Мактабе, ки мо дар он меҳмон шудем, дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Варзоб ҷой гирифтааст. Мактаби № 41, ки 50 соли қабл ба таври ҳашар дар деҳаи Арақчин дар нишеби куҳ сохта шуда, аз ду бинои якошёна иборат аст. Ҳарчанд, биноҳои мактаб зоҳиран каме таъмирдида мушоҳида мешавад, аммо аз манзилҳои истиқоматии атрофаш чандон тафовуте надорад.
Дар дабистони мазкур беш аз 200 хонандаи деҳ таҳсил мекунад, дар ҳоле, ки он танҳо барои 70 нафар пешбинӣ шудааст. Ба ин толибилмон 20 омӯзгор дар се баст таълим мегуфтааст.
Аксари омӯзгорони дабистон ҷавонони худи деҳаанд, ки баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияташонро дар зодгоҳашон идома медиҳанд. Дар шароите, ки бисёри омӯзгорон тарки касби худ намудаанд ва хатмкардаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ низ аз фаъолият дар соҳаи маориф худдорӣ мекунанд, то куҷо омӯзгорони ҷавони ин мактаб аз пешаи интихобкардаи худ розианд ва дар кадом шароит феълан фаъолият доранд?
Ба гуфтаи муаллимон, онҳо дар шароите фаъолият мекунанд, ки ҳатто ба оддитарин таҷҳизоти таҳсил ва иттилоъоти саривақтӣ дастрасӣ надоранд.
Бачаҳо мегӯянд, аз аввали соли хониш ҳамагӣ як бор аз компютер истифода кардаанд. Аммо муаллими компютер гуфт, бо иллати набуди барқ маҷбур аст дарсҳои шабона ташкил диҳад.
Ва аммо оё хонандаҳои ин мактаб вақти бештари худро барои таҳсил сарф мекунанд? Ё ҷамъоварии ҳезуму чидани ангур?
Ба гуфтаи бархе аз толибилмон, масъулияти ҷамъоварии ҳезум ва чидани ангур ғолибан ба души онҳост.
Оё чунин шароити таҳсил ба сатҳи дониши бачаҳо бетаъсир мондааст?
Ба ин ва дигар суолҳо аз гуфтори «Ояндасоз» огоҳ хоҳед шуд.