҷа протоколи ниҳоии нав тартиб дода шуд, ки дар он ҳизби ҳукмрони “Ҷунбиши миллӣ” пирӯз эълон шудааст",- омадааст дар изҳороти ин созмон.

Аз ин пеш раиси Комиссияи марказии интихоботии Гурҷистон Зураб Хариташвилӣ ҳам изҳор намуд, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар бархе аз қитъаҳои интихоботии Хашурӣ шояд лағв карда шавад. Дар ин шаҳр миёни кормандони пулис ва сокинони маҳаллӣ бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он дасти кам шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Навори парокандасозии мардум аз сӯи пулисро шабакаи телевизионии мухолифи ҳукумат “Маэстро” намоиш дод. Вазорати умури дохилии Гурҷистон дар як изҳорот иттилоъ дар бораи истифодаи нерӯ аз сӯи кормандони полисро қатъӣ рад кард.

Дар ҳамин ҳол Маскав паём дод, ки умедвори беҳбудии равобит бо Тифлис аст. Ин изҳороти раиси Шӯрои Федератсиони Русия Валентина Мативиенко дар ташреҳи натоиҷи интихоботи парлумонии Гурҷистон садо дод. Баъд аз ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ дар тобистони соли 2008 робитаҳои дипломатӣ миёни Маскаву Тифлис қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG