Маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” имсол барои бори аввал дар Аврупо, дар “Barclaycard Arena”-и шаҳри Ҳамбурги Олмон доир мешавад. Ин маросим рӯзи 12 сентябр баргузор хоҳад шуд ва имсол низ дар ин ҷашнвораи овозхонҳои Шарқ Тоҷикистонро чун дар соли гузашта се намояндаи як хонавода – хоҳарон Шабнами Сураёйву Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед – намояндагӣ мекунанд.
Ҷоизаҳои солонаи “Big Apple Music Awards 2015” аз соли 2004 ба ин сӯ 10 сол боз ба беҳтарин овозхонҳои асосан форсизабон дода мешавад, вале дар солҳои охир ба ин барнома овозхонҳо аз Қафқозу кишварҳои араб ва ҳатто аз Руминиву Булғористон роҳ ёфтаанд.
Нодӣ Рӯъё, мудири кулли ширкати “Daf Entertaintment” – масъули баргузории “Big Apple Music Awards 2015” – мегӯяд, имсол дар баробари Шабнаму Фарзонаву Фаридун аз Тоҷикистон, ҳамчунин Фарҳоди Дарё аз Афғонистон, Ҳомуну Комрон ва Борон аз овозхонҳои эронӣ, Холид, аз овозхонҳои араб ва Фарҳоди Базлӣ аз овозхонҳои курд низ дар ҷумлаи барандагони ҷоизаҳои ин барномаанд ва қарор аст, дар консерти рӯзи 12 сентябр дар Ҳамбург ширкат кунанд.
Нодӣ Рӯъё рӯзи 26 август дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” як тарҳи ғайритиҷорист, ки таблиғи фарҳангҳоро ба ҳадаф дорад.
Радиои Озодӣ: “Big Apple Music Awards 2015” аз айни маъракаҳои солҳои гузашта бо чӣ фарқ мекунад?
Нодир Рӯъё: “Big Apple Music Awards”, тавре медонед, 10 соли ахир ҳамеша дар Ню-Йорк баргузор мешуд. Имсол мо саъй кардем, ки асбобкашӣ кунем ва барномаро биорем ба Аврупо. Чунки ҳама мардуми хоҳишманд наметавонист ба Ню-Йорк рафта, барномаро тамошо кунанд. Баъд мушкили визаи Амрико барои ҳунармандони мо, фосила роҳ ва мушкилоти дигар сабаб шуд, ки мо ҷиҳати ба тамошобинони аслии мо, ки аз кишварҳои Шарқ мебошанд, наздик овардани ин барнома талош кунем. Қарор кардем, ки чанд соли оянда барнома дар Аврупо бимонад, то мардумоне ки дар гирду бағали мо ҳастанд, аз мамлакатҳои осиёӣ меоянд, ё аз кишварҳои Аврупо, роҳ ҳам барояшон наздиктар аст, битавонанд биоянд ва ҳунармандонеро, ки дӯст доранд, тамошо кунанд. Ва дар ниҳоят интихоб рӯи Ҳамбурги Олмон қарор гирифт.
Радиои Озодӣ: Ба консерти имсола кадом ситораҳои маъруф даъват шудаанд?
Нодир Рӯъё: Аз кадом мамлакат шурӯъ кунем? Аз Афғонистон – Фарҳоди Дарё, Шафиқи Бориз ва хонум Ориёно Саид. Аз Тоҷикистон – Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед. Аз Эрон Комрону Ҳумон ва хонум Борон бо мо хоҳанд буд ва ҳам Фарҳоди Базлӣ – ба намояндагӣ аз овозхонҳои курдзабон. Аз Шарқи Миёна, яъне аз мамолики арабӣ хонум Ифон аз Лубнон меоянд, хонум Аҳлом аз Имороти Араб, Муҳаммад Осаф аз Фаластин ва Холид, ки аз Алҷазоир аст, вале дар Фаронса ба сар мебарад. Баъдан ҳунарманде дорем бо номи Кости аз Руминия, Андреа аз Булғористон ва Файди аз Австралия. Оҳангсоз ва диҷейи маъруф Эдвард Майя аз Руминия низ бо мо мебошанд. Ноно ва Сона, ҳамчунин ҳунарманди маъруфи арманӣ Гаспариён нирз рӯзи 12 сентябр дар Ҳамбург барнома иҷро хоҳанд кард.
Радиои Озодӣ: Шеваи интихоби барандагони ҷоизаҳои солонаи “Big Apple Music Awards” чигуна аст? Мардум интихоб мекунанд ё афроди хосе?
