Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти Шабнаму Ҷонибек дар Екатеринбург лағв шуд


Бо сабабҳои фаннӣ консерти дуэти овозхонҳои маъруф дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки қарор буд рӯзи 26 май барпо шавад, лағв шуд.

Бо сабабҳои фаннӣ консерти овозхонҳои маъруфи попи тоҷик – Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов дар шаҳри Екатеринбург Русия лағв шуд. Ба ин тартиб, ин овозхонҳо дар рӯзҳои 22 ва 23 май дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург барномаҳои ҳунарии худро анҷом доданд. Ҷонибек Муродов, овозхони тоҷик дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 24 май ба радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби дар Екатеринбург лағв шудани консерт сирф фаннӣ аст ва ба мушкили ташкили он бастагӣ мегирад. Аммо консертҳои Маскав ва Санкт-Петербург, ба гуфтааш, дар сатҳи баланд гузашт. Вай гуфт, ки аз истиқболи гарму пуршӯру шавқи ҳамватанон дар ин ду шаҳр дар ҳайрат монд.

“Консерт дар Маскаву Санкт-Петербург хеле олӣ гузашт. Мардум хеле хуш шуданд. Бовар намекунед, дар консерти Маскав мардум қариб хӯрданд моро. Ду-се ҳазор мардум давоми дуюним соат хеле хушҳолӣ карданд. Дар Петербург ҳам 800-1000 нафар омада буд. Мардум рақс мекарданд, акс мебардоштанд. Мардум мисле ки маст шуд. Ин қадар ёд карда буданд мусиқии тоҷикиро. Агар касе ба ман мегуфт, бовар намекардам. Фикр намекардам, ки мардуми мо ин қадар гарм пазироӣ мекунанд, мисле дар саҳнаи Амрико ва ё Аврупо бошӣ. Ман милёнҳо бор ба ҳамаи ҳамватанон барои чунин истиқболи гарм миннатдорам”.

Ҷонибек Муродов гуфт, ки Шабнами Сурайё ҳам аз чунин истиқболи гарм хеле хушҳол шуд ва онҳо қарор карданд, ки дар оянда ҳамроҳ бештар чунин барномаҳои ҳунарӣ барпо кунанд. Дар ин консертҳо Шабнам ва Ҷонибек ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар дуэт таронаҳои маъруфу шинохтаи худро пешкаши ҳаводорон карданд. Пеш аз консертҳои Русия, Шабнаму Ҷонибек рӯзҳои 13 ва 15 май дар шаҳрҳои Калгарӣ ва Торонтои Канада бо даъвати ширкати “Даф интертейнмент” ҳунарнамоӣ карданд.

Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов аз овозхонҳои раддаи аввали саҳнаи попи тоҷик мебошанд, ки бештар бо шеваи замонавӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, ба фарқ аз ҳунармандони дигар, зиёд дар сафарҳои ҳунарӣ дар хориҷа консерт мегузоранд ва ҳарду ҳам соли 2009 барандаҳои ҷоизаи мӯътабари Big Apple Award шуданд. Таҷрибаи аввали ҳамкории ин ду овозхон дар фосилаи солҳои 2006-2009-ро дар бар мегирад. Дар ин муддат онҳо клипҳои маъруфи “Сабза ба ноз”, “Санамо” ва дигарҳоро дар хориҷа сабт ва ба бозор арза карданд. Баъди соли 2009 ин ҳунармандон дар алоҳидагӣ карераи мусиқии худро идома доданд. Аз ҷумла, соле пеш Ҷонибеки Мурод дар назди ширкати хонаводагии JM Production-и худ барномаи телевизионии интернетии “Шоми Душанбе”-ро ба роҳ монд. Ин барнома тафреҳӣ буда, аз муаррифии ҳунармандони маъруфи тоҷик ва таронаҳои онҳо, инчунин лаҳзаҳои гуворо бо ширкати зарофатгӯёнро дар бар мегирад.

Наврӯзи соли 2016 Шабнам ва Ҷонибек дар бораи ҳамоиши дигарбораи худ ба унвони як дуэти ҳунарӣ дарак доданд. Алорағми ҳадсу гумонзаниҳо дар бораи равобити наздики ин ду овозхон, ҳарду ҳамеша таъкид мекунанд, ки иртиботи онҳо бо ҳамкориҳои ҳунарӣ маҳдуд мешавад.

XS
SM
MD
LG