Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам мехоҳад, таронаҳояшро аз роҳзанон ҳимоят кунад


Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё
Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё

Овозхони саршиноси тоҷик Шабнами Сурайё мехоҳад, барои таронаҳояш ҳуқуқи муаллифӣ дарёфт ва онҳоро аз сирқат ҳимоят кунад.

Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё ба радиои «Озодӣ» гуфт, ӯ барои сабти таронаву клипҳояш маблағҳои зиёд харҷ мекунад, аммо онҳоро дар кӯчаву бозор бо сабтҳои хароб нашр мекунанд. Вай афзуд, аз ин хотир, ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат кардааст, то ин ҳақро барои ӯ қонунӣ кунанд: «Дигар иҷоза намедиҳам, ки сабту наворҳои маро «роҳзанона» (пиратӣ) нашр кунанд. Мехоҳам, ки ҳама сабту наворҳо бо муҷаввиз бошанд. Мехоҳам, ки сабтҳо зебову гуворо бошанд ва бо иҷозаи худам нашр шаванд. Студияҳо худсарона ба таври дуздӣ сабтҳои аудиоиву видеоии маро нашр мекунанд ва барои ман маълум нест, ки онҳо кай, бо кӣ созишнома баста, ин ҳуқуқро ба даст овардаанд.»

Шабнами Сурайё танҳо овозхони тоҷик нест, ки аз тиҷорати таронаҳояш дар кӯчаву бозорҳои Тоҷикистон шикоят мекунад. Дар суҳбат бо «Озодӣ» овозхонҳои маъруфи дигар, назири Зикруллоҳи Ҳаким, Баҳром Ғафурӣ, Садриддини Наҷмиддин, Валиҷон Азизов ва дигарон низ аз чунин вазъ изҳори нигаронӣ карданд.

Беҳрӯз Зеваров, сарвари ширкатҳои «JM» ва «Топ – медиа», ки бо реклому танзими фаъолияти бархе аз овозхонони тоҷик, аз ҷумла Ҷонибек Муродов, Баҳром Ғафурӣ ва дигарон сарукор доранд, мегӯяд, сабаби ба додгоҳ муроҷиат накардани овозхонон қабл аз ҳама давутози барзиёд ва гирифтани вакили дифоъ аст. Аммо аз нигоҳи Беҳрӯз Зеваров, тайи солҳои ахир вазъ то ҷое беҳбуд ёфтааст, масалан, ширкатҳои мобилӣ ҳуқуқи муаллифии овозхононро риоят мекунанд ва аз ин муомилаи мутамаддин ахириҳо фоида ҳам ба даст меоранд: «Умдатарин мушкиле, ки имрӯз гиребонгири тамоми овозхонони кишвар шудааст, пахшу паҳни, ба истилоҳ, «роҳзанона» - и сабту навори таронаҳо аст. Ин бозор аслан танзим намешавад. Таронаи овозхонро бидуни ҳеҷ як созишнома ҳатто як кӯдак дар бозор метавонад савдо кунад. Аз хеле ба ин сӯ ин мавзӯъ доғ шудааст ва ҳоло мақомоти масъулро ниҳоят мебояд, ки ба ҳалли ин мушкил таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунанд»

Дар тамос бо «Озодӣ» дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки тайи ду соли охир ҳеҷ яке аз овозхонҳои кишвар аз нақзи ҳуқуқи муаллифӣ шикоят наовардааст. Ин манбаъ мегӯяд, то овозхонон муроҷиат накунанд, мушкили онҳо ҳам таҳқиқ нахоҳад шуд.

Ҳуқуқи муаллифӣ дар Тоҷикистонро Қонуни «Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» танзим мекунад. Бар асоси моддаи 156 – и Кодекси ҷиноӣ ва моддаҳои 375,3 76, 377, 379, 380, 381 – и Кодекси маъмурии Тоҷикистон онҳое, ки ҳуқуқи муаллифиро, аз ҷумла дар соҳаҳои санъат ва мусиқӣ нақз кардаанд, ба ҷазо кашида мешаванд.

Аммо коршиносони соҳа мегӯянд, қонунгузорӣ то ба ҳол алайҳи нақзи ҳуқуқи муаллифии овозхонон ва дигар эҷодкорон фазои мусоидро фароҳам накардааст. Онҳо моддаи 156 – и Кодекси ҷиноиро мисол меоранд, ки то соли 2012 ҳадди зарари молиявиро 40 ҳазор сомонӣ муқаррар карда буд, яъне агар зарари молиявӣ аз ин ҳад кам бошад, парванда аз рӯи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мешавад. Ба қавли онҳо, аз моҳи июли соли 2012 ҳаҷми хисороти молиявӣ ба 20 ҳазор сомонӣ поён оварда шуд. Ҳамчунин ба истиснои додгоҳ, ин ҷаримаро метавонад комиссияи вижаи вазорати фарҳанг низ муайян кунад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки бо шаҳодатномаи худ ҳуқуқи муаллифро ба ин ё он асар ё ихтироъ қонунӣ мекунад. Нӯъмон Муқумов, сарвари шӯъбаи ҳуқуқи муаллифи вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ як овозхонро ҷарима накардааст ва ҳам шаҳодатномае, ки медиҳад, ҳуҷҷати ниҳоӣ нест: «Шаҳодатнома танҳо аввалияти асарро собит мекунад. Агар дар баҳс ҷониби дигар собит кунад, ки шаҳодатнома қалбакӣ аст ва ин асарро ман эҷод кардаам, он лағв ё бекор карда мешавад».

Аммо ба қавли масъулини вазорати фарҳанг, Шабнами Сурайё то ин, ки ба ин ё он таронааш ҳуқуқи муаллифӣ доштанашро собит кунад, бояд аз тамоми оҳангсозон ва таронанависон ҳуҷҷат пешниҳод кунад, ки онҳо даъвои муаллифӣ надоранд.

Шабнами Сурайё мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бо тамоми оҳангсозон ва таронанависоне, ки кор кардааст, машварат дорад, то ниҳоят ҳаққи муаллифиашро ба даст орад.
XS
SM
MD
LG