Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 17 шаҳрванди Афғонистонро сар буриданд


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, рӯзи душанбе дар ин кишвар ҷасадҳои 17 фарди осоиштаи сарбурида ёфт шуд. ки 17 сокини мулкӣ, аз ҷумла ду зан дар вилояти ҷанубии Ҳилманд бесар карда шуданд.

Ҳамчунон дар ин рӯзи хунин 10 аскари афғон ва 2 сарбози паймони НАТО ба қатл расидаанд. Ҳодисаи сарбуррии мардуми осоишта шаби якшанбе дар деҳаи Заминдовари вилояти ҷанубии Ҳилманд-истеҳкоми Толибон ба вуқӯъ пайвастааст.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд Довуд Аҳмадӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран қотилон бо ин куштори дастаҷамъӣ ҳадаф доштанд, фаъолонеро, ки ба шӯриш бар зидди ҷангҷӯён даъват мекарданд, хомӯш кунанд: “Ин 15 марду 2 зан ба хотири доштани робита бо ҳукумат кушта шудаанд. Душман метарсад, ки мардум бар зидди онҳо бархоста, талаб мекунанд, ки онҳо аз минтақа берун шаванд. Ба фикрам нақшаҳои ин мардум ошкор шуд.”

Ба гуфтаи Довуд Аҳмадӣ, то ҳанӯз масъулони куштор маълум нашудаанд. Баъзе хабаргузориҳо бо такя ба мансабдорони маҳаллӣ иброз доштаанд, ки сабаби куштор иштироки қурбониҳо дар як маҳфили мусиқӣ будааст ва масъулини ҳамла онҳоро барои ин амал муҷозот кардаанд.

Неъматулло Хон, раиси ноҳияи Мусо Қалъа, ки дар ҳамсоягии Заминдовар қарор дорад, мегӯяд, қурбониҳо як маҳфили мусиқӣ ташкил карда буданд ва ба гуфтаи яке аз сокинони деҳа, дар ин маҳфил занон дар назди мардон рақс мекардаанд.
Дар вилояти ҷанубии Ҳилманд Толибон фаъол мебошанд. Толибон борҳо бо он муттаҳам шудаанд, ки мардуми маҳаллиро бо айбномаи ҳамкорӣ бо артиши афғон ва нерӯҳои паймони НАТО сар аз тан ҷудо кардаанд.

Расонаҳо аз нақли як раҳбари қабилаи маҳаллӣ овардаанд, ки дар моҳи Рамазон ҷангҷӯён сари се сокини маҳаллиро аз тан ҷудо карда буданд. Ҳамчунон шаби якшанбе бар асари ҳамлаи дигар болои як посгоҳи артиши афғон дар Ҳилманд камаш даҳ сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамла дар минтақаи Вашир ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он чор сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сарнавишти панҷ сарбози дигари ин посгоҳ маълум нест.
Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Сарбозон бе ному нишон шудаанд ва баъзе мансабдорон тахмин мекунанд, ки онҳо бо Толибон забон як карда, дар татбиқи ҳамла ба ҷангҷӯён кӯмак расондаанд.

Рӯзи душанбе паймони НАТО ҳам дар бораи ҳамла болои сарбозонаш гузориш дод. Ба гуфтаи генерал Гюнтер Катс-сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, як сарбози афғон ду низомии паймони НАТО-ро ба қатл расонд, вале баъд сарбози афғон низ кушта шуд.

Ҳамин тариқ дар моҳи август камаш 12 нафар ва сар аз соли равон камаш 40 сарбози нерӯҳои байналмилалӣ аз тири сарбозони артиши афғон ва ё силоҳбадастони либоси низомиӣ ба тани афғон кушта шудаанд.

Масъулияти аксари ҳамлаҳоро Толибон бар дӯш гирифта, исрор меварзанд, ки пайравони онҳо дар сафҳои нерӯҳои зери раҳбарии паймони НАТО афзоиш ёфтаанд. Паймони НАТО тасдиқ мекунад, ки шояд сафарбаршавии пайравони Толибон ба артиш, сабаби афзоиши чунин ҳамлаҳо бошад, вале дар баробари он, нерӯҳои байналмилалӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки шароити бади хидмат ва равобити заиф миёни сарбозони НАТО ва артиши Афғонистон, сабабгори чунин ҳол бошад.
XS
SM
MD
LG