Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фейсбук бо дастури хаттӣ баста шудааст, на бо SMS


Барои хондани матни комили номаи Бег Зуҳуров ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет Тоҷикистон, рӯи ин нома панҷа занед.
Барои хондани матни комили номаи Бег Зуҳуров ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет Тоҷикистон, рӯи ин нома панҷа занед.

Шабакаи Фейсбук дар Тоҷикистон бо дастури хаттии раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров баста шудааст.

Тавре ба Озодӣ маълум шуд, раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров тай як нома дар таърихи 26-уми ноябр ба унвони 11 ширкати фароҳамкунандаи интернет, аз онҳо хостааст, ки "бинобар сабабҳои корҳои техникӣ- профилактикӣ, дастрасиро ба сомонаи www.facebook.com маҳдуд намоед."

Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 26-уми ноябр, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом карда буд, ки Хадамоти алоқа тавассути "смс" ё паёмак тақозо кардааст, ки шабакаи иҷтимоии Facebook баста шавад.

Ҳамин тариқ аз се рӯз ба ин тараф, корбарони ин шабакаи маъруфи иҷтимоӣ, ки дар Тоҷикистон 50 ҳазор тахмин зада мешаванд, аз имконияти истифодаи он маҳрум шудаанд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Facebook-ро “корҳои профилактикӣ” хонда буд. Айни замон ӯ гуфт, ки хоҳиши сӯҳбат бо масъулини ин шабакаро дорад.

Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров
"Профилактика мегузаронем. Бубинед, Facebook соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо - аз Амрико, Олмон ва ғайра - занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Facebook ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд", - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Оқои Зуҳуров дар ин сӯҳбаташ иддао кард, ки Facebook ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар “корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака” барпо шавад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Facebook муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки рӯзи сешанбе дастрасии журналистон ба мақомоти Хадамоти алоқа низ маҳдуд буд, корбарони шабакаи Facebook нороҳатии худро аз амри басташавии ин сайт бо роҳҳои мухталиф баён мекарданд. Бархе дар шарҳҳои худ аз тасмими мақомот интиқод мекарданд, дигарҳо байни худ карикатураҳои тақлидкунандаи ин тасмимро тақсим мекарданд. Барои бисёриҳо даъвати Б.Зуҳуров барои мулоқот бо муассиси шабакаи Facebook Марк Тсукерберг мавриди таваҷҷӯҳ будааст.

Дар Тоҷикистон ҳудудан 50 ҳазор нафар аз шабакаи Facebook истифода мекунанд. Ин сайти интернетӣ дар баробари як василаи муоширату сӯҳбатҳои хусусии байни корбарон, ба маҳалли баҳсҳои ҷиддии масоили иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст. Бархе корбарон ба интиқоди ошкорои шахсиятҳои шинохташудаи ҷумҳурӣ мепардозанд ва ин чиз боиси он шудааст, ки дар гузашта низ мақомоти кишвар дастрасиро ба ин ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин расонаҳои ошкоргӯи интернетӣ маҳдуд кардаанд.


XS
SM
MD
LG