Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канорагирии Раббонӣ аз раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистон


Тибқи иттилои расонаҳои афғонӣ, Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар пайи ихтилоф бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз мақомаш истеъфо додааст.

Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз мақомаш истеъфо додааст. Гузоришҳои таъйидношуда ин тасмими Салоҳиддин Раббониро ба ихтилофи ӯ бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон рабт медиҳанд.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон дар сӯҳбат ба расонаҳо, аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ кардааст. Яке аз ёварони наздики оқои Раббонӣ ба хабаргузории афғонии "Хома пресс" гуфтааст, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай то кунун истеъфои Салоҳиддин Раббониро напазируфтааст.

Салоҳиддин Раббонӣ, ки ҳамзамон раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад, дар интихоботи ҷанҷолии президентӣ дар соли 2014, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ --рақиби Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳимоят мекард. Ӯ дар баҳори соли 2012 ба ҷои падараш марҳум устод Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон таъйин шуд.

Салоҳиддин Раббонӣ то таъйин шуданаш ба мақоми раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, дар мақоми сафири он кишвар дар Туркия ифои вазифа мекард. Салоҳиддин Раббонӣ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ буда, инчунин дипломи Донишгоҳи “Кингстон”-и Лондонро низ дорад.

Бурҳонуддини Раббонӣ, падари Салоҳиддин Раббонӣ -- раиси нави Шӯрои олии сулҳи Афғонистон то дами маргаш раҳбарии ин шӯроро бар ӯҳда дошт. Вай моҳи сентябри соли 2011 дар манзили худ кушта шуд. Маргталабе, ки даст ба ҷони Бурҳонуддини Раббонӣ зад, худро намояндаи Толибон муаррифӣ карда буд, ки гӯиё бо худ аз номи он ҷунбиш як паёми сулҳ овардааст.

Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Давлати исломии Афғонистон дар 20-уми сентябри соли 1940 дар ноҳияи Афтали вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Ӯ аввал Донишгоҳи Кобулро хатм намуд ва баъдан дар соли 1968 аз Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дар риштаи фалсафаи исломӣ фавқуллисонс гирифт.

Раббонӣ дар ҳамон сол ба Афғонистон баргашт ва ба тадрис дар Донишгоҳи Кобул пардохт. Ӯ ҳамзамон ба яке аз фаъолони сиёсӣ табдил шуд ва дар соли 1971 ҳизби Ҷамъияти Исломиро бунёдгузорӣ кард. Ҳизбе, ки фароз ва фурудҳои зиёдеро дар солҳои ҷанги дохилии Афғонистон таҷриба кард ва то кунун муқтадиртарин ташаккули саҳнаи сиёсии Афғонистон ба шумор меравад. Бурҳонуддини Раббонӣ то дами маргаш раҳбарии ин ҳизбро ҳам бар ӯҳда дошт.

Шӯрои сулҳи Афғонистон соли 2010 барои гуфтугӯи давлати ин кишвар бо гурӯҳи Толибон бо пешниҳоди президенти пешин Ҳомиди Карзай ташкил шудааст ва 70 аъзо дорад.

XS
SM
MD
LG