Нодир Рӯъё: Мо аз тақрибан як соли пеш аз овозхонҳо дархост мегирем. Онҳо оҳангҳову видеоҳояшонро барои мо мефиристанд.Баъзе ҳунармандонеро, ки фикр мекунем, соҳиби шӯҳратанд, мо худамон даъват мекунем аз тариқи сомонаамон, ки ҳамроҳ шаванд. Як кумитаи “Big Apple Music Awards”, иборат аз оҳангсозону овозхонҳо ва навозандагони матраҳ аз миёни ҷамъи довталабон беҳтаринҳоро интихоб мекунад ва ин номҳоро ман дар сомона мегузорем, ки мардум овоз бидиҳанд. Ва дар охир як ҳалқаи кӯчактар аз 7-8 нафар ҳаст, ки аз байни инҳо аз рӯи шӯҳраташон ва аз рӯи корҳое, ки дар як соли гузашта карданд, аз рӯи албомҳое, ки вориди бозор карданд, аз рӯи инки иҷрои инҳову оҳангҳои инҳо чӣ қадар бинанда дошт дар Ютуб, рӯйхати ниҳоиро тартиб медиҳанд.
Мушкилоти мо, мардуми Шарқро шумо медонед, ки мо механизмҳое надорем мисли Аврупо ё Амрико, то дақиқ бидонем, ки як овозхон чӣ қадар албомашро ба фурӯш задааст. Мо, мутаассифона, надорем чунин механизмҳоро на дар Тоҷикистон, на дар Афғонистон ё дар дигар кишварҳои Шарқ. Маҷбурем рӯи шӯҳрати ин ё он овозхон ва коре, ки дар як соли гузашта кардааст, ҳисоб кунем. Омили дигар раъйи мардум дар сомонаи мост. Ҳамон ҳунарманде ки раъйи бештарро бурд, баранда мешавад. Мо маъмулан онҳоеро интихоб мекунем, ки дар ғайр аз кишвари худашон ҳам ба шӯҳрате расида бошанд.
Радиои Озодӣ: Аммо аз Тоҷикистон ду сол боз Шабнаму Фарзона ва Фаридун даъват мешаванд ба “Big Apple Music Awards”. Далели ин чӣ аст? Магар ҳунармандони дигар аз Тоҷикистон ба ин барнома алоқа нишон намедиҳанд ё кадом чизи дигар?
Нодир Рӯъё: Мушкил аз худи Тоҷикистон ҳам ҳаст. Шумо медонед, ки Шабнами Сурайё аз замоне ки ба кори худ дар саҳна шӯрӯъ кардааст, хушбахтона бигӯям ё мутаассифона, рақибе надорад. Ҳеҷ хонуми дигаре баробари Шабнам заҳмат накашида, кор накарда ва берун аз мамлакат чунин шӯҳрат надорад. Шабнам аз Тоҷикистон ягона хонумест, ки берун аз Тоҷикистон, дар кулли дунё, дар кулли қораҳо рафта, консертҳо додааст. Ва вақте ки як хонуми дигар дар муқобили Шабнам довталаб мешавад, шумо мебинед, ки Шабнам чӣ қадар фаъолиятҳо доштааст ва ин хонуми тозакор – чӣ қадар?
Фаридуни Хуршед ба унвони як ҷавони тозакор интихоб шуд, чун дар ҳамин ду соли охир бо вуҷуди ин ки тоза ба саҳнаи Тоҷикистон омадааст, корҳои бисёр хубу барозандае аз худ ба бозор додааст.
Радиои Озодӣ: Ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” бештар рамзианд?
Нодир Рӯъё: Бале, ин тарҳ тиҷоратӣ нест, балки фарҳангист ва таблиғи арзишҳои ҳунариву фарҳангии мардумони Шарқро дунбол мекунад. Мо дар як сол ҳамагӣ як консерт мегузорем, ки ҳатто харҷи даъвати овозхонҳоеро, ки мехоҳем, пурра пӯшонда наметавонад. Мо аз ин барнома, мутаассифона, даромади пулӣ надорем. Мутаассифона, дар пушти мо кадом ширкатҳои бузургу сармоядор нестанд, ки харҷи ин консертҳоро талофӣ кунанд. Ин як тарҳи сирф фарҳангист ва ҷоизаҳояш низ ба ин далел рамзист. Як ҳадафи мо аз ҷумла ин аст, ки овозхонҳоеро, ки берун аз кишварашон намешиносанд, берун биорем ва ба тамошобинон аз кишварҳои дигар бишиносонем.
Радиои Озодӣ: Нархи билети консерти рӯзи 12 сентябр дар Ҳамбург чӣ қадар аст?
Нодир Рӯъё: Қимати билетҳо - 35, 50, 65 ва гаронтаринаш – 80 евро.