Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафари дуюми ал-Қоида дар Яман кушта шуд


Носир ал-Вуҳайшӣ
Носир ал-Вуҳайшӣ

Раҳбари шабакаи Ал Қоида Носир ал Вуҳайшӣ дар нимҷазираи Араб дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Яман кушта шудааст.

Раҳбари шабакаи aл-Қоида Носир ал-Вуҳайшӣ дар нимҷазираи Араб дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Яман кушта шудааст. Дар ин бора Холид Батарфӣ-узви боломақоми Ал Қоида да Яман хабар дод. Батарфӣ 16 июн дар изҳороте гуфт, ки дар ҳамлаи бесарнишини Амрико як ҷо бо Вуҳайшӣ ду нафари дигар ҳам кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Батарфӣ, шабакаи Ал Қоида дар нимҷазираи Араб бо ҳам мулоқот ва ба ҷои Вуҳайшӣ шахсеро бо номи Қосим ал Раймӣ раҳбари худ интихоб кардааст. Ал Қоида дар нимҷазираи Араб яке аз бахшҳои хатарноки ин шабака дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар мусоҳибае аз Ҳасан Ҳошимиён-таҳлилгари умури Ховари Миёна пурсидам оё бо куштори Вуҳайшӣ дар фаъолиятҳои Ал Қоида дар шибҳаҷазираи Араб тағироте пеш хоҳад омад?

Ҳошимиён: Бо таваҷҷуҳ ба саргузашти Носир ал Вуҳайшӣ ҳоло мешавад гуфт, эшон буд, ки ташкилоти Ал Қоидаро дар шибҳаҷазираи Араб ба шакли хеле қаввӣ созмон дод ва худаш ҳам аз аҳолии Яман буд. Ҳоло дар Ҳазармост-минтақае, ки онро Ал Қоида дар Яман зери тасарруф дорад, қабилаҳои Яман омода мешаванд, ки онҳоро аз ин минтақа берун ронанд. Бинобар ин тамоми таҳаввулоте, ки дар гузашта, яъне аз соли 2006 дар Яман ва дар Арабистон сурат гирифт ва хеле ҳам фаъол буд, дарвоқеъ корҳои ҳамин Носир ал Вуҳайшӣ буд. Бинобар ин, бо таваҷҷуҳ ба саргузашт ва собиқае, ки Вуҳайшӣ аз худаш дошт, ин куштор зарбаи бисёр сангин ба Ал Қоида дар шибҳаҷазираи Араб ворид кардааст ва маълум нест, ки Қосим Ал Раймӣ метавонад кореро, ки Вуҳайшӣ анҷом дод, дубора такрор кунад ё густариш диҳад ё на, зеро шахсияти Вуҳайшӣ хеле таъсиргузор буд.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки бо зуҳури ДОИШ Ал Қоида сару садоҳои пешинро надорад ва ҳоло фаъолияташ заиф шудааст?

Ҳошимиён: Бо зуҳури ДОИШ Ал Қоида ба ҳошия ронда шудааст ва акнун сухани аввалро ДОИШ мегӯяд. Вале дар ҷое, ки созмони Ал Қоида созмондиҳӣ мешавад ва худро дар Яман муназзам мекунад, ин минтақае мебошад, ки Ал Қоида хеле-хеле фаъол буд. Носир Ул Вуҳайшӣ нуфузи хеле бузург дар ин фаъолиятҳо дошт. Агар фаъолияти Ал Қоида дар Яманро нисбат ба ҷойҳои дигар муқоиса кунем, дар Яман хеле фаъол буд ва ҳоло бо ин зарбае, ки хӯрд, фаъолияти қавиаш ба шакле аз байн меравад. Ман бовар дорам, ки дар рӯзҳои оянда боз ҳам заифтар мешавад, чунки қабоили Яман омода мешаванд, ки ба Ал Макало ҳамла кунанд, ҷое ки Ал Қоида ҳуқзури қаввӣ дорад.

Озодӣ: Мо дар маҷмуъ гуфта метавонем, ки оё ҳадафҳои стротегии Ал Қоида ва ДОИШ аз ҳам фарқ дорад ё ба назари шумо стратегияи онҳо яксон аст?

Ҳошимиён: Ба эътиқоди ман ҳадафҳои онҳо аз ҳам бисёр фарқ дорад. ДОИШ кореро анҷом дод, ки Ал Қоида натавонист онро анҷом диҳад, яъне ДОИШ “Давлати Исломӣ” ташкил дод. Созмондиҳии ин давлат дар амалиёти заминӣ мушоҳида мешавад. Ба хусус ин масъала барои ҷавононе, ки тарафдори ин навъ гурӯҳҳои ҳастанд, хеле ҷаззобият эҷод кардааст ва Ал Қиода ҳеҷ гоҳ наметавонист ин корро анҷом диҳад. Ал Қоида хеле муҳофизакортар амал мекард, дар ҳоле ки ДОИШ хеле бапарво амал мекунад ва яке аз хусусияти ДОИШ ин аст, ки тавонист раҳбарон ва кадри раҳбарии худашро аз афроди бумии минтақаҳо, ба хусус дар Ироқ ва Сурия парвариш диҳад ва ба ин тарити Ал Қоида ба шакле дар ҳошия қарор гирифт.

Озодӣ: пас гуфтан мумкин аст, ки ба ин тартиб Ал Қоида мумкин аст тадриҷан дар минтақа аз байн бириавад ва ё бо ДОИШ якҷо шавад?

Ҳошимиён: Фикр намекунам, ки Ал Қоида дар оянда аз байн биравад. Ал Қоила системаи хоси худашро дорад. Албатта, бо аз байн рафтани насли аъроби Афғонистон, ки онҳо ъдар канори Усома Бин Лоден дар Афғонистон ҷангидаанд, аз вай дастур мегирифтанд, мумкин аст ҳаракатҳои Ал Қоида хеле поин ояд. Вале ҳоло шабакаи Ал Қоида ва нируҳое, ки ба онҳо вафодор ҳастанд, хеле фаъол мебошанд ва ин фаъолият идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